Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Дар бозорҳои Тоҷикистон ин шабу рӯз мева ва дигар маҳсулоти полезӣ бештар ба назар мерасад, вале гаронии нархҳо боис шудааст, ки на ҳама ба чунин маҳсулот дастрасӣ дошта бошанд.
Гуруҳе аз тоҷирони "Корвон" гуфтанд, ки арзиши ҷой, пардохти ҳаррӯза ва ҳаққи посбонҳо дар бозори калонтарини Душанбе афзуда, онҳоро бо мушкил дучор кардааст. Мудири бозор тасдиқ кард, ки арзиши хадамот тағийр ёфт, вале мегӯяд, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.
Дар порлумони Тоҷикистон созишномаеро бо Русия тасдиқ карданд, ки бар асоси он ба муҳоҷирони кории тоҷик ҳаққи бознишастагӣ ё нафақа дода мешавад, аммо бо як шарт.
Дар порлумони Тоҷикистон созишномаеро бо Русия тасдиқ карданд, ки бар асоси он ба муҳоҷирони кории тоҷик ҳаққи бознишастагӣ ё нафақа дода мешавад, аммо бо як шарт. Мақомот гуфтанд, танҳо шаҳрвандоне, ки андози иҷтимоӣ супурдаанд, аз ин имконият баҳравар мегарданд.
Гурӯҳи соҳибкорони бозори калонтарини Душанбе аз боло рафтани ҳаққи иҷора дар "Корвон" шикоят мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, аз аввали моҳи апрел аз онҳо пардохти бештари хароҷоти вобаста ба ҳаққи кор дар Корвон, мисли иҷораву чекпулиро талаб мекунанд.
Зуҳро Сайфуллоева, модари 6 фарзанд аз болои ҳукми моҳи марти додгоҳи шаҳри Ҳисор ба Додгоҳи олӣ шикоят карда озод шудани шавҳари чӯпони кирояашро талаб дорад.
Лӯлитаборон дар Тоҷикистон мехоҳанд ба оҳистагӣ аз талбандагӣ даст бикашанд ва бо ҷалби фарзандонашон ба мактаб зиндагии худро дар оянда аз роҳи дигар таъмин кунанд.
Рӯзи 2-юми апрел дар Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳо моҳи Рамазон фаро мерасад. Бо наздик омадани ин моҳи барои мусалмонон муқаддас, сокинон дар Тоҷикистон аз болоравии нархи маҳсулот шикоят доранд. Мақомот бо ташкили ярмаркаҳо талош доранд, нархҳоро “дар як сатҳ” нигоҳ доранд.
Ҳабиб Давлатов, варзишгари тоҷик, ки баъди ду ҳафтаи ҳамлаи Русия ба Украина аз шаҳри Харков фирор кард, аз даҳшатҳои дидааш ба Радиои Озодӣ нақл кард. Давлатов мегӯяд, шоҳиди он шуд, ки неруҳои Русия ба боғчаву мактаб ва беморхонаҳо ҳамла карданд. Ҳабиб Давлатов 3 соли ахир дар Харков мезистааст.
24-уми март рӯзи огаҳӣ аз бемории сил аст. Ҳар рӯз садҳо нафар дар ҷаҳон бар асари он ҷон медиҳанд. Пизишкон сабаби паҳншавияшро шароити номусоиди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ медонанд. Дар Тоҷикистон ҳам шумораи гирифторони сил кам нест. Хабарнигори Озодӣ аз мардум пурсид, ки дар бораи сил чӣ медонанд.
Як навраси 12-солаи тоҷик, аз ду даст маҳрум аст, вале ҳама корро бо пойҳояш анҷом медиҳад. Ӯ мегӯяд, "барои иҷрои амале ё кумак ба атрофиён на доштани даст, балки бештар майлу ирода муҳим аст". Онҳо дар маҳаллаи Болошаҳри ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ доранд.
Юсуфҷон Буриев, навраси 12 солаи тоҷик аз ду даст маҳрум аст, вале мисли дигарон дар корҳои хона ба волидон кӯмак мерасонад. Хонаводааш талош мекунанд, то ӯ муҳтоҷи ёрии дигарон набошад ва бештари корҳоро худаш анҷом бидиҳад. Онҳо дар маҳаллаи Болошаҳри ноҳияи Рӯдакӣ ба сар мебаранд.
Дар шаҳри Душанбе аз Тӯрақул Зеҳнӣ, шоиру забоншинос ва муаллифи "Санъати сухан", ки бархе ӯро "дасти рости Айнӣ" ҳам меноманд, ёд оварданд. Ӯ 130 сол пеш ба дунё омад ва дар солҳои чилуми асри гузашта зери истибдоди сталинӣ ба Сибир бадарға шуд.
Ба сабаби таҳримҳои иқтисодӣ ба Русия, баъзе аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар парвоз ба Тоҷикистон ба мушкил дучор шудаанд. Мусофирон мунтазиранд, ки кай мушкил ҳал мешаваду онҳо ба Русия мераванд ё аз онҷо бармегарданд.
Ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймоҳои "Уралские авиалинии" (Ural Airlines) аз Русия ба Тоҷикистон ё баръакс, садҳо нафарро дар фурудгоҳҳои Душанбеву Маскав ва шаҳрҳои дигар сарсон кардааст.
Имрӯз 20-уми мартро Созмони Миллали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ эълон кардааст. Чизе, ки ҳамаи инсