Пайвандҳои дастрасӣ

Аз 30-юми январ то 6-уми феврал дар шаҳрҳои Остона ва Алматии Қазоқистон Бозиҳои VII зимистонаи осиёӣ баргузор мешаванд.

Дар ин бозиҳо варзишгарони беш аз 20 кишвари қора ширкат варзида, аз рӯи 11 навъи варзиш – хоккей бо тӯб, биатлон, рақси рӯи ях, хоккей, шорт-трек, конкитозӣ, фристайл, лижаронии кӯҳӣ ва дигар навъҳои лижаронӣ рақобат хоҳанд кард. Варзишгарон барои ба даст овардани 69 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.

Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистонро дар Бозиҳои VII зимистонаи осиёӣ Алишер Қудратов ва Абдуғаффор Шарифов дар риштаи лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ хоҳанд кард. Ҳарду шогирдони мактаби махсуси варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба навъҳои зимистонаи варзиш мебошанд.

Вале ҷаноби Абдуллоев аз он изҳори нигаронӣ кард, шароити номусоиди ягона урдугоҳи лижаронии Сафедорак, ки дар 60-километрии шимоли пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст, ба варзишгарони тоҷик имкон надод ба ин бозиҳо омодагии хуб бубинанд. Вай афзуд: «Хеле дер ва кам боридани барф дар урдугоҳи Сафедорак барои омодагии хуби варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои VII зимистонаи осиёӣ монеъаҳои зиёд эҷод кард. Бо вуҷуди ин умедворем варзишгарони мо, хусусан, Алишер Қудратов, ки соли 2010-ум дар Олимпиадаи зимистона дар Ванкувери Канада ба ҳайси таҷрибаомӯз ширкат варзида буд, дар Бозиҳои VII зимистонаи осиёӣ дар Қазоқистон бомуваффақият ҳунарнамоӣ мекунад. Воқеъан, дар Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ Тоҷикистонро танҳо як варзишгар Андрей Дригин намояндагӣ карда буд. Ӯ, ки дар шаҳри Красноярски Русия ба сар мебарад, шаҳрвандии Тоҷикистонро пазируфтааст ».

Паркур – шуғли дӯстдоштаи ҷавонон

Паркур. Ин калимаи фаронсавӣ, ки маънояш убур кардан аз монеъаҳост, пас аз намоиши филмҳои «Ямакаси» ва «Маҳаллаи 13-ум» миёни ҷавонони бисёр кишварҳои олам маъруфият пайдо кардааст. Одамонеро, ки бо паркур машғуланд, трэйсер меноманд. Маънояш одамест, ки роҳҳои нав мекушояд. Паркур ҳамчуни намуди муосир аслан соли 1987 таъсис ёфтааст. Асосгузори он Дэвид Беллии фаронсавӣ мебошад. Ӯ соли 1973 дар шаҳраки Феками Нормандия таваллуд шудааст. То 14-солагӣ ӯро бобояш, ки сержанти калони қӯшунҳои оташнишонӣ буд, тарбия кардааст. Падари Дэвид Раймонд Бэлл низ дар қӯшунҳои оташнишонии Париж хизмат мекард ва варзишгари барҷаста буд. Соли 1993 Дэвид ба хизмат дар гурӯҳи низомии оташнишонӣ шурӯъ кард ва дар ин ҷо имкон пайдо намуд, ки қувваи ҷисмониашро нишон дода, ҳунарашро такмил бидиҳад.

Вай соли 1997 тими «Ямакаси»-ро таъсис дод, ки дар бораи он Люк Бессон соли 2001-ум филми ҳамномро ба навор гирифт. Ин филм ба оғози рушди паркур дар ҷаҳон асос гузошт. Коргардони филм аз Дэвид Белл хоҳиш кард, ки дар ин филм нақш бозад, вале ӯ даст кашид. Зеро, ба андешаи Дэвид Белл сенарияи филм ба ғояҳои фалсафии паркур созгор нест. Дар ин филм маҳорату малакаи паркур барои ғоратгарӣ истифода мешавад. Аммо соли 2004-ум Дэвид Белл дар филми дигар бо номи «Маҳаллаи 13-ум» нақши асосиро бозид.

Шоёни таваҷҷӯҳ аст, шаҳри Лисс, ки дар он ҷо аксари саҳнаҳои ин филм ба навор гирифта шудааст, хусусияти меъмории худро дорад. Биноҳои на чандон баланд ва кӯчаҳои танг имкон медиҳанд, ки бо истифода аз техникаи пурсамари ҷаҳидан аз болои бомҳо дар шаҳр ҳаракат намоӣ. Ва маҳз дар ҳамин шаҳр паркур тавлид шудааст. Ҳоло паркур дар бисёр кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби иттиҳодияҳо ва афроди хусусӣ рушд мекунад. Моҳияти паркур ин ҳаракат ва убур кардани монеъаҳои мухталиф, ба мисли перила ё нарда, бому деворҳо ва ғайра мебошад. Инчунин, дар мавриди баргузории мусобиқот сохтмонҳои махсус истифода мешаванд.
Солҳои ахир иддае аз ҷавонони тоҷик низ ба паркур мароқ зоҳир мекунанд. Таваҷҷӯҳи моро як гурӯҳ ҷавононе, ки дар яке аз гӯшаҳои шаҳри Душанбе, дар бинои сохтмонаш нотамом бо паркур машғул буданд, ба худ кашид. Онҳо дар убур кардани монеъаҳои зиёд чусту чолокӣ ва ҷасорату ҳунари воло нишон медоданд.

Баҳром Дадабоев, ки дар омӯзишгоҳи алоқаи Душанбе таҳсил мекунад, ба радиои Озодӣ гуфт: «Ман ҳамроҳи дӯстонам Далер ва Исмоил муддати як сол аст, ки ба паркур машғулем. Мо ба ин навъи ҳаракат пас аз тамошои филмҳои «Ямакаси» ва «Маҳаллаи 13-ум» шавқу рағбат пайдо кардем. Дар куҷое, ки пеш омад, монеаъҳоро бе тарсу ҳарос убур мекунем. Се бор дастонам сахт лат хӯрданд. Вале ман аз ин ноумед нашудам ва пайваста машқ мекунам. Мехоҳам, ки дар оянда оташнишон шавам».

Ҳамсӯҳбати дигари мо, ки худро Саша муаррифӣ кард, мегӯяд: «Ман бо паркур се сол аст, ки машғулам. Мо дастаи худро дорем, ки ПКЭйр ном дорад. Ман дар Донишкадаи варзиш таҳсил мекунам. Дар донишкада гимнастикаи варзиширо меомӯзам. Ин ба ман имкон медиҳад, ки дар паркур маҳорати худро такмил бидиҳам. Мо, аслан, дар кӯча машқ мекунем. Чандин бор пойҳоям лат хӯрдаанд, вале бо вуҷуди ин паркур ба ман хеле маъқул аст ва аз он дил канда наметавонам. Ин намуд, хусусан, барои кормандони оташнишонӣ зарур аст. Ман ҳам шояд дар оянда сӯхторнишон шавам ва одамонро наҷот бидиҳам».

