Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сумая бояд 8 бор ҷарроҳӣ шавад. Пули муолиҷааш ба поён мерасад.ВИДЕО


Дастони Сумаяро ба кати беморӣ бастаанд.
Дастони Сумаяро ба кати беморӣ бастаанд.

Сумаяи якунимсола дарди бадани сӯхтаашро бо гиря сабук мекунад. Гиряи беисти ин тифл, ки ҳанӯз дуруст ҳарф намезанад, шояд шикоят аз бепарвогии модару хоҳар аст, ки ӯро ба ин ҳол гирифтор карданд.

Сӣ дарсади бадани Сумая аз тахтапушт то нуги пойҳо сӯхтааст. Болои ин ҳама табибон дастонашро ба бистари хобаш бастаанд, то захмҳоро кандаву хуншор накунад. Сумая рӯзи 12-уми август замоне сӯхт, ки модараш сари кор буд ва ӯро хоҳари 10-солааш нигоҳубин мекард.

Иштибоҳи хоҳари 10-сола, ки худаш ҳам тифл аст, сабаби ҳодиса шуд. Модараш Сурайё Абдулхайрова ҳодисаро ба Радиои Озодӣ чунин нақл кард: «Сумая дар ҳамон шабурӯз шикамдард буд ва тез-тез либосашро иваз мекардем. Вақте ин навбат ҳам апааш мехоҳад, ӯро бишӯяд, обро носанҷида, ки гарм, ё хунук аст, мекушояд. Оби ҷӯше, ки аз термекс меояд, бадани кӯдакро месӯзонад».

Сумая дар шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи Маркази тиббии рақами 3-и Душанбе табобат мегирад. Сураё Абдулхайрова мегӯяд, барои табобати духтараш ба доруву дармони зиёд ниёз дорад, аммо маблағ барои он пайдо карда наметавонад ва ба афроди хайрхоҳ мӯҳтоҷ шудааст. Духтараш ба чанд ҷарроҳӣ ниёз дорад ва барои омода шудан ба ин амалиётҳои мушкил бояд рӯзе аз 800 то 1000 сомонӣ барои доруву даво харҷ кунад.

Гиряи беисти Сумаяи якунимсола ва мӯҳтоҷи кумак
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:31 0:00

Ӯ мегӯяд: “Дар баробари доруву дармон, плазмаву хун мехарам. Шукр, ки афроди хайрхоҳ то имрӯз бештар аз 10 ҳазор сомонӣ кумак карданд”. Падари Сумая дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст ва худи ӯ бо пуле, ки аз ороишгоҳ ба даст меорад, се фарзандашро таъмин мекунад ва пули иҷораи хона месупорад: “Шавҳарам ҷои кори хуб ҳам надорад. Дар ин муддате ки мо дар бемористон бистарӣ ҳастем, шавҳарам ҳамагӣ панҷ ҳазор рубл фиристод, ки танҳо барои чанд дору ва як плазма кофӣ буд”.

Табибон барои аввалин ҷарроҳии тифл омодагӣ мегиранд. Онҳо мегӯянд, Сумая бояд дастикам ҳашт ҷарроҳиро пушти сар кунад. Шералӣ Соҳибов пизишке, ки Сумаяро муолиҷа мекунад, гуфт, вазъи бемор «ниҳоят вазнин» арзёбӣ мешавад. Ӯ, ки вазъи беморро бо забони табибон тасвир мекард, гуфт: «Ҳангоми бистарӣ кардан 36 дарсади масоҳати бадан бо оби ҷӯш сӯхта буд. Ҳар як фоизи амиқи ҷароҳатҳои сӯхта баробари 3 дарсади ҷароҳатҳои рӯякӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин сабаб агар ҳисоб кунем, мувофиқи индекси Франк, ҳар як 30 дарсадро ба 3 зарб занем, қариб 96 дарсади масоҳати бадан гӯё, ки ҷароҳати сӯхта гирифтааст».

Баъд аз бистарӣ шудани Сумая ва роҳ ёфтани чанд акс аз бадани сӯхтаи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, афроде ба кумаки ӯ бархостанд. Хабар ба он сӯи уқёнус ҳам расид. Корбарони тоҷик дар вебсайти “gofundme.com” саҳифаи кӯмак барои Сумая боз карданд ва аз тоҷикони Амрико хостанд, дар муолиҷаи духтаре, ки дард мекашад, саҳм бигиранд.

Сумая аз тахтапуш то ба нӯги ангуштон сӯхтааст.
Сумая аз тахтапуш то ба нӯги ангуштон сӯхтааст.

Ба хотири шаффофият дар ин кори хайр пулҳои ҷамъшуда ва исму насаби афроди хайрхоҳ ҳам интишор шудааст. Талоши кӯмак ба Сумаяи хурдсол аз сӯи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва созмонҳои хайриявӣ дар ҳолест, ки дар маҷмӯъ, хароҷот барои табобати бемороне мисли Сумая марҳилаи тӯлониро дар бар мегирад, аксаран ба дӯши волидайн аст. Онҳо ба ҳар василаи мумкин талош мекунанд, фарзандони худро наҷот диҳанд.

Гоҳе ҳам иттифоқ меафтад, ки қазияи кумакхоҳии волидон барои наҷоти фарзандон то ба гӯши мансабдорон мерасад. Мисли қазияи оташзада шудани Осия Зулфонова, кӯдаки шашсолаи тоҷик, ки ҷомеаро нигарон кард ва баъди дастури президент барои муолиҷаи ӯ, тавонист, баъди чиҳил рӯз ба по хезад.

Кӯмахоҳии модари Сумая барои наҷоти ҷони ӯ дар ҳолест, ки бар асоси ҳисобҳои миёна барои ҳар бемор дар беморхонаи бемориҳои сӯхта, ки то 30 ё 40 дарсади баданашон сӯхтааст, ҳудуди 800 сомонӣ лозим аст. Аммо он чӣ барои бемористонҳо ҷудо мешавад, аз 5 то 10 сомонӣ будааст. Масъулин мегӯянд, шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи Маркази тиббии рақами 3-и Душанбе, ки тобеъи ноҳияи Шоҳмансур аст, аҳамияти ҷумҳуриявӣ надорад, аз ин рӯ буҷаи бемористон барои табобат беморон ночиз аст.

Афроде, ки мехоҳанд, барои муолиҷа кӯмак кунанд, бо ин телефон + 992 888 333 503 ба модари ӯ Сурайё Абдулхайрова тамос бигиранд.

XS
SM
MD
LG