Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Рӯзи 10 май дар пойтахти Тоҷикистон чаҳор троллейбусе ба гардиш даромад, ки набудани барқу канда шудани хатти барқ ба онҳо таъсир надорад. Ин троллейбусҳо ҳангоми ҳаракат бо сим, дар худ нерӯи барқро захира мекунанд. Ба гуфти ронандаҳо, дар ҳолати қатъи интиқоли нерӯи барқ, троллейбусҳо метавонанд,
Рӯзи 10 май дар пойтахти Тоҷикистон чаҳор троллейбусе ба гардиш даромад, ки набудани барқу канда шудани хатти барқ ба онҳо таъсир надорад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 8 май бо судури ҳалномаи худ ба як баҳсе ба дарозои 13 сол нуқта гузошт.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 8 май бо судури ҳалномаи худ ба як баҳсе ба дарозои 13 сол нуқта гузошт. Додгоҳи олӣ қарори суди пойтахтро дар мавриди баҳси манзил миёни Умаралӣ Саидов, як сокини шаҳри Душанбе бо ҳамсари бародарашро бекор кард.
Гулсифат Шаҳидӣ, нависанда ва журналисти тоҷики муқими Маскаву Лондон мехоҳад, хонандагонаш бештар тоҷикзабонон бошанд. Ӯ барои рӯнамоии китоби навбатияш бо забони тоҷикӣ зери номи "Афсонаҳои Гулсифат-бибиҷон", ба Тоҷикистон омад.
Баъзе аз сафирони кишварҳои ғарбӣ дар Рӯзи озодии матбуот аз баста мондани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон сахт танқид карданд.
Дар Рӯзи озодии баён Радиои Озодӣ бо Далер Шарифов, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯҳбате анҷом дода, нахуст аз ӯ пурсида шуд, ки то куҷо матбуот дар Тоҷикистон озод аст?
Ҳамасола сеюми май Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ҷашн гирифта мешавад ва дар Тоҷикистон ҳам ба ин муносибат ҳамоише баргузор шуда, дар он аз вазъи феълии матбуоти кишвар баҳсу баррасиҳо сурат мегиранд.
Камчин шудан ва боло рафтани қимати гӯшт дар бозорҳои шаҳри Душанбе дар остонаи моҳи Рамазон аксар сокинони кишварро нигарон кардааст. Нархи як кило гӯшт дар 3 рӯзи ахир аз 40 то ба 45 сомонӣ расид. Дар баъзе аз дӯконҳо гӯшти сифаташ хуб бо арзиши 50 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Камчин шудан ва боло рафтани қимати гӯшт дар бозорҳои шаҳри Душанбе дар остонаи моҳи Рамазон аксар сокинони кишварро нигарон кардааст.
Ҷонварони безабон, аммо аз нигоҳи маҳзуну имдодталабонаи онҳо метавон дарду ранҷашонро эҳсос кард. Ин тасвир аз сагу гурбаҳои хиёбонӣ аст, ки дар як чорабинӣ дар Душанбе намоиш дода шуд. Як гурӯҳ аз фаъолони ҷомеа бо ин иқдом аз сокинон хостанд, ба ин ҷонварон кумак кунанд.
Break-dance (брейкданс) барои Фирдавс Ҷӯраев, сокини шаҳри Душанбе, танҳо ҳоббӣ ё шуғли дӯстдошта нест. Ӯ мехоҳад, аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон нишони қаҳрамонӣ орад.
Яке аз мутрибони дастаи "Навои Аҷам" мегӯяд, омехта кардани усулҳои классикӣ бо шеваҳои нав ба мусиқӣ таровати дигаре мебахшад. Гуфтугӯ бо Сироҷиддин Ҷӯраев инҷо бубинед.
Дар Душанбе китоби шоираи афғон Ноҷияи Карим "Рангинсипеҳр" рӯнамоӣ шуд, ки бо хатти сириллик аз чоп даромад ва "садои як зан дар баробари хушунату зуроварӣ дар як кишвари ҷангзада" унвон ёфт.
Масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист аз аввали моҳи май ба поккории деҳаҳое дар вилояти Хатлон оғоз мекунанд, ки дар гузашта партовгоҳи заҳрҳои кимиёвӣ будаанд.
Ӯлмас Боронов як корманди собиқи фурудгоҳи Душанбе ҳафт моҳ пеш ба сафи бекорон пайваст. Дар ин муддат тамоми талошҳояш барои пайдо кардани кори нав бенатиҷа анҷом ёфтааст.
Ёфтҳои бештар