Пайвандҳои дастрасӣ

Санта Клаус сайёҳонро ба Қирғизистон меорад


Қирғиз мегӯянд, Санта Клаус дар кишвари онҳо зиндагӣ кардааст. Русияву Қазоқистон, Эрону Ҳиндустон ва Санта Клаусҳои аврупоӣ ба ин фикр розиянд.

Аз 23 то 26 феврали соли равон дар шаҳри Бишкек фестивали якуми байналмилалии зимистона таҳти унвони «Қирғизистон - макони Санта Клаус» баргузор гардид. Гуфта мешавад, ки ин фестивал бо ибтикори Оҷонси давлатӣ дар умури сайёҳии назди ҳукумати Қирғизистон раҳандозӣ шуд.

Дар рӯзҳои фестивал даҳҳо нафар либосҳои Бобои барфӣ ба бар дар майдони марказии шаҳр гаштугузор мекарданд. Ҳамчунин, дар Бишкек пойдевори бинои маъмурии Аёс Ота ё Бобои барфӣ гузошта шуд.

Гуфта мешавад, ки парлумони Қирғизистон қонунеро ба тасвиб хоҳад расонд, ки дар қаламрави ин кишвар ба сар бурдани симои афсонавии Бобои барфӣ мавриди эътирофи дигарон қарор низ гирад. Гузашта аз ин, ба таври расмӣ яке аз қуллаҳои кӯҳи Қирғизистон ба номи «Санта Клаус» номгузорӣ хоҳад шуд.

Турусбек Мамашев - раиси оҷонси давлатӣ дар умури туризми Қирғизистон мегӯяд, макони Санта Клаус ё Бобои барфӣ будани Қирғизистонро таърихномае тасдиқ мекунад, ки аз насл ба насл гузаштааст. Ба гуфтаи оқои Мамашев, шикорчиёни зиёд дар қуллаҳои кӯҳи Тиёншон муйсафедонро дар либос ва кулоҳи сурх дидаанд, ки бо суръат аз як қулла ба қуллаи дигари кӯҳ меҷаҳанд. Турусбек Мамашев мегӯяд, моҳи сентябри соли равон конгресси байналмилалии Санта Клаусҳо дар Бишкек баргузор хоҳад шуд. Вай меафзояд, ки ин конгресс дар биное ба вуқӯъ хоҳад пайваст, ки дар рӯзҳои фестивал тарҳрезӣ ва пойдевораш бардошта шуд.

Ба таъкиди раиси оҷонси туризми Қирғизистон кишвараш барои рушди сайёҳӣ ва афзоиши мавҷи сайёҳон ҷиддан омодагӣ мегирад. Ба гуфтаи Турусбек Мамашов фақат тобистони соли гузашта дар ҳудуди як миллион сайёҳон аз Қирғизистон дидан карданд ва дар соҳили Иссиқкӯл ва фароғатгоҳҳои дигари кишвараш истироҳат намуданд.

Ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон кишвари онҳо воқеан макони Санта Клаус аст ва дар ин маврид бо онҳо Русияву Қазоқистон, Эрону Ҳиндустон, ҳамчунин Иттиҳодияи аврупоии Санта Клаусҳо ҳамфикранд. Дар рӯзҳои фестивали Бишкек вакилони ин кишварҳо низ ширкат карданд.

Юрий Плеханов - раиси кумитаи сайёҳии вилояти Вологодски Русия мегӯяд, Бобои барфӣ рамзи олимпиадаи зимистона дар Сочи муаррифӣ шудааст. Вай афзуд, тасмими мақомоти Қирғизистон дар мавриди он ки ин кишвар макони симои афсонавии Санта Клаус мебошад, тасмими оқилона аст, зеро мавҷудияти теъдоди ҳар чи бештари чунин симоҳои афсонавӣ аз рақобат дида рафоқатро бедор мекунад.

Ба гуфтаи мақомот, аз роҳи баргузор намудани фестивали байналмилалии Санта Клаус онҳо ба рушди туризми зимистона низ ноил шуданианд. Гуфта мешавад, зеро тобистони ҳар сол ба Қирғизистон сайёҳони зиёди хориҷӣ меоянд.

Мақомот мегӯянд, ки буҷаи кумитаи туризми кишварашон соли равон аз 145 ҳазор доллари амрикоӣ то ба як миллион доллар боло рафт.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG