Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Диловар 30 сола аст ва дар миёни корбарони Ютуб бо сӯҳбатҳои кӯтоҳ, аммо тарбиявии худ маъруф аст. Муносибати зану шавҳар, аз ҳампошии хонаводаҳо, нобаробарии ҷинсӣ, муҳоҷират ва ёди модар аз мавзӯҳоест ки ин видеоблогери тоҷик дар наворҳои кӯтоҳи худ рӯ овардааст.
Салима Ҷӯраева як сол боз дар ҷустуҷӯи келини мувофиқ барои писараш аст. Ба чанд даре, ки бо ин ният рафт, посухи рад гирифт. Фарзанди 23-солаи ӯ дар хурдӣ осеб гирифтаву нуқси ҷисмонӣ дорад. Модар мехоҳад, ӯро хушбахт бубинад ва ягон духтари ҳамтақдирашро барояш хостгорӣ кунад.
Раҳбари Коллеҷи хореографии Тоҷикистон фармони худ дар бораи аз кор озод намудани Саида Рустамова -- омӯзгореро, ки барои гӯш накардани паёми президент аз кор ронда шуд, бекор кардааст.
Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба таври ғайримустақим чандҳамсариро дар кишвар тасдиқ кард.
Дар Тоҷикистон як марказе барои таҳқиқ ва эмин нигаҳ доштани пиряхҳо таъсис медиҳанд. Шаст дар сади оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегирад ва дар сурати аз байн рафтани онҳо миллионҳо нафар беоб мемонанд.
Сабоҳат Сангова, зани 65-сол, яке аз камтарин занҳои қавми лӯлӣ дар Тоҷикистон аст, ки рӯзашро бо набераҳо дар хона мегузаронад. Ӯ ба фарқ аз занони дигари лӯлӣ, борхалта дар пушт, дар ба дар намегардад.
Як номаи кӯтоҳ аз Салиби Сурх модареро ба дидори духтар ва 4 наберааш, ки дар урдугоҳе дар Ироқ қарор доранд, умедвор кардааст. Акнун ӯ ҳар рӯзашро дар интизори як хабари хуш ва ё номаи дигаре шом мекунад.
Як номаи кӯтоҳ аз Салиби Сурх модареро ба дидори духтар ва 4 наберааш, ки дар урдугоҳе дар Ироқ қарор доранд, умедвор кардааст.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таҳсили беш аз 25 хонанда дар як синфро ғайри қобили қабул меномад, дар ҳоле, ки дар бархе мактабҳои кишвар мушкили таҳсили даҳҳо талаба дар як синф падидаи нав нест
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таҳсили беш аз 25 хонанда дар як синфро ғайри қобили қабул меномад, дар ҳоле, ки дар бархе мактабҳои кишвар мушкили таҳсили даҳҳо талаба дар як синф нав нест
Мақомоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ки давоми 11 моҳи соли 2017 дар саросари кишвар беш аз 10 ҳазор волидон бар пояи қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, муҷозот шудаанд.
Ҳаводорони молҳои брендҳои маъруфи либосфурӯшии “Zara”, “Adidas”, “Flo” ”LC Waikiki’ ҳамакнун метавонанд, бидуни мушкил дар Душанбе моли мавриди назари худро ба даст оваранд.
Ба муроҷиати писари Дилбар Рузиматова дар идораи шабакаҳои барқии Душанбе гуфтаанд, барои як хатои ҳисобкунаки пули барқ, пули нерӯи барқи истифодакардаи онҳо барои чанд моҳ кам ҳисоб шудааст ва акнун онҳо бояд ҳамон пули камомадаро пардохт кунанд.
Муносибати модархонду падар бо ӯ тадриҷан тағйир ёфт ва вақте дар он хона тифл ба дунё омад, дигар волидон тасмим гирифтанд Беҳрӯзро ба ятимхона баргардонанд.
Беҳрӯз 20 сол дорад ва дар ин муддат чанд бор зиндагиро аз нав шурӯъ кардааст. Ин ҷавон, ки мегӯяд, ятими кулл аст, дар паёме ба онҳое, ки мехоҳанд тифлеро ба фарзандӣ бихонанд, мегӯяд, пеш аз гирифтани чунин як тасмими ҷиддӣ хуб фикр кунанд, то баъд ятимеро ноумеду дилшикаста насозанд.
Абдумӯъмин Шарифӣ, ҳунарпешаи миёнасоли тоҷик табиатан як одами ором аст, вале ҳар дафъае, ки шоҳиди рафтори берун аз одобу ахлоқи нафаре мешавад, нороҳат ва асабонӣ мешавад.
Зиёда Абдуллоева ҳар субҳ ба Консерватория барои таҳсил мераваду баъди дарс барои шогирдони хурдсол дарси найнавозӣ медиҳад. Вале шом зиндагии ӯ дигар мешавад.
Фарҳангиён дар Душанбе мегӯянд, ки рафтори ҷавонон дар пойтахти Тоҷикистон бад шудааст ва лафзу муомилаи бад ба як расми маъмулӣ табдил ёфтааст.
Бо ин ки эътирозҳои мардумӣ дар Эрон наздики як ҳафта аст, ки дар сархати ахбори ҷаҳон қарор гирифтанд, эрониҳои муқими Тоҷикистон аз ин таҳаввулот интизороти ҷиддие надоранд.
Ёфтҳои бештар