Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

ПМТ боздошти хешони тазоҳургаронро танқид кард

Мухолифон мегӯянд, мақомот баъди ин эътирозҳо наздикони онҳоро боздошт карданд
Мухолифон мегӯянд, мақомот баъди ин эътирозҳо наздикони онҳоро боздошт карданд

Паймони миллӣ, эътилофи чор созмони мухолиф аз боздошти наздикони мухолифин дар дохили Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз мақомот хост, "афроди бегуноҳро фавран озод кунанд."

Мақомот ба хабарҳо дар ин бора вокуниш намекунанд. Аммо намояндагони мухолифин мегӯянд, давоми се рӯзи ахир мавҷи нави боздошти пайвандони онҳо дар дохили Тоҷикистон шуруъ шудааст.

Паймони миллии Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар дохили кишвар манъ аст, 1-уми октябр дар изҳороте дастгир шудани хешовандони мухолифинро "ғайриқонунӣ ва ҷиноятӣ байналмиллалӣ" хонд.

"Мо шак надорем, ки ин ҳама боздоштҳо ва гаравгон гирифтани хонаводаи мухолифон аз ҷониби мақомот, посух ба фаъолияти сиёсии онҳо буда, бо мақсади фишор овардан болои мухолифони ҳукумат аст,"-гуфтааст ин созмон.

Паймони миллӣ аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки наздикони мухолифинро озод кунанд.

"Гуруҳи 24" ҳам аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки даст аз боздошти хешовандони онҳо бардоранд. Ин гуруҳ хитоб ба мақомоти Тоҷикистон гуфтааст, "мардумони бегуноҳро дар сиёсат сӯистифода" накунед.

Бо гузашти қариб се рӯз аз хабарҳо дар бораи боздошти мухолифин, мақомот дар ин бора хомӯширо ихтиёр кардаанд.

Хабарҳо аз боздошти пайвандони мухолифини ҳукумат баъд аз он зиёд шуд, ки баъзе аз мухолифин дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон намоишҳои эътирозӣ баргузор карданд. Намояндагони мухолифин алайҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон шиор дода, ба мошини нишастааш тухм ҳаво доданд.

навшуда

Шарофиддин Гадоев гуфт, мақомот модарашро дастгир кардаанд

Ойишамо Абдуллоева, модари Шарофиддин Гадоев. Акс аз бойгонӣ
Ойишамо Абдуллоева, модари Шарофиддин Гадоев. Акс аз бойгонӣ

Шарофиддин Гадоев, яке аз намояндагони мухолифони ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, мақомот модари пиронсоли ӯро боздошт карда бурданд ва дигар намедонанд, ки ӯ чӣ ҳол дорад. Шарҳи расмии қазия то ин дам дастрас нест.

Шарофиддин Гадоев 1-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони идораи амнияти ноҳияи Фархор субҳи имрӯз модари ӯ Ойишамо Абдуллоеваро аз хонаашон боздошт карда, бо худ бурданд.

"Дар вақти бурдани модарам кормандони амният бо хашм пурсидаанд, ки чаро писарат ҷаноби олиро диктатор гуфт, чаро ба мошини президент тухм задааст, ором гардад намешавад?"-афзуд Гадоев.

Мақомоти амнияти ноҳияи Фархор то ҳол боздошти Ойишамо Абдуллоеваи 72-соларо шарҳ надодаанд.

Чанд фаъоли дигари мухолифин ҳам аз боздошти наздиконашон дар Тоҷикистон хабар доданд. Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, фаъоли "Гурӯҳи 24" ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти ноҳияи Рашт, падари 69-солаашро даъват карда, дигар раҳо накарданд. Абдуқаҳҳор Сайғозиев, падари Муҳаммадсобир қаблан дар мактаби деҳа омӯзгор кор мекарда ва ҳоло нафақахур будааст.

Муҳаммадсобир Абдуқаҳҳор ҳамчунин гуфт, субҳи имрӯз падари сухангӯи "Гурӯҳи 24" Ҷумъабой Носиров ҳам дар деҳаи Шуғли ноҳияи Рашт дастгир шудааст. "Аз ӯ дигар дарак нест,"-афзуд масъули "Гуруҳи 24".

Ҳамсуҳбати мо гуфт, Раҳматулло Ашӯров, бародари Ҳусейн Ашӯров, муовини раиси "Гурӯҳи 24" ҳам боздошт шуд.

Хабарҳо аз боздошти пайвандони мухолифини ҳукумат баъд аз он зиёд шуд, ки баъзе аз мухолифин дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон намоишҳои эътирозӣ баргузор карданд. Намояндагони мухолифин алайҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон шиор дода, ба мошини нишастааш тухм ҳаво доданд.

Рӯзи 30-юми сентябр баъзе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд, ки мақомот чанд узви оилаашонро дар кишвар боздошту бозпурсӣ кардаанд. Аз ҷумла "Гуруҳи 24", ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ аст, дар изҳороте аз боздошти пайвандони баъзе аз аъзои гуруҳ дар дохили кишвар хабар дод.

Бино ба изҳороти созмон аз 30-юми сентябр, падари пиронсол ва шаш намояндаи дигари хонаводаи Дилшод Шарифов, аъзои хонаводаи Исмоил Маҳмадов, Ҷамшед Шарифов, падари Беҳрӯз Тағойзода ва чор узви хонаводаи Муҳаммадҷон Абдуллоев боздошт шудаанд.

Маълум нест, ки боздоштшудаҳо раҳо гаштаанд ё не. Талошҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи мақомот то ин дам бенатиҷа буд.

Як маргталаб худро дар назди ВКД-и Туркия тарконд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як маргталаб худро дар назди бинои Вазорати корҳои дохилии Туркия, дар маркази Анқара таркондааст. Ба иттилои расонаҳои Туркия, нафари дуввум аз сӯи пулиси Туркия кушта шуд. Али Ерликая, вазири корҳои дохилӣ ин ҳодисаро "кӯшиши ҳамлаи террористӣ" номид.

Хабаргузории давлатии "Анадолу" гузориш додааст, ки ҳодиса 1-уми октябр соати 9:30 ба вақти маҳаллӣ рух дод.

Ба навиштаи Оҷонсии Haberturk, ду нафар бо мошин ба назди бинои вазорат омада, ин таркишро анҷом доданд. Ба қавли ин манбаъ, дар пайи ин ҳодиса ду маъмури пулис захмӣ шудаанд.

Дар паҳлӯи бинои Вазорати корҳои дохилии Туркия, порлумон ҷойгир шудааст. Қарор буд, имрӯз вакилон баъди таътили тобистона аввалин ҷаласаи порлумонро баргузор кунанд.

Ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба вилояти Херсон

Шаби 1-уми октябр неруҳои Русия ба вилояти Херсон даҳ бомби ҳавоӣ партоб карданд. Александр Толоконников, намояндаи идораи ҳарбии вилоят хабар дод, ки дар ин ҳодиса чор кас маҷруҳ ва як нафар зери харобаҳо монд.

Дар умум ба гуфтаи ӯ, дар як ҳафтаи ахир ба вилояти Херсон 166 бомби ҳавоӣ партоб шудааст. "Бо сабаби зиёд шудани зарбаҳои ҳавоӣ дар минтақа, харобиҳо зиёданд,"-афзуд Толоконников.

Ситоди кулли артиши Украина хабар дод, ки дар шабонарӯзи гузашта неруҳои Русия ба хоки Украина дар умум 99 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст. Аз ҷумла низомиёни рус қариб 40 бесарнишини "Шаҳид" истифода кардаанд, ки ба қавли Ситоди кулли артиши Украина 30 адади он дар ҳаво нобуд карда шуд.

Аз таҷовузи Русия ба хоки Украина як солу ҳашт моҳ мегузарад. Дар ин ҳодисаҳо чандин шаҳри Украина хароб шуда, ҳазорҳо нафар кушта ё фирорӣ шуданд.

Дар Туркия ҷашнвораи филми мустанад бекор карда шуд

Рамзи ҷашнвора
Рамзи ҷашнвора

Дар Туркия як ҷашнвораи қадимии синаморо, ки дар доираи он бояд филми мустанадеро дар бораи талоши кудато дар соли 2016 ба намоиш мегузошт, бекор карданд. Шаби ҷумъа шаҳрдори Анталия Муҳиддин Бочек эълон кард, ки ҷашнвораи байналмилалии филмҳои “Афлесуни тиллоӣ” баргузор намешавад.

Як рӯз пеш аз ин Вазорати фарҳангу туризми Туркия аз пуштибонии ин ҷашнвора даст кашид. Эътирози вазорат ба филми “Ҳукми қонун” буд, ки дар бораи мушкилоти як омӯзгор ва як табиб қисса мекунад, ки баъди ҳодисаи талоши кудатои 15 июли соли 2016 аз кори худ ронда шуданд.

Ереван: 100 ҳазор сокини Қаробоғи Кӯҳӣ фирор кардаанд

28 сентябр. Мошини борбар сокинони Қаробоғи Кӯҳиро ба Арманистон интиқол медиҳад
28 сентябр. Мошини борбар сокинони Қаробоғи Кӯҳиро ба Арманистон интиқол медиҳад

Арманистон рӯзи 30-юми сентябр гуфт, дар давоми камтар аз як ҳафтаи ахири баъди зери назорати Озарбойҷон гузашти Қаробоғи Кӯҳӣ, ҳудудан 100 ҳазор арманитаборҳо минтақаро тарк карданд.

Дар як муроҷиаташ ба додгоҳи СММ Ереван хост, ки шикояташ дар заминаи ҳадаф қарор додани арманитаборҳо аз ҷониби Боку баррасӣ швад. Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи шанбе ба хабарнигорон гуфт, ки аз миёни фирориҳои Қаробоғи Кӯҳӣ то имрӯз 81 ҳазор 139 нафарашон сабтином шудаанд ва бақайдгирии боқимондаҳо идома дорад.

Мақомоти Арманистон гуфтанд, ки дар шикояташон ба номи Додгоҳи байналмилалии СММ аз ба гуфтаашон поккориҳои қавмӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Озарбойҷон аз арманитаборҳо хост, ки дар ин минтақа бимонанд ва аз идораҳои СММ хост, ки барои ошноӣ ҳайати худро ба Қаробоғи Кӯҳӣ сафарбар кунанд.

СММ рӯзи 29 сентябр эълон кард, ки ба минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ як ҳайати худро мефиристад. Қаробоғи Кӯҳӣ як минтақаи аксар арманитабор дар ҳайати Озарбойҷон аст, ки давоми даҳсолаҳо амалан таҳти назорати арманиҳо буд.

Душанбе аз Давҳа дар сохтмони “Роғун” ва ирсоли 4 ҳазор муҳоҷири корӣ ба Қатар ёрӣ хост

 Акс аз khovar.tj
Акс аз khovar.tj

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар мулоқоташ бо сарвазири Қатар Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ аз ин кишвари ғанӣ аз нафту гази воқеъ дар Халиҷи Форс дар анҷоми тарҳҳои муҳими иқтисодии Тоҷикистон дархости кӯмак кардааст.

Ба навиштаи “Ховар”, мулоқоти ин ду мақом 28 сентябр дар ҳошияи ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Душанбе барпо шуд.

Завқизода дар ин мулоқот аз сарвизири Қатар хост, ки ҳукуматаш, аз ҷумла, дар “татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, бахусус маблағгузории сохтмони НБО-и «Роғун», лоиҳаи сохтмони Фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонию боркашонӣ (карго) дар ноҳияи Данғара, модернизатсияи ҶСК «Ширкати Алюминии Тоҷик» (Талко), идомаи сохтмони маҷмааи истиқоматии «Диёри Душанбе», сохтмони биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе” мусоидат намояд.

Як дархости дигари ӯ фароҳам кардани шароити кору даромади расмӣ ваё муҳоҷирати меҳнатӣ барои чор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Дар хабари расмӣ вокуниш ё посухи мақоми баландпояи ҳукумати Қатар дар ин замина нашр намешавад.

Тоҷикистон ва Қатар июни имсол дар ҷараёни сафари давлатии Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Душанбе дар заминаи ҳамкориҳои густурда дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва робитаҳои фарҳангиву башарӣ ба мувофиқа расиданд. Дар Душанбе бо сармоягузрии давлати Қатар бузургтарин масҷид сохта шудааст.

Сӣ сол баъд: гумонбари қатли Тупак Шакур ҳабс шуд

Тупак Шакур соли 1996 кушта шуд
Тупак Шакур соли 1996 кушта шуд

Рӯзи 29 сентябр дар ИМА як раҳбари гурӯҳи ҷиноии хиёбоние бо гумони қатли рэпсарои маъруф Тупак Шакур дар соли 1996 ба ҳабс гирифта шуд. Куштори овозхони маъруф тамоми тақрибан сӣ соли охир нокушода боқӣ мемонд.

Дуэйн «Кефф Ди» Дэвис, ки муддати дароз як гумонбари ширкат дар куштори ҳунарманди овозадор дониста мешуд, бар асоси қарори додгоҳи ноҳияи Кларки аёлати Невада ба ҳабс гирифта шуд.

Дуэйн «Кефф Ди» Дэвис чандин соли охир матолиби мухталиферо аз ҷумла дар бораи ҷузъиёти ин куштор нашр намуд ва дар ниҳоят, додгоҳ қарор кард, ки ин шахс чун фармоишгари куштор ба ҳабс гирифта мешавад.

 “Толибон” дар як фурӯшгоҳи Маскав паспортҳои худро гум карданд

Аҳмад Зиё Такал, муовини намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон ҳам паспорташро гум кардааст
Аҳмад Зиё Такал, муовини намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон ҳам паспорташро гум кардааст

Зимни сафар аз Маскав ба Қазон барои ширкат дар ҷаласае дар чаҳорчӯби “формати Маскав” чанд узви ҳайати Толибон шиносномаҳои худро гум карданд. Аз ҷумла, телеграм-канали Mash хабар дод, ки ҳайати намояндагони ҳукумати Толибони Афғонистон, ки рӯзи 29 сентябр бояд дар шаҳри Қазон дар машваратҳои Маскав иштирок мекарданд, дар меҳмонхонаи "Президент-отел" ҷойгир шуданд.

Яке аз аъзои ин ҳайат шом ба супермаркети Маркази тиҷоратии “Европейский” ворид шуд. Полис ба Mash гуфтааст, ин намояндаи ҳайат ҷайберо бо се шиносномаи дигари аъзои ҳайати Толибон, аз ҷумла, паспорти муовини намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷӣ Аҳмад Зиё Такал бо худ дар даст дошт.

Баъди харид ва берун шудан аз фурӯшгоҳ ӯ фаҳмидааст, ки ҷайбро бо шиносномаҳо дар кассаи фурӯшгоҳ гузошта рафтааст. Вақте дубора ба фурӯшгоҳ баргашт, онро наёфт. Дар натиҷа, ҳайати Толибон ба полис шикоят карданд. Полис гуфтааст, ки шиносномаҳои гумшудаи аъзои ҳайати Толибонро ҷустуҷӯ дорад.

Дар ҷаласаи “Формати Маскав”, ки рӯзи ҷумъа дар Қазон бо иштироки ҳамсояҳои Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон баргузор шуд, ҳайати Толибон ба раҳбарии Амирхон Муттакӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷӣ иштирок кард.

"Гурӯҳи 24" гуфт, аъзояш мошини Эмомалӣ Раҳмонро бо тухм задаанд. ВИДЕО

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон иддао кард, ки пайравонаш мошини ҳомили президент Эмомалӣ Раҳмонро дар Берлин бо тухм задаанд.

“Гурӯҳи 24”, фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, бо нашри чанд навор гуфт, ҳодиса 29-уми сентябр ва пеш аз дидори Раҳмон бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс сурат гирифт.

Бино ба аксҳое, ки аз лаҳзаи дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Олаф Шолтс ба матбуот роҳ ёфт, шишаи мошини президенти Тоҷикистон покиза ба назар намерасад. Як расонаи олмонӣ ҳам тахмин задааст, ки ба шишаи мошин бо маводи монанд ба тухм задаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Дар наворе, ки хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон шоми 29-уми сентябр нашр кард, танҳо қисми пеши мошин ва лаҳзаи дастфишориву аксгирии якҷояи Раҳмон ва Шолтсро нишон додаанд. Лаҳзаи аз мошин фаромадани ӯ дар навор нест.

Созмони мухолифи “Гурӯҳи 24” мегӯяд, “бо вуҷуди сатҳи баланди бехатарӣ”, чанде аз пайравонаш “бо ҷайбҳои пур аз тухм ба мошини Раҳмонов ҳамла бурданд”.

Ба иттилои созмон яке аз аъзояш “аз ҷониби пулиси Олмон барои чанд дақиқа дастгир шуду раҳоӣ ёфт! Ва дигар ҳама хубу саломатанд."

Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарони Қирғизистону Қазоқистону Узбекистон ва раиси Маҷлиси Туркманистон рӯзи 29-уми сентябр бо президент ва садри аъзами Олмон дидору гуфтугӯ карданд.

Дар остонаи сафар ду созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон гуфта буданд, ки намоиши эътирозӣ баргузор мекунанд. Онҳо аз ҳукумати Олмон хостанд, ки бо раҳбарони минтақа ҳамкорӣ накунанд ва дар айни замон аз президенти Тоҷикистон ва ҳамтоёни дигараш озодии маҳбусони сиёсӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи башарро хостанд.

Олмон: Мулоқоти раҳбарони ОМ ва эътирози мухолифон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Ҳабси як ҷавони рус барои задану таҳқири муҳоҷири тоҷик

Додгоҳе дар Челябинск як скинҳед ё сартарошидаи русро барои задан ва таҳқири муҳоҷири тоҷик то 26-уми ноябр ба ҳабс гирифт.

Мақомоти Русия гуфтанд, донишҷӯ Ярослав Карпови 18-сола тобистони имсол ҳамроҳи се нафари дигар як зодаи Тоҷикистонро рабуда, навори бадрафториҳои худро нисбат ба ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд.

Дар навор дида мешавад, ки ин афрод муҳоҷирро ба дарахт баста, либосашро кашидаанд ва бо таҳдиди туфангча маҷбур доранд, ки ба мисли саг аккос занад.

Онҳо иддао доштанд, ки муҳоҷири тоҷик гуё ду духтари 15-соларо рабуда, ба номуси яке аз онҳоро дастдарозӣ кардааст.

Мақомоти амниятии Русия мегӯянд, ин иддао беасос буда, онҳо муҳоҷирро тавассути саҳифаи ҷаълӣ ё фейкӣ дар интренет ба дом афтондаанд.

Яке аз иштирокдорони ҳодиса ба далели ноболиғ будан ба ҳабси хонагӣ водор шудааст.

Кабирӣ дар Литва бо мақомот ва вакилон мулоқот кардааст

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Гурӯҳе аз аъзои Паймони миллӣ, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ҳангоми сафар ба Литва бо мақомот, вакилони мардумӣ ва намояндагони ҷомеаи мадании ин кишвар гуфтугӯ кардаанд.

Дафтари матбуоти ин паймон дар баёнияи расмӣ рӯзи 29-уми сентябр гуфт, ҳайатро Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҳамзамон раиси Паймони миллӣ раҳбарӣ мекунад.

Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони расмии Литва, кишвари хурди Иттиҳоди Аврупо, дар бораи “вазъияти кунунии Тоҷикистон, минтақаи Осиёи Марказӣ ва ғайра табодули назар" сурат гирифтааст.

Ҷузъиёти дигаре аз ин гуфтугӯҳоро нашр накардаанд.

Сафари ҳайати мухолифони давлати Тоҷикистон дар Литва рӯзи 26-уми сентябр оғоз ёфтааст ва қарор аст, то поёни ин моҳ идома кунад.

Кишварҳои назди Балтик, ба вижа Литва, дар ҳоли ҳозир мизбони садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла, шуморе аз мухолифони сиёсии ҳукумат ҳастанд.

Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи иборат аз чор созмон ва гуруҳҳои мухолифи давлат дар хориҷ аз кишвар таъсис ёфтааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон онро як созмони ифротгаро эълон кардааст, вале аъзои он мегӯянд, ҳеч идеологияи ифротиро пайравӣ намекунанд.

Маҳдудияти баргузории тазоҳурот дар маркази Бишкек дароз шуд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 29-уми сентябр бо дархости мақомоти маҳаллӣ манъи баргузории ҷамъомадҳои осоиштаро дар ҳудуди ноҳия то 31-уми декабри имсол дароз кард.

Маҳдудияти баргузории тазоҳурот дар маркази Бишкек дароз шуд

Додгоҳи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 29-уми сентябр бо дархости мақомоти маҳаллӣ манъи баргузории ҷамъомадҳои осоиштаро дар ҳудуди ноҳия то 31-уми декабри имсол дароз кард.

Ба ин тартиб, дар майдони "Ала-Тоо", назди биноҳои порлумон, маъмурияти президент, Додгоҳи олӣ, сафорати Русия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, боғҳои ба номи Панфилов ва Турсунбоеваи Бишкек баргузор кардани ҷамъомадҳои осоишта аз 28-уми сентябр то 31-уми декабри имсол манъ хоҳад буд.

Баргузории ҳамаи ҷамъомадҳои осоишта ба монанди пеш дар боғи ба номи Горкий иҷозат хоҳад буд.

Додгоҳи Якуми май бори нахуст аз қарори маҳдудияти баргузории ҷамъомадҳои осоишта дар маркази Бишкек моҳи марти соли 2022 ҷонибдорӣ карда буд ва ин қарор то кунун чанд бор тамдид шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони мадании Қирғизистон ин қарорро ғайриқонунӣ меноманд.

Кобулов: Тоҷикистон мухолифи баъзе нукоти "Эъломияи Қазон" аст

Расонаҳои русӣ аз қавли Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон навиштанд, ки Тоҷикистон баъзе аз нуктаҳои эъломияи нишасти "Формати Маскав"-ро тасдиқ накардааст. Нишасти "Формати Маскав" дар бораи Афғонистон 29-уми сентябр дар шаҳри Қазон оғоз шуд.

Расонаҳои русӣ аз қавли Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон навиштанд, ки Тоҷикистон баъзе аз нуктаҳои эъломияи нишасти "Формати Маскав"-ро тасдиқ накардааст. Нишасти "Формати Маскав" дар бораи Афғонистон 29-уми сентябр дар шаҳри Қазон оғоз шуд.

Ба иттилои хабаргузории русии ТАСС, Замир Кобулов ба хабарнигорон дар бораи натиҷаҳои нишасти шашуми "Формати Маскав" гуфт, "кори мо такмил шудааст, Эъломияи Қазон тақрибан тавассути ҳама, ба ҷуз Тоҷикистон, таъйид шуд. Шарикони тоҷики мо ба баъзе аз нуктаҳои ин эъломия эътироз доранд".

Кобулов дақиқ нагуфтааст, ки Тоҷикистон ба кадом нуктаҳои ин эъломия мухолифат кардааст. Ҷониби Тоҷикистон ҳам то кунун дар ин робита ибрози назар накарда.

Аммо ба иттилои расонаҳои русӣ, Шараф Раҳимӣ, намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиш гуфтааст, дар Афғонистон ҳуқуқи қавмҳои дигар нодида гирифта шуда, манобеи иқтисодӣ ва сиёсӣ ба таври нобаробар дар кишвар байни ақвом тақсим шудааст. Вай гуфтааст, Тоҷикистон аз ташкили як ҳукумати фарогир ҳимоят мекунад, ки дар он ҳама гурӯҳҳои қавмӣ ҳузур дошта бошанд.

Шараф Раҳимӣ дар ин ҳамоиш ҳамчунин гуфтааст, ки гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон афзоиш ёфтаанд ва ҷавонони ин кишвар талош доранд ба гурӯҳҳои террористӣ бипайванданд. Вай афзудааст, ин гурӯҳҳо аслиҳаи сабук ва вазнин дар ихтиёр доранд ва маълум шудааст, ки аз фурӯши маводи мухаддир даромад доранд.

Намояндаи Тоҷикистон дар нишаст ба фақри шадид ва вазъияти бӯҳронӣ дар Афғонистон ишора карда, гуфтааст, расидагӣ ба мушкилоти ҷиддии ҳуқуқи башар ва вазъияти бади иқтисодӣ ва ташкили ҳукумати фарогир дар ин кишвар хости ҳама кишварҳои ҳамсоя аст.

Тоҷикистон бо Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак дорад ва Шараф Раҳимӣ гуфтааст, ки ҳама кишварҳои кӯмакрасон метавонанд аз марзҳои Тоҷикистон истифода кунанд.

Ахиран Тоҷикистон ҳама пулҳои марзӣ бо Афғонистонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дигарбора боз кард.

Пас аз ба сари қудрат омадани Толибон, мақомоти Тоҷикистон дар мавориди зиёде нигаронии худро аз ҳузури ҷанҷӯёни тоҷик дар хоки Афғонистон иброз доштаанд. Дар авоили моҳи ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз се тан аз ҷангиёни гурӯҳи "Ансоруллоҳ" кушта шуданд. Мақомоти тоҷик эълон карданд, ки онҳо бо силоҳу таҷҳизоти зиёд аз қаламрави Афғонистон вориди Тоҷикистон шуданд.

Иттиҳоми Додситонии Швейтсария алайҳи Гулнора Каримова

Гулнора Каримова
Гулнора Каримова

Додситонии кулли Швейтсария рӯзи 28-уми сентябр айбномаи худро ба зидди Гулнора Каримова, духтари калонии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов ба додгоҳ фиристодааст.

Додситонии кулли Швейтсария рӯзи 28-уми сентябр айбномаи худро ба зидди Гулнора Каримова, духтари калонии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов ба додгоҳ фиристодааст.

Додситонӣ аз додгоҳи Швейтсария хостааст, ки дороиҳои ҳабсшудаи Каримова баробар ба тақрибан 500 миллион доллар мусодира карда шаванд.

Бино ба хабарҳо, Каримова гуё аз соли 2001 то 2013 созмони ҷиноиеро ба номи "Офис" раҳбарӣ мекард, ки ба ҳайати он даҳҳо ширкат ва одамон дохил буданд. Онҳо бо истифода аз хушунат ва таҳдид фаъолиятҳои ҷиноии худро ҳамчун тиҷорат пеш мебурдаанд.

Гулнора Каримова ба он гумонбар аст, ки ҳамчун раҳбари "Офис" дар таъсиси созмон ва оғози фаъолиятҳои ҷиноии он, аз ҷумла кушодани суратҳисоб дар бонкҳои Швейтсария ба номи аъзои созмон ва ширкатҳои он, интиқоли дороиҳои ҷиноӣ ва додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ширкат доштааст.

Додгоҳи шаҳри Тошканд Каримоваро бо гуноҳи фасодкорӣ, саркашӣ аз пардохти молиёт (андоз) ва қаллобӣ 13,4 сол зиндонӣ кардааст.

Нисбат ба Каримова ҳамзамон дар чанде аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Амрико, Швейтсария, Шветсия, Ҳолланд ва Фаронса парванда боз ва амволи ғайриманқули вай, ки садҳо миллион доллар арзиш дорад, ҳабс шудааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG