Пайвандҳои дастрасӣ

Иброҳим Зоиров ронандаи маршруткаи рақами 32 соатҳои дароз дар рӯз мусофиркашонӣ мекунад. Дар кӯчаҳои серодами Душанбе ҳар лаҳза мусофиронаш нав мешаванду ҳар нафар бо хулқу хӯи худ рафтор мекунад: яке бо чеҳраи гирифта ва норозӣ аз зиндагӣ, дигаре дар ғарқи фикру мушкилоти худ, саввуми дар ҳолати шодӣ вориди мошинаш мешаванд ва гоҳо осоре аз ин рӯҳияи худро ҳам дар ин дохил мегузорад.

Иброҳим Зоиров мегӯяд, ба фарқ аз дигар ронандаҳои мусофирбар, барои ӯ муҳим аст, ки муштариёнаш розиву хушҳол то манзил бирасанд. Ӯ мегӯяд, бисёр мехоҳад барои муштариёнаш дарси хушбахтӣ диҳад, то ки ҳадди аққал як нафар дар ин рӯз хушҳолу хушнуд бошад.

Зоиров гоҳо машқи шеър ҳам мекунад ва барои муштариёни ғамгину озурда пеш аз берун шудан аз мошин чанд мисраъ шеърашро ҳам бо нияти рӯзу хубу табъи хуш тақдим мекунад:

Корат чун мавҷи дарё дар шитоб аст,

Ҳамаи меҳрубонит як китоб аст,

Лоиқи таъриф бувад ин кори ту,

Обрӯву эътибор, номат накӯ.

Иброҳим Зоиров, таҷрибаи зиёди ронандагӣ дорад ва маҳз сари чанбари мошин ҳам илҳоми шеърнависиаш бедор мешаваду эҷод мекунад. Қаҳрамони шеърҳояш ҳам аксаран ду гурӯҳ одамонеанд, ки давоми рӯз бо ӯ зиёд рӯ ба рӯ мешавад: кормандони бозрасӣ ва мусофирон. Ин ронанда худро як инсони хушбахт медонад, чун аксаран дар роҳ бо нозироне рӯ ба рӯ мешавад, ки бо ӯ муносибати хуб доранду дағал нестанд. Аммо иқрор мешавад, ки шояд ин ҳам ба хотирест, ки ӯ бо онҳо бархӯрди хос дорад.

“Субҳ соати 6 мо ба мусофиркашӣ шурӯъ мекунем. Агар ягон иштибоҳе шуд, манъ мекунанд, вале дар маҷмӯъ бачаҳои хубанд, аммо агар манъ ҳам карданд, ман бо сухани хуб ва ягон шеър корро ҳал мекунам. На фақат шеърҳои худ, балки пораҳои эҷоди шоирони маъруфро ҳам мехонам. Ба баъзеаш аз Лоҳутӣ ҳам ёдовар мешавам, ки гуфтааст:

Ҳар шаб зӣ худат бипурс, агар ту мардӣ,

К-имрӯз чӣ хидмате ба ма мардумат кардӣ?

Иброҳим Зоиров мегӯяд, дар миёни корманди бозрасии давлатии автомобилӣ нафарони зиёдеро мешиносад, ки на пулдӯсту дағалгуфтор, балки фарҳангдӯстанд ва қадри шеъру дӯстдорони онро медонанд. Ӯ аз Абдурасул, як кормандони бозрасӣ ном мебарад, ки чанд шеър ҳам дар васфаш навиштааст.

Барои онҳое, ки ба қавлаш бераҳму ҳарисанд, ҳамчунин бо назм посух медиҳад: Баъзан милисаҳо бо радар дар ҷойҳои ноайён барои ронандаҳо меистанд. Ман дар ин бора гуфтам:

Дар паси ҳар хаму ҷар,

Нозир истад бо радар,

Ронанда ронандаро

Бо чароғ кунад хабар”

Иброҳим Зоиров мегӯяд, гоҳо шоҳиди он ҳам мешавад, ки бо ҳарфи худ бархе нозирони роҳ ваё мусофиронро “тарбия” мекунад ва ба онҳо аз рафтори хубу одамгарӣ ёдовар мешавад:

“Як ҷавони мусофир як рӯз хост дар пеши мошин нишинад, аммо нафари дигар пешдастӣ кард. Он ҷавон то расидан дағалӣ карду маро дашном дод. Ман ҳам сарамро рӯйи чанбар мондаму гуфтам:

Буд вақте дошт инҷо ҳам низом,

Буд ҳурмат байни мардум эҳтиром,

Як зане зойид чунин харбачаро,

Рафт аз байн ҳурмату ҳам эҳтиром.

Навиштаҳои Иброҳим Зоиров дар дафтарчаи сайёри шеъраш нигошта шудааст. Агар фурсати навиштан нашуд, дар хотираш гирифта дар як истгоҳи муносиб зуд рӯи коғаз меорад.

Иброҳим падари 7 фарзанд аст ва ҳамин чанбари мошин манбаи аслии даромади хонаводааш мебошад. Вай мегӯяд, фарзандон ҳам аз эҷодкории падару заҳматҳои ҳамарӯзааш ифтихор мекунанд. Мегӯяд, умедвор аст, ки фарзандон ҳам аз рафтори ӯ ибрат гирифта фардо инсонҳои хубу меҳрубоне мешаванд ва барояш ҳамин чиз ҳам муҳимтар аз ҳар чизи дигар аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG