Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табиби тоҷик гуфт, "танқид ҳаст, аммо эътимод кам нашудааст" ВИДЕО


Дар бораи кори пизишкон дар Тоҷикистон назарҳо яксон нест. Агар иддае аз кори онҳо розианд ва бо эҳтиром сухан мегӯянд, баъзеи дигар табибонро ба "камдонишӣ" ва "тамаъҷӯӣ" айбдор мекунанд.

Ҳарду тараф барои чунин иддао далелҳои худро доранд. Гурӯҳи аввал "дастгоҳҳои муосиру меҳрубонии пизишкони тоҷик, хадамоти арзони тиббӣ ва афзоиши ҷарроҳии хориҷиён дар Тоҷикистон"-ро намуна меоранд. Гурӯҳи дувум "биноҳои фарсудаи шифохонаҳо, хадамоти аз нигоҳи онҳо гарон ва бемасъулиятии баъзе пизишкон"-ро номбар мекунанд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар остонаи рӯзи табибон, ки ҳар сол 18-уми август таҷлил мешавад, ба суроғи яке аз пизишкони тоҷик рафтанд, то ба дарди дилаш гӯш диҳанд ва ҳам ба ин суолҳо посух ёбанд, ки

  • оё бовари сокинони кишвар ба пизишкон кам шудааст?
  • оё табибон дар фикри беморон ҳастанд?
  • ва рӯзгори онҳо чӣ гуна сипарӣ мешавад?

Қаҳрамони имрӯзаи гузориши мо Махфират Бадалова, пизишки занона аст, ки дар бемористони рақами 13-и шаҳри Душанбе кор мекунад. Вай мегӯяд, аз назарҳои гуногун дар бораи фаъолияташон хабар дорад, вале ҷавобаш ин аст, ки "панҷ панҷа баробар нест".

Ӯ дар навбати худ аз баъзе беморон гила кард, ки "заҳматҳои шабонарӯзии онҳоро нодида мегиранд ва дар ҳаққашон достонҳои ваҳшатнок мебофанд".

Солҳои охир матбуоти Тоҷикистон борҳо аз кам шудани эътимоди сокинон ба пизишкон гузориш додаанд. Чандин шикоят ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, ки мегӯяд, табибон бе пул ба салом "алейк" намегиранд.

Махфират Бадалова рӯзи 17-уми август ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, ҳеч гоҳ аз интихоби ин касб пушаймон нест, чун ба қавли ӯ, "мардум ҳанӯз бовар ва эҳтиром мекунанд. Ҳатто дар тӯю мотам ором намегузоранд. Дарҳол дарди дил мекунанд ва машварат мепурсанд. Мо ҳам ҳар коре аз дастамон омад, мекунем."

Бадалова корро аз як нуқтаи тиббӣ дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ оғоз кардааст. Мегӯяд, он вақт натанҳо занон, балки ҳамаи корафтодаҳо ба ӯ муроҷиат мекарданд, чун камбуди табибон вуҷуд дошт. Дертар ӯ ба пойтахт кӯчид. Ду сол пеш бознишаста шуд, вале кор мекунад, чун ба нерӯву таҷрибааш ниёз ҳаст.

Ин пизишки тоҷик мегӯяд, мушкил натанҳо дар кори табибон, балки дар аксар бахшҳои иҷтимоӣ мушоҳида мешавад ва он бо гузашти замон рафъ мегардад. Вай вазъи ҳозираи тибро бо ҳолати солҳои ҷанги дохилӣ муқоиса мекунад, ки ба гуфтаи ӯ “тафовут хеле зиёд аст”.

“Он солҳо таваллуди кӯдакон бештар дар хонаҳо сурат мегирифт, камбуди пизишкон буд ва дастгоҳҳо фарсудаву корношоям шуда буданд. Ҳоло ба ҷуз аз бемористонҳои давлатӣ шифохонаҳои мустақили тиббӣ низ боз шудаанд ва аз ҷарроҳии одӣ то пайванди аъзои баданро анҷом медиҳанд”, -- гуфт ӯ.

Вале ба ин бовар аст, ки табибон бояд бо корафтодаҳо муомилаи хуш дошта бошанд. Ноумед аз дар рондани корафтодаҳоро аз хислатҳои пизишкон намедонад. Ба назари ӯ, “беморон ниёз ба ҳарфи хуби табибон доранд, то ба доруву дармон”.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Табиби тоҷик гуфт, "эътимоди сокинон кам нашудааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00

Ӯ мегӯяд: “Ҳеҷ кас наметавонад дарди худро якбора ва ошкоро ба табиб бигӯяд. Вақте бо ӯ гап мезанӣ, ба дарди дилаш гӯш медиҳӣ, чизе мегӯяд, ки ҳам ба нафъи худаш аст ва ҳам табиб. Бемор чӣ мехоҳад ва чаро маҳз назди ту омадааст, ин бояд аз суолҳое бошад, ки ҳамеша дар зеҳни ҳар пизишк давр занад.”

Ҳоло дар назди Махфират Бадалова табибони ҷавон таҷриба мегиранд. Ният дорад, ки дониши гирифтаи худро ба онҳо бидиҳад ва сипас бо хотири ҷамъ даврони пирӣ ронад.

Вай мегӯяд, дар миёни табибони ҷавон афроди содиқ ба касб ҳастанд, ҳарчанд рад намекунад, ки баъзе аз онҳо бо дониши нокофӣ ва рафтори начандон хуб мехоҳанд ин унвон ва эҳтироми сокинонро соҳиб шаванд.

Ин нуктаро мақомот низ тасдиқ мекунанд ва ва мегӯянд, танҳо дар даҳ моҳи соли гузашта беш аз 40 пизишкро барои хато ва муносибати нодуруст бо беморон ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз коршиносон мегӯянд, бисёре аз пизишкони варзида бинобар маоши пасту ночиз ва бетаваҷҷуҳии мақомот аз кишвар берун рафтаанд. Бисёре аз табибони тоҷик дар Русия ва кишварҳои дигар кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ба ислоҳоти фарогир ниёз дорад.

Шарҳҳоро бинед (41)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG