Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Як ронандаи тоҷик ҳар рӯзи ҷумъа ба мусофирон дар як хатсайри Душанбе бепул хидмат мерасонад. Хӯҷамурод Ҳалимов мегӯяд, дуои хайри мардум барояш кофист.
Русия кори аксар Шӯроҳои илмиро дар Тоҷикистон мутаваққиф кардааст. Олимони тоҷик маҳз дар шӯроҳои илмӣ рисолаҳои худро дифоъ карда, ба Русия мефиристоданд, то Комиссияи олии аттестатсионӣ кори онҳоро арзёбӣ ва барояшон унвони илмӣ диҳад.
Модари Оминаи 21-сола, ки ҷасадаш се моҳ қабл дар хонаи шавҳар ошкор шуд, мегӯяд, то ҳол намедонад сабаби марги духтараш чӣ буд. Танҳо мегӯяд, Омина ба хотири ҳифзи оромии хонавода то лаҳзаи охир дарду азобашро пинҳон доштааст.
Як масъули вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, ки забони русӣ бояд дар кишварҳои узви ИДМ ҳамчун забони дуюми давлатӣ қабул шавад. Аммо намояндагони парлумони Тоҷикистон ва коршиносони тоҷик мегӯянд, забони давлатии ин кишвар тоҷикӣ буда ва зарурате барои забони дуюми давлатӣ вуҷуд надорад.
Як масъули Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки забони русӣ бояд дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (CНГ) ҳамчун забони дувуми давлатӣ қабул шавад.
Ҳамсари Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки ҳанӯз наметавонад ба фарзандонаш бигӯяд, ки падарашон дар пушти панҷара аст ва ба онҳо гуфтааст, ки ӯ дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад.
Баъди 12 соли таъхир дар Тоҷикистон дубора барномаи фарҳангии "Рӯзҳои Қирғизистон" шурӯъ шуд. Мақомот умед доранд, ки равобити миёни ду кишвари ҳамсоя тавассути фарҳангу ҳунар дар ҳалли масоили ҷиддии марзӣ мусоидат мекунад
Дувоздаҳ сол баъд дар Тоҷикистон дубора рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон баргузор мешавад. Мақомот мегӯянд, баъди як муддат таъхир дар ҳамкориҳои фарҳангиву иҷтимоии ду ҳамсояи наздик, бояд иртибороти пешина ба хотири коҳиши танишҳои марзӣ аз сар гирифта шавад.
Беш аз 300 хонаводае, ки наздик ба хатти парвози фурудгоҳи низомии Айнӣ, дар 15-километрии ҷанубу ғарби Душанбе зиндагӣ доранд, аз қаламрави ин майдони ҳавоӣ ба минтақаҳои дигар кӯчонида мешаванд.
Дар Тоҷикистон ҷавонҳои зиёд мехоҳанд дар хориҷа таҳсили илм гиранд ва омӯзиши пешниҳоди “Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ”, ки ҳамасола аз ҷониби сафорати ИМА ташкил мешавад, пеш аз ҳама шонси пайдо кардани ҷои муносиб ва аз рӯи имконият – ройгони таҳсил дар хориҷа аст.
Рӯзи 10 ноябр кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон иди касбии милисаро таҷлил карданд.
Кор аз рӯи ихтисос ва бо забони англисӣ дигар як орзуи холӣ нест, балки воқеият аст. Донишҷӯёни риштаи англисии донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тамоми дарсҳои ихтисоси худро ба ҳамин забон меомӯзанд
Кор аз рӯи ихтисоси худ ба забони англисӣ дигар як орзуи холӣ нест, балки воқеият аст. Донишҷӯёни риштаи англисии донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тамоми дарсҳои ихтисоси худро ба ҳамин забон меомӯзанд
Натиҷаи як таҳқиқоти Кумитаи кор бо занон нишон додааст, ки баъзе аз мақомдорони тоҷик аз ҳамсару духтарони худ пӯшидани либоси мазҳабӣ, аз ҷумла рӯсариро тақозо мекунанд. Маҳбуба Азимова, як намояндаи Кумитаи кор бо занон, гуфт, ин мақомдорон асосан ҷавононанд.
Натиҷаи як таҳқиқоти Кумитаи кор бо занон нишон додааст, ки баъзе аз мақомдорони тоҷик аз ҳамсару духтарони худ пӯшидани либоси мазҳабӣ, аз ҷумла рӯсариро тақозо мекунанд. Маҳбуба Азимова, як намояндаи Кумитаи кор бо занон, гуфт, ин мақомдорон аксаран ҷавононанд.
Даминҷон Эргашев – сокини 64-солаи хонаи пиронсолони ноҳияи Бохтар – рӯзҳои пурдарду аламашро дар шаҳри Алма-Ато аз ёд набурдааст, вале гуноҳи марду занеро, ки ӯро аз Тоҷикистон ба пойтахти кӯҳнаи Қазоқистон бурда ба гадоӣ маҷбур кардаанд, бахшид.
Орзу 14 сол дорад ва дар канори бозори "Саховат"-и Душанбе ба шустани нақлиёт машғул аст ва бар ивази шустушӯи ҳар мошин, аз 5 то 10 сомонӣ ба даст меорад. Мегӯяд, вақте падараш модар ва ӯву ду хоҳарашро танҳо гузошт, маҷбур шуд дар паҳлӯи модар бошад ва ба ӯ кӯмак кунад.
Бо наздик шудани фасли сармо таваҷҷӯҳи сокинон ба пешгӯии обу ҳаво ҳарчӣ бештар шудааст. Сокинон мегӯянд, махсусан дар ин шабу рӯз барояшон донистани онки борон меборад ё барф хеле муҳим аст, чун мувофиқ ба он либос бипӯшанд.
Аксари онҳое, ки муҳимтарин рӯйдоди сиёсии Амрикоро тавассути телевизион ё интернет пайгирӣ мекунанд, мегӯянд, аз лаҳни баҳсҳои тунди номзадҳои аслӣ – Доналд Трамп ва Ҳилларӣ Клинтон чандон хуш нестанд, вале бовар доранд, ки номзади арзанда шояд интихоби демократҳо бошад.
Дар Тоҷикистон назарҳо дар бораи номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико гуногун аст, вале зоҳиран тарафдорони Ҳиллари Клинтон зиёдтаранд.
Ёфтҳои бештар