Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози Олимпиадаи зимистона дар Ванкувер


Барномаи навбатии маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Ванкувери Канада бахшида шудааст.

Ба барномаи Олимпиадаи Ванкувер, ки аз 12-ум то 28-уми феврал баргузор мешавад, 15 навъи варзиш, ба монанди лижаронии кӯҳӣ, биатлон, бобслей, хоккей, рақси рӯи ях, конкитозӣ ва ғайра шомиланд. Маросими кушоиши ботантанаи Бозиҳо 12-уми феврал дар варзишгоҳи «Би-Си Плэйс» баргузор мешавад. Ширкаткунандагони Бозиҳои зимистонаи олимпии Ванкувер барои ба даст овардани 86 маҷмӯи медалҳо талош хоҳанд кард.

Дар ин Бозиҳо ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули 6 нафар, аз ҷумла ду варзишгар, ширкат меварзад. Варзишгари пуртаҷриба Андрей Дригини 32-сола барои бори савум аст, ки дар Бозиҳои олимпии зимистона Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Вай дар сабқати лижаронии кӯҳӣ, ки 13-уми феврал шурӯъ мешавад, ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Вале лижарони ҷавони тоҷик Алишер Қудратови 24-сола дар Олимпиадаи Ванкувер ба ҳайси таҷрибаомӯз ширкат меварзад.

Ба ҳайати варзишии Тоҷикистон, инчунин, Ширинҷон Мамадсафоев, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли ин кумита, Муҳаммадшо Абдуллоев, сардори шӯъбаи байнулмилалии КМО ва Олег Провоторов, мураббии Андрей Дригин, шомиланд.

Ба иттилоъи Муҳаммадшо Абдуллоев пеш аз оғози кушоиши Бозиҳо дар деҳаи олимпӣ маросими барафрохтани Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин маросим ҳайати варзишии Тоҷикистон таҳти раҳбарии ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар Ширинҷон Мамадсафоев ва мизбонон ширкат доштанд. Парчами Тоҷикистонро лижарон Алишер Қудратов барафрохт. Зимнан, ӯ дар маросими кушоиши ботантанаи Бозиҳо парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Бояд тазаккур дод, варзишгарони тоҷик барои севвумин бор аст, ки дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ танҳо дар як ришта – лижаронии кӯҳӣ ширкат меварзанд. Пеш аз Олимпиадаи Ванкувер Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2002 дар Солт-Лейк-Ситии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва соли 2006 дар Турини Итолиё ширкат кардааст.

Дар ин барнома, инчунин дар бораи омодагии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё, ки аз 16-ум то 27-уми феврал дар пойтахти Шри-Ланка - шаҳри Коломбо баргузор мешавад, нақл мекунем.

Пӯлод Қодиров, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар доираи омодагиҳо ба ин мусобиқот ҷамъомади таълимию тамринии дастаи мунтахаби кишвар дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа ҷараён дорад. Дастаи мунтахаби кишвар 14-уми феврал озими Шри-Ланка хоҳад шуд. Ба иттилоъи ҷаноби Қодиров ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 20 футболбоз шомиланд. 8 нафари онҳо - дарвозабон Алишер Додов, ҳимоятгарон Фаррух Чориев, Даврон Эргашев, Наим Носиров, нимҳимоятгарон Хуршед Маҳмудов, Иброҳим Рабимов ва ҳамлагарон Давронҷон Тухтасунов ва Комил Саидов аз дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода мебошанд. 7 нафари дигар - ҳимоятгарон Эраҷ Раҷабов, Руслан Таваккалов, Соҳиб Сувонқулов, нимҳимоятгарон Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Алишер Улмасов ва ҳамлагар Юсуф Рабиев аз дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, 3 нафари дигар ҳимоятгар Асадулло Нуруллоев, ҳамлагарон Ҷомихон Муҳиддинов ва Нӯъмон Ҳакимов аз тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ҳимоятгар Исомиддин Қурбонов аз дастаи «Энергетик»-и Душанбе ва легионер Алишер Тӯйчиев, дарвозабони бошгоҳи «Металлург»-и Бекободи Узбакистон мебошанд.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати AФK дар пойтахти Шри-Ланка - шаҳри Коломбо мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» 16-уми феврал бо дастаи миллии Бангладеш, 18-уми феврал бо тими Мянмар ва 20-уми феврал бо дастаи мизбон - Шри-Ланка қувваозмоӣ хоҳад кард.

Ба гурӯҳи «В» тимҳои мунтахаби Ҳиндустон, Куриёи Шимолӣ, Қирғизистон ва Туркманистон шомиланд. Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Барандаи Ҷоми даъвати AFC ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат мегирад. Вале дар мавриди пирӯзии Ҳиндустон, дастае, ки ҷои дуввумро касб мекунад, соҳиби роҳхат ба мусобиқоти навбатии қаҳрамонии футболи Осиё хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар ин барнома сӯҳбате дорем бо собиқ қаҳрамони шатранҷи Тоҷикистон Саодат Одинаева, мураббии мактаби шоҳмоти шаҳри Душанбе.

XS
SM
MD
LG