Павел Куданкин, сокини Душанбе, мегӯяд, ду сол боз бо паркур машғул аст: «Аввал худам танҳо, аз рӯи филмҳои дидаам, машқ мекардам, Вақте ки ба худ боварӣ ҳосил намудам, ба тими ПКЭйр шомил шудам. Мо ҳаррӯз 3-4 соат машқ мекунем. Баъзан дар толори варзишӣ бо акробатика машғул мешавем. Ман ҳамеша аз хона то мактаб 3 километр роҳро пиёда тай мекунам. На бо роҳи рост ҳаракат мекунам, балки монеаъҳоро убур менамоям. Албатта ба мо мардум ҳар хел назар мекунанд. Баъзеҳоро ҳунари мо тасхир месозад. Вале иддае аз одамон, бахусус пиронсолон, моро авбош мепиндоранд. Охир, мо ба касе зиён намерасонем ва чизеро вайрон намекунем. Мо тезҳаракат ҳастем. Ба ҷои як-ду зина якбора даҳ зина поён меҷаҳем. Ба наврасону ҷавонон гуфтаниам, ки тарзи ҳаёти солимро пеш бигиранд, агар ба паркур шавқ надошта бошанд, ба ягон навъи варзиш машғул шуда, рӯҳия ва қувваи худро нигаҳ доранд».

Ба ин тартиб паркур дар Тоҷикистон ба мисли Фаронса, ки дар онҷо навъи миллии варзиш ҳисобида мешавад, маъруфият пайдо накардааст. Аммо якчанд дастае, ки феълан дар шаҳри Душанбе амал мекунад, барои рушди минбаъдаи паркур дар кишвар мусоидат хоҳад кард.

Хабарҳои тозаи варзишӣ

Дар ин барнома, ҳамчунин, ба шунавандагон хабарҳои тозаи варзишӣ пешкаш мешавад.

Тими футболи «Интер»-и Боку, қаҳрамони Озарбойҷон, барандаи Ҷоми Иттиҳоди Кишварҳои Ҳамсуд-2011 гардид. «Интер» дар бозии ниҳоӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бар тими «Шахтёр»-и Беларус аз рӯи пенолти бо ҳисоби 6:5 пирӯз шуд. Замони асосӣ ва изофии ин дидор бидуни гол хотима ёфт. Футболбозони «Интер», ки зарбаҳои 11-метраро бехато ба ҳадаф расонданд, ғолиб шуданд.

Тими футболи «Зенит»-и Санкт-Петербург, қаҳрамони Русия, Ҷоми Дубайро соҳиб шуд. «Зенит» дар бозии ниҳоӣ дар Аморати Муттаҳидаи Араб бар тими «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саъудӣ бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Дастаи «Жасмин»-и Словакия барои ҷои саввум тими «Персеполис»-и Эронро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Федеросиюни байналмилалии дзю-до рейтинг ё феҳристи беҳтарин дзюдочиёни ҷаҳонро дар ҳамаи вазнҳо нашр кард. Ба ин феҳрист, инчунин, номи 15 паҳлавони тоҷик дохил шудааст. Миёни онҳо Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин, натиҷаи нисбатан беҳтар дорад. Вай дар вазни то 73 килограмм дар байни 293 нафар дар ҷои 30-юм қарор гирифтааст. Дар ин вазн Ван Ки Чун, аз Куриёи Ҷанубӣ дар ҷои аввал, Хироюки Акимотои ҷопонӣ дар ҷои дуввум ва Мансур Исоеви русиягӣ дар ҷои саввум мебошанд.

Ва хабари охирин барои алоқамандони футболи тоҷик. Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Эрон чаҳор бозии санҷишӣ анҷом дод. Футболбозони тоҷик дар се бозии дӯстона аз тимҳои «Пос»-и Ҳамадон ва «Мес»-и Рафсанҷон бо натиҷаи якхелаи 0:2 ва аз тими «Тарбиат»-и Язд бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, дар бозии чаҳорум бар тими мунтахаби хабарнигорони Эрон бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуданд. Ба иттилоъи Тоҳир Мӯъминов, сармураббии дастаи «Хайр», футболбозони тоҷик дар Эрон то 7-уми феврал тамрин мекунанд ва бозии охирини контролиро бо тими «Сипоҳон»-и Исфаҳон, қаҳрамони футболи Эрон дар соли 2009-ум, анҷом хоҳанд дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG