Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

навшуда

Тоҷикистон ва Қирғизистон "протоколи ниҳоӣ" имзо кардаанд. Муҳтавояш норӯшан аст

Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев
Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев

Раисони КДАМ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон баъд аз изҳороти баҳсбарангези Қамчибек Тошиев дар бораи сарҳад гуфтугӯ ва бино ба баъзе аз хабарҳо ба як санади ниҳоии ҳалли мушкилоти марзӣ имзо кардаанд. Мулоқот рӯзи 2-юми октябр дар ҳудуди вилояти Бодканд гузашт.

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар изҳороти матбуотӣ гуфт, ки ду тараф протоколи рақами 44-ро имзо карданд. “Иҷрои ин протокол ҳама гуна масъала, ҳама мушкилотеро, ки пештар сабаби низоъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон буданд, ҳал мекунад. Бо тамоми масъулият эълон медорам, ки имзо ва иҷрои протокол иродаи раҳбарони ҳар ду ҷумҳурӣ аст,” – афзуд ӯ.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, низ имзои санадро роҳе барои ҳалли мушкили марзӣ номид. Вай гуфт: “Ин протокол асос мешавад, ки ҳама гуна масъалаи марзиро ҳал кунем. Худо хоҳад, ба зудӣ қарори ниҳоиро дар бораи ниҳоӣ кардани таъйини кулли сарҳади давлатӣ қабул мекунем.”

Ду тараф шарти худро барои ҳалли баҳсҳои марзӣ, ки тайи ду соли охир сабаби муноқишаи мусаллаҳона ва кушта шудани даҳҳо нафар гардид, нагуфтаанд.

Аммо Нурғозӣ Анорқулов, рӯзноманигори наздик ба Қамчибек Тошиев, рӯзи дувуми октябр дар Фейсбук навишт, ки “Тоҷикистон аз даъвоҳои ҳудудии худ даст кашид”. Ин талабе буд, ки пештар раиси КДАМ-и Қирғизистон ба миён гузошта буд. Девони вазирони Қирғизистон баргузории мулоқотро тасдиқ карда, дар бораи даст кашидан аз даъвоҳои марзӣ чизе нагуфтааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳукумати вилояти Суғд дар бораи гуфтугӯйи раисони ниҳодҳои амнияти давлатӣ Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ва имзои як санад хабар дода, аммо ҷузъиёти санадро шарҳ надоданд.

Мақомоти Тоҷикистон танҳо эълон карданд, ки ду ҷониб ҳаллу фасли баҳси минтақаҳои боқимондаи сарҳадро муҳим шумурда, “ба аъзои гурӯҳҳои корӣ дастурҳои мушаххас доданд”.

“Гурӯҳҳои кории топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон корҳоро барои тартиб додани нақшаи лоиҳаи хатти марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қисматии боқимондаи сарҳади давлатӣ идома медиҳанд,” -- афзудааст ҳукумати вилояти Суғд. Девони Қирғизистон ба ин монанд изҳорот дод.

Радиои Озодӣ тавассути манобеяш кӯшиш дорад, ки тафсилоти мулоқотро ба даст биёрад.

Пештар як манбаи наздик ба ин гуфтугӯҳо аз тарафи Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки тарафҳо як ҳалли ниҳоиро омода кардаанд, ки тақсими баробари қаламравҳои баҳснокро дар назар дорад. Ба гуфтаи ин манбаъ раиси КДАМ-и Қирғизистон ба ин роҳи ҳал зид буд ва биноан дар рӯзҳои дидори президентҳои ду кишвар дар Душанбе як баёнияи пурсарусадо пахш кард.

Қамчибек Тошиев он вақт аз ёфт шудани ҳуҷҷатҳои нав дар мавриди марз хабар дода буд. Вай рӯзи 15-уми сентябри имсол дар Бодканд гуфт, “агар Тоҷикистон аз даъвои қаламрав даст накашад, мо ҳам санадҳоро пешниҳод мекунем. Барои ин нерӯ ва имкони кофӣ дорем."

Сипас Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ин ҳарфҳо эътироз кард ва гуфт, ки чунин суханҳо метавонад ба раванди муайян кардани сарҳад ва "эътимоди тарафҳо зарари ҷиддӣ расонад". Вазорат ба хабарҳои нав дар мавриди гуё даст кашидани Тоҷикистон аз даъвоҳои ҳудудӣ ҳанӯз вокуниш накардааст.

Зимнан, аз аввали имсол тарафҳо бо ҳам мувофиқа карда буданд, ки дар бораи шароити ҳалли баҳси марзӣ бо матбуот суҳбат ва ҳеч гуна изҳорот пахш намекунанд. Тарафи Тоҷикистон, ки пештар ҳам дар ин бора маълумоте нашр намекард, ҳамин роҳро идома дод, аммо тарафи Қирғизистон борҳо маълумоте нашр намуд, ки ба манфиати худаш аст.

Аз тақрибан ҳазор километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон беш аз сесад километри он дақиқу нишонагузорӣ нашудааст. Баҳс ҳам бар сари обу чарогоҳ ва заминҳоест, ки ду тараф худро соҳиби он меҳисобанд.

Дар даргириҳои марзие, ки дар моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 рух дода, аз ду тараф даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Дар даргирии ахир Қирғизистон аз паҳпод ё ҳавопаймоҳои беодами "Байрақдор"-и сохти Туркия ва Тоҷикистон аз силоҳи вазнин истифода карданд. Баъд аз талафоти ҷонӣ тарафҳо борҳо изҳор доштанд, ки мушкили марзро бо роҳи осоишта ҳал хоҳанд кард.

"Чаро дастони маро бастед?" Идомаи шикояти муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО

Акс аз наворҳои фиристодаи муҳоҷирон
Акс аз наворҳои фиристодаи муҳоҷирон

Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Перми Русия гуфтанд, маъмурони пулис рӯзи 29-уми сентябр онҳоро дар бозори мева латукӯб ва таҳқир кардаанд. Шикоятҳои ба ин монанд аз Маскав ҳам расид. Мақомот вазъиятро шарҳ надодаанд.

Ба гуфтаи яке аз муҳоҷирони шоҳиди ҳодиса, маъмурони пулис рӯзи 29-уми сентябр ва баъд аз намози ҷумъа ба ҷойи корашон ба бозори мева даромада, чанд нафарро боздошт ва латукӯб карданд.

Дар наворе, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, се маъмури милиса бо либосҳои вижа муҳоҷиронро ба замин хобондаанд. Дар навор садои электрошокер ҳам шунида мешавад. Муҳоҷирон аз тарси боздошт нашудан, ҳодисаро то охир сабт накардаанд.

Муаллифи навор ба шарти фош нашудани ном ба Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми октябр гуфт, “муҳоҷиронро бо мошинҳо савор карда, нимашонро дар ҷангал фароварда, таҳқир карданд. Онҳое, ки хостанд ҳодисаро ба навор гиранд, латукӯб шуданд, нагузоштанд сабт кунем.”

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Таъқиби муҳоҷирон дар Русия кам нашудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00

Айни навори латукӯби муҳоҷирон аз шаҳри Маскав ҳам ба дасти Радиои Озодӣ расид.

Дар видео дида мешавад, ки се корманди пулис як нафарро зӯран ба замин хобонда, қасди боздошти ӯро доранд. Муаллифи навор гуфт, ҳодиса дар назди яке аз метроҳои Маскав иттифоқ афтод.

"Баҳс бар сари тафтиши санадҳо сар зад ва муҳоҷир нахост, ки ӯро ба идораи пулис баранд," -- нақл кард ҳамсуҳбати мо. Дар навор муҳоҷир хитоб ба маъмурони пулис ва бо забони русӣ мегӯяд, ки “шумо чӣ кор мекунед, чаро дастони маро мебандед?”

Маскав, 28-уми майи 2023
Маскав, 28-уми майи 2023

Бадрафторӣ нисбат ба муҳоҷирон дар Русия ҳодисаи нав нест. Чунин шикоятҳо дар моҳҳои май ва июни имсол якбора зиёд шуд.

Аз ҷумла, навори латукӯб ва боздошти муҳоҷирон дар як майдони варзишӣ дар моҳи май вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Як шикояти муҳоҷирон ин аст, ки кормандони пулиси Русия бисёр вақт бидуни сабаби дақиқ муҳоҷиронро тафтиш ва таҳқир мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қонунгузории Русия мушаххас кардааст, ки пулис дар кадом ҳолат ҳақ дорад, санадҳои шаҳрванд аз ҷумла муҳоҷиронро тафтиш кунад.

Бахтовар Ҷумъаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, гуфт, дар ин ҳолатҳо пулиси Русия ҳақ дорад, санади муҳоҷиронро тафтиш кунад: "Агар дар бораи содир шудани ҷиноят маълумот дошта бошад. Масалан ягон шахси қадбаланд ҷиноят карду гурехт, пулис метавонад ҳар шахси қадбаландро нигоҳ дошта, ҳуҷҷаташро тафтиш намояд. Ҳангоми будани далел, ки шахс дар кофтукоб аст. Ҳангоми содир кардани қонунвайронкунии маъмурӣ. Агар амалиёти махсус барои тафтиши будубоши муҳоҷирон оғоз шуда бошад."

Сарфи назар аз нигарониҳои муҳоҷирон ва ҳам мақомоти Тоҷикистон, ҳеч яке аз ин ҳодисаҳо ё таҳқиқ нашудаанд ё ҳадди ақал дар бораи ҷазо гирифтани маъмурони пулис хабаре нашр нашуд. Вазъе, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, боиси зиёдтар шудани чунин бадрафториҳо мешавад.

"Автобуси охирин” аз Қаробоғ ба Арманистон расид

“Мавҷи муҳоҷирони иҷборӣ аз Қаробоғи Куҳӣ ба Арманистон дар рӯзҳои гузашта коҳиш ёфта, ин раванд ба интиҳои мантиқӣ расидааст", -- гуфт Назел Багдасарян, сухангӯи сарвазири Арманистон рӯзи якуми октябр.

“Мавҷи муҳоҷирони иҷборӣ аз Қаробоғи Куҳӣ ба Арманистон дар рӯзҳои гузашта коҳиш ёфта, ин раванд ба интиҳои мантиқӣ расидааст", -- гуфт Назел Багдасарян, сухангӯи сарвазири Арманистон рӯзи якуми октябр.

Гегам Степанян, ваколатдори ҳуқуқи инсони ҷумҳурии худхондаи Қаробоғи Куҳӣ, ки ба мавҷудияташ хотима мебахшад, гуфт, рӯзи якшанбе охирин автобуси гурезаҳо аз Қаробоғ ба шаҳри Горис расид.

Автобус 15 мусофир дошт. Степанян аз онҳое, ки дар бораи одамони танҳо ва ё ниёз ба кумак дар Қаробоғи Кӯҳӣ иттилоъ доранд, даъват кард, ба Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх хабар диҳанд.

Ба иттилои мақомоти Арманистон, то шоми 1-уми октябр аз Қаробоғи Кӯҳӣ ба Арманистон беш аз 100 ҳазор муҳоҷири иҷборӣ ворид шудааст.

Дар Ереван гуфтанд, ибтидои имсол дар Қаробоғи Кӯҳӣ тақрибан 120 ҳазор арманӣ зиндагӣ мекард. Намояндагони пешини ҷумҳурии худхондаи Қаробоғ гуфтанд, айни замон минтақа тақрибан холӣ шудааст.

Мақомоти Арманистон дар шикояташон ба Додгоҳи байнулмилалии СММ аз поккориҳои қавмӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Озарбойҷон аз арманиҳо хост, дар ин минтақа бимонанд ва аз идораҳои СММ хост, барои ошноӣ ҳайати худро фиристанд.

Чор дӯкони масолеҳи сохтмонӣ дар Хуҷанд сӯхтааст

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар пайи сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмонии шаҳри Хуҷанд 4 дӯкон ба коми оташ рафтааст.

Дар пайи сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмонии шаҳри Хуҷанд 4 дӯкон ба коми оташ рафтааст.

Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ки сӯхтор соати 3-и шаби дуюми октябр сар зад ва тақрибан сад метри мураббаъро фаро гирифт.

Сабаби ҳодисаро нагуфтаанд. Зиёни дидаи тоҷирон низ дақиқ нест.

Сӯхтор дар як бозори шаҳри Хуҷанд дар ҳолест, ки моҳе пеш даҳ мағоза дар бозори маҳсулоти сохтмонӣ дар Ҳисор ба коми оташ рафт.

Бозорҳои Тоҷикистон солҳои охир зиёд шоҳиди сӯхтор мешаванд. Мақомот дар чанд маврид гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат масъалаи ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон баҳсбарангез мемонад.

Ҳаққи бознишастагиро дар Қирғизистон бештар карданд

Аз 1-уми октябр дар Қирғизистон нафақа 38 дарсад боло рафт.

Барои ин ҳадаф аз буҷаи Қирғизистон 3,9 миллиард сом ҷудо шудааст, ки дар моҳҳои боқимондаи имсол харҷ мешавад.

Ин болоравӣ ба нафақахӯроне дахл дорад, ки камтар аз 30 ҳазор сом дар моҳ нафақа мегиранд.

Ба ин тартиб, ба иттилои маркази матбуотии президенти Қирғизистон, баъд аз болоравӣ андозаи миёнаи нафақа дар он кишвар 9354 сомро ташкил хоҳад дод. Пештар ин нишондиҳанда 1692 сомро ташкил медод.

Ҳамлаи рекордии дронҳои Русия дар моҳи сентябр ба Украина

Артиши Русия дар моҳи сентябри имсол ба Украина беш 500 дрони навъи "Шаҳид" сар додааст.

Ба хабари ширкати Defense Express, минтақаҳои Украина дар моҳи сентябр 19 рӯз шоҳиди ҳамлаи дронҳои Русия буданд.

Ба ҳисоби миёна, Русия ҳар бор 26 дрон ва ду маротиба 44-дронӣ фиристодааст. Ҷониби Украина тавонистааст, 396 дронро маҳв кунад.

Defense Express менависад, маълум нест, ки Русия аз Эрон ба чӣ қимате "Шаҳид"-ҳоро мехарад, аммо арзиши холиси онҳо тақрибан аз 20 то 40 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ба ин тартиб, агар Русия дронҳоро бо арзиши холисашон харида бошад, пас, харҷи дронҳо аз 10 то 20 миллион долларро ташкил додааст.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо зидди истеҳсолгарони "Шаҳид" таҳрим ҷорӣ кардаанд.

Нашрияи The Wall Street Journal моҳи феврали соли 2023 хабар дод, ки Русия ҳамроҳи Эрон нақшаи сохтани корхонаи истеҳсоли дронҳоро дар Тотористон доранд.

навшуда

Медали панҷуми Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ. ВИДЕО

Ҳақназар Назаров. Акс аз телевизиони "Варзиш"
Ҳақназар Назаров. Акс аз телевизиони "Варзиш"

Паҳлавони тоҷик Ҳақназар Назаров дар Бозиҳои 19-уми осиёии Ҳангжоу-2023 дар риштаи кураш медали биринҷӣ ба даст овард. Шумори медалҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ ба панҷ расид.

Назаров рӯзи 2-юми октябр дар вазни то 90 кило дар даври аввал ба Жамалбек Уулу аз Қирғизистон дастболо шуда, дар даври чаҳорякниҳоӣ ба Коматсу Чисатои ҷопонӣ ғалаба кард. Дар даври ниманиҳоӣ аз паҳлавони Кореяи Ҷанубӣ Ким Мингю мағлуб шуда, соҳиби нишони биринҷӣ гардид.

Ба ин тартиб, се медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба риштаи ҷудо ва дутоаш ба кураш марбут аст.

Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали тилло ба даст овард. Темур Раҳимов дар вазни +100 кило медали нуқра гирифт. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ шуд. Хайрандеш Муродзода дар риштаи кураш дар вазни то 66 кило ва Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Варзишгарони тоҷик Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Ҳангжоуи Чин дар риштаи бокс соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024 гардиданд, муборизаро барои ҷоизаҳо идома медиҳанд.

Болтаев дар мусобиқаи мардон дар вазни то 92 кило дар даври ниҳоӣ рӯзи 3-юми октябр бо Ҳан Ҳуежен аз Чин барои медали тилло талош хоҳад кард. Самадова дар мусобиқаи занон дар вазни то 57 кило дар даври ниманиҳоӣ рӯзи 4-уми октябр бо Карина Иброҳимова аз Қазоқистон рақобат мекунад.

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон бо касби 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар байни 36 кишваре, ки дар ин бозиҳо медал гирифтаанд, ҳам аз рӯи сифати нишонҳо ва ҳам аз рӯи теъдоди медалҳо дар ҷои 21-ум қарор дорад.

Дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин то рӯзи 8-уми октябр идома меёбад, ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон беш аз 100 варзишгар дохил аст.

Назари баъзе аз сокинон ба дастоварди варзишгарони тоҷик дар Чин:

Аз дастоварди тоҷикон дар Бозиҳои Осиё розӣ ҳастед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар 18 намуд ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоу нишони тилло мегиранд, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ, барандагони нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло мешаванд, хонаи сеҳуҷрадор, медали нуқра – дуутоқа ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷраӣ тақдим мегардад.

Бозиҳои тобистонаи осиёӣ аз соли 1951 дар ҳар чаҳор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ҳоло 32 медал гирифтааст, ки 5-тоаш нишони тилло, 7-тоаш нуқра ва 20-тоаш биринҷӣ мебошад. Аз панҷ медали тилло сетоашро Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ва як ададиро Ҷаҳон Қурбонов дар бокс ва Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо ба даст овардаанд.

Вазирони корҳои хориҷии ИА дар Киев ҷамъ шуданд

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба Киев рафтаанд
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба Киев рафтаанд

Аксар вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 2-юми октябр ба нишони ҳамраъйӣ бо Украина дар Киев ҷамъ шудаанд.

Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина мулоқотро "таърихӣ" хонданд.

Вазирони корҳои хориҷии Маҷористон (Венгрия) ва Лаҳистон (Полша) ба нишасти Киев нарафтанд.

Сарвазири Маҷористон бо Владимир Путин, президенти Русия, равобити наздик дорад. Виктор Орбан мухолифи додани силоҳ ба Киев ва ё пазируфта шуданаш ба ҳайати Иттиҳоди Аврупост.

Муносибатҳои Лаҳистон бо Украина маъмулан хуб аст, аммо дар ҳоли ҳозир ба сабаби баҳс дар бораи содироти ғаллаи Украина андаке печида шудааст.

Ҳушдор ба сокинони Узбекистон аз хатари вируси Нипах дар Ҳинд

Ҳиндустон. Акс аз бойгонӣ
Ҳиндустон. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти тиббии Узбекистон шаҳрвандонеро, ки ба Ҳинд рафтанӣ ҳастанд, дар бораи хуруҷи вируси Нипах дар он кишвар огоҳ кардаанд.

Онҳо гуфтанд, то 22-юми сентябр 6 мавриди гирифторӣ ба вируси Нипах дар Ҳинд сабт шудааст. Ду нафар ҷон бохтаанд.

Нипах - навъи вирусест, ки илтиҳоби мағзи сар ва ё роҳҳои нафасро ба вуҷуд меорад.

Дар Узбекистон аз соҳибкороне, ки ба Ҳинд равуо доранд ва ё шаҳрвандони дигаре, ки ба он кишвар мераванд, хостанд, барои мубтало нашудан ба вирус меъёрҳои назофатиро риоя кунанд, танҳо шарбат нӯшанд ва аз истеъмоли мева худдорӣ кунанд.

Дору ва ё ваксинаи зидди Нипах феълан вуҷуд надорад. Эҳтимоли фавт дар натиҷаи мубтало шудан ба ин вирус аз 40% то 75%-ро ташкил медиҳад. Барои пешгирӣ аз паҳншавии вирус карантин тавсия дода мешавад.

Дар суқути ҳавопаймое дар Қазоқистон ду кас ҷон бохт

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи суқути як чархбол дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон ду кас ҷон бохтааст. Ҳодиса рӯзи 30-юми сентябр дар маркази омӯзиши ҳавопаймоии "Балапан" рух додааст.

Дар кумитаи авиатсияи шаҳрвандӣ гуфтанд, пилот-муррабӣ ва донишомӯзи донишкадаи низомӣ фавтидаанд.

Сабабҳои суқути ҳавопаймо маълум нест.

Маркази омӯзиши ҳавонавардии "Белапан" сарнишини ҳавопаймо омода мекунад.

Нархи сӯзишворӣ дар Узбекистон афзудааст

Аз 1-уми октябр арзиши газ барои нақлиёт дар Узбекистон боло рафтааст. Дар ин бора корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

Ин дар ҳолест, ки аз 1-уми октябр таърифаҳои истифодаи газ ва нерӯи барқ барои тиҷорат, идораҳои давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар Узбекистон аз 660 сӯм то ба 1500 сӯм, барои нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 1000 то 1500 сӯм афзудааст. Арзиши нерӯи барқ аз 450 то 900 сӯм афзудааст.

То афзоиши таърифаҳо газ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба қимати 2700-2800 сӯм фурӯхта мешуд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон ҳамчунин аз гароншавии роҳкиро хабар медиҳанд.

Ҳунарнамоии Максим Галкинро дар Қазоқистон бекор карданд

Максим Галкин
Максим Галкин

Мақомоти Қазоқистон консерти ҳунарманди рус Максим Галкинро бекор карданд. Расонаҳо менависанд, дар толорҳое, ки Галкин мебоист, ҳунарнамоӣ кунад, ғайриинтизор мушкилии техникӣ пеш омадааст.

Мақомоти Қазоқистон консерти ҳунарманди рус Максим Галкинро бекор карданд. Расонаҳо менависанд, дар толорҳое, ки Галкин мебоист, ҳунарнамоӣ кунад, ғайриинтизор мушкилии техникӣ пеш омадааст.

Масъулони толори марказии консертии "Қазоқистон" дар шаҳри Остона рӯзи 30-юми сентябр эълон кардааст, ки лӯлаҳои оби толор таъмир мешавад. Рӯзи 1-уми октябр дар Қасри ҷумҳурӣ дар шаҳри Алмато гуфтанд, ки саҳна шикастааст.

Ҳунарнамоии Галкин мебоист, рӯзи 8-уми октябр дар Остона ва 9-уми октябр дар Алмато баргузор шавад.

Пештар Галкин гуфта буд, ки барои ҳунарнамоии вай дар Қазоқистон "дар сатҳи давлат" монеа эҷод мекунанд.

Дар гузашта Алексей Пучков, продюсери Галкин хабар дода буд, ки ҳунарнамоии ӯро дар шаҳрҳои Остона ва Алматои Қазоқистон тасдиқ кардаанд.

Максим Галкин аз оғози ҳамлаи густардаи Русия ба Украина зидди ҷанг баромад кардааст. Вай соли 2022 Русияро тарк кард. Галкин борҳо - ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар рафти ҳунарнамоияш - зидди ҷанг суханронӣ кардааст.

ПМТ боздошти хешони тазоҳургаронро танқид кард

Мухолифон мегӯянд, мақомот баъди ин эътирозҳо наздикони онҳоро боздошт карданд
Мухолифон мегӯянд, мақомот баъди ин эътирозҳо наздикони онҳоро боздошт карданд

Паймони миллӣ, эътилофи чор созмони мухолиф аз боздошти наздикони мухолифин дар дохили Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз мақомот хост, "афроди бегуноҳро фавран озод кунанд."

Мақомот ба хабарҳо дар ин бора вокуниш намекунанд. Аммо намояндагони мухолифин мегӯянд, давоми се рӯзи ахир мавҷи нави боздошти пайвандони онҳо дар дохили Тоҷикистон шуруъ шудааст.

Паймони миллии Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар дохили кишвар манъ аст, 1-уми октябр дар изҳороте дастгир шудани хешовандони мухолифинро "ғайриқонунӣ ва ҷиноятӣ байналмиллалӣ" хонд.

"Мо шак надорем, ки ин ҳама боздоштҳо ва гаравгон гирифтани хонаводаи мухолифон аз ҷониби мақомот, посух ба фаъолияти сиёсии онҳо буда, бо мақсади фишор овардан болои мухолифони ҳукумат аст,"-гуфтааст ин созмон.

Паймони миллӣ аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки наздикони мухолифинро озод кунанд.

"Гуруҳи 24" ҳам аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки даст аз боздошти хешовандони онҳо бардоранд. Ин гуруҳ хитоб ба мақомоти Тоҷикистон гуфтааст, "мардумони бегуноҳро дар сиёсат сӯистифода" накунед.

Бо гузашти қариб се рӯз аз хабарҳо дар бораи боздошти мухолифин, мақомот дар ин бора хомӯширо ихтиёр кардаанд.

Хабарҳо аз боздошти пайвандони мухолифини ҳукумат баъд аз он зиёд шуд, ки баъзе аз мухолифин дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон намоишҳои эътирозӣ баргузор карданд. Намояндагони мухолифин алайҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон шиор дода, ба мошини нишастааш тухм ҳаво доданд.

навшуда

Шарофиддин Гадоев гуфт, мақомот модарашро дастгир кардаанд

Ойишамо Абдуллоева, модари Шарофиддин Гадоев. Акс аз бойгонӣ
Ойишамо Абдуллоева, модари Шарофиддин Гадоев. Акс аз бойгонӣ

Шарофиддин Гадоев, яке аз намояндагони мухолифони ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, мақомот модари пиронсоли ӯро боздошт карда бурданд ва дигар намедонанд, ки ӯ чӣ ҳол дорад. Шарҳи расмии қазия то ин дам дастрас нест.

Шарофиддин Гадоев 1-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони идораи амнияти ноҳияи Фархор субҳи имрӯз модари ӯ Ойишамо Абдуллоеваро аз хонаашон боздошт карда, бо худ бурданд.

"Дар вақти бурдани модарам кормандони амният бо хашм пурсидаанд, ки чаро писарат ҷаноби олиро диктатор гуфт, чаро ба мошини президент тухм задааст, ором гардад намешавад?"-афзуд Гадоев.

Мақомоти амнияти ноҳияи Фархор то ҳол боздошти Ойишамо Абдуллоеваи 72-соларо шарҳ надодаанд.

Чанд фаъоли дигари мухолифин ҳам аз боздошти наздиконашон дар Тоҷикистон хабар доданд. Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, фаъоли "Гурӯҳи 24" ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти ноҳияи Рашт, падари 69-солаашро даъват карда, дигар раҳо накарданд. Абдуқаҳҳор Сайғозиев, падари Муҳаммадсобир қаблан дар мактаби деҳа омӯзгор кор мекарда ва ҳоло нафақахур будааст.

Муҳаммадсобир Абдуқаҳҳор ҳамчунин гуфт, субҳи имрӯз падари сухангӯи "Гурӯҳи 24" Ҷумъабой Носиров ҳам дар деҳаи Шуғли ноҳияи Рашт дастгир шудааст. "Аз ӯ дигар дарак нест,"-афзуд масъули "Гуруҳи 24".

Ҳамсуҳбати мо гуфт, Раҳматулло Ашӯров, бародари Ҳусейн Ашӯров, муовини раиси "Гурӯҳи 24" ҳам боздошт шуд.

Хабарҳо аз боздошти пайвандони мухолифини ҳукумат баъд аз он зиёд шуд, ки баъзе аз мухолифин дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон намоишҳои эътирозӣ баргузор карданд. Намояндагони мухолифин алайҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон шиор дода, ба мошини нишастааш тухм ҳаво доданд.

Рӯзи 30-юми сентябр баъзе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд, ки мақомот чанд узви оилаашонро дар кишвар боздошту бозпурсӣ кардаанд. Аз ҷумла "Гуруҳи 24", ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ аст, дар изҳороте аз боздошти пайвандони баъзе аз аъзои гуруҳ дар дохили кишвар хабар дод.

Бино ба изҳороти созмон аз 30-юми сентябр, падари пиронсол ва шаш намояндаи дигари хонаводаи Дилшод Шарифов, аъзои хонаводаи Исмоил Маҳмадов, Ҷамшед Шарифов, падари Беҳрӯз Тағойзода ва чор узви хонаводаи Муҳаммадҷон Абдуллоев боздошт шудаанд.

Маълум нест, ки боздоштшудаҳо раҳо гаштаанд ё не. Талошҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи мақомот то ин дам бенатиҷа буд.

Як маргталаб худро дар назди ВКД-и Туркия тарконд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як маргталаб худро дар назди бинои Вазорати корҳои дохилии Туркия, дар маркази Анқара таркондааст. Ба иттилои расонаҳои Туркия, нафари дуввум аз сӯи пулиси Туркия кушта шуд. Али Ерликая, вазири корҳои дохилӣ ин ҳодисаро "кӯшиши ҳамлаи террористӣ" номид.

Хабаргузории давлатии "Анадолу" гузориш додааст, ки ҳодиса 1-уми октябр соати 9:30 ба вақти маҳаллӣ рух дод.

Ба навиштаи Оҷонсии Haberturk, ду нафар бо мошин ба назди бинои вазорат омада, ин таркишро анҷом доданд. Ба қавли ин манбаъ, дар пайи ин ҳодиса ду маъмури пулис захмӣ шудаанд.

Дар паҳлӯи бинои Вазорати корҳои дохилии Туркия, порлумон ҷойгир шудааст. Қарор буд, имрӯз вакилон баъди таътили тобистона аввалин ҷаласаи порлумонро баргузор кунанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG