Пайвандҳои дастрасӣ

“Ҷаҳони варзиш”: Соли роҳхатҳои олимпӣ


Расул Боқиев, паҳлавони тоҷик

Расул Боқиев, паҳлавони тоҷик

Дар ҷаласаи маҷмаъи умумии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, фаъолияти Кумита дар солҳои 2009-2010 баррасӣ гашт ва нақшаи дурнамои рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2011 -2012 тасдиқ шуд.

Баҳруллоҳ Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар атрофи ин мавзӯъ гуфт: “Дар соли 2011-ум варзишгарони тоҷик барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон талош хоҳанд кард. Мо умедворем, ки варзишгарони кишвар дар риштаҳои бокс, варзиши сабук, дзю-до, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ ва тирандозӣ соҳиби роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Бахусус, аз варзишгарони маъруф гурзандоз Дилшод Назаров, гуштигирон Юсуф Абдусаломов ва Расул Боқиев, муштзанҳо Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, тирандоз Сергей Бабиков натоиҷи баландро чашмдорем”.

Ибодуллоҳ Қурбонов, раиси Ассотсиатсияи намудҳои варзиши зимистонаи Тоҷикистон,дар бораи фаъолияти ин созмони тозатаъсис дар сӯҳбат бо РО гуфт: ”Ассотсиатсияи мо, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудааст, аз моҳи феврали соли 2010-ум фаъолият дорад. Чанд рӯз пеш созмони мо ба узвияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пазируфта шуд. Дар айни ҳол ассотсиатсия танҳо як навъи варзиши зимистона – лижаронии кӯҳиро роҳандозӣ мекунад. Дар оянда мо нақша
дорем, ки намудҳои дигари зимистона, ба мисли сноуборд, биатлон ва чанарониро ба роҳ монем. Варзишгарони мо феълан дар урдугоҳи Сафеддараи Такоб тамрин мекунанд. Вале дар ин ҷо шароит мувофиқи талаб нест. Мо, бахусус, аз камбуди барқ танқисӣ мекашем. Вале ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, варзишгарони мо имсол дар Бозиҳои зимистонаи осиёӣ дар Қазоқистон иштирок карданд. Дар ҳамин ҳол се нафар дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни наврасон, ки дар Кореяи Ҷанубӣ ҷараён дорад, ширкат меварзанд”
.

Ахбори варзишӣ

Хушбахт Қурбонмаҳмадов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи умумирусиягии дзю-до барои гиромидошти хотираи қаҳрамони ҷаҳон Юрий Соколов дар шаҳри Санкт-Петербург соҳиби медали биринҷӣ гардид. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 60 кг дар даври аввал мағлуб шуд, вале баъдан дар се қувваозмоӣ бар рақибонаш ғолиб омад ва мақоми севумро касб кард.

Дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Узбакистон дар шаҳри Тошканд чаҳор медали тилло гирифт. Ба иттилои Дилшод Назаров, раиси Федеросиюни варзиши сабуки Тоҷикистон, Даврон Атобоев дар давидан ба масофаҳои 60 ва 200 метр ду медали тилло ба даст овард. Зоир Шералиев дар гурзандозӣ байни наврасон ғолиб шуд. Дар ин намуд Алишер Эшбеков миёни бузургсолон ҷои аввалро ишғол кард.

Ба гуфтаи Дилшод Назаров варзишгарони тоҷик рӯзҳои 5-уму 6-уми март дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оид ба 12 навъи варзишҳои майдонӣ баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қитъавӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ байни наврасон дар Куриёи Ҷанубӣ ширкат доранд. Ба иттилои Ибодулло Қурбонов, раиси Созмони намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон, ба ҳайати даста се варзишгар - Ҷовиди Киромиддин, Соҳибназари Турсунмурод ва Иззатулло Саидов шомиланд. Мусобиқа то рӯзи 9-уми март идома хоҳад кард.

Тими футболи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар айни ҳол дар Туркия тамрин мекунад, дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти
қаҳрамонии кишвар ва Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар шаҳри Анталия бо тимҳои хориҷӣ якчанд бозии санҷишӣ анҷом хоҳад дод. Рақибони “Истиқлол” дар Ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё 14-уми март бар асоси қуръакашӣ муайян хоҳанд шуд. Ба ғайр аз “Истиқлол” дар ин мусобиқа зӯртарин бошгоҳҳои футболи 11 кишвар ширкат хоҳанд кард. Дар марҳилаи муқаддамотӣ, ки моҳи май барпо мегардад, 12 даста ба се гурӯҳ тақсим мешавад ва аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба сабқати ниҳоӣ роҳ меёбад.

Бозиҳои ҷавобии сабқати интихобии Олимпиадаи Лондон-2012 дар минтақаи Осиё 9-уми март баргузор хоҳанд шуд. Бозии дуввуми дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Умон дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода барпо мегардад. Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал дар шаҳри Маскат футболбозони ҷавони тоҷик аз тими мизбон – Умон бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрда буданд. Барои ба даври баъдӣ роҳхат гирифтан ба тими Тоҷикистон зарур аст, ки се голи беҷавоб занад

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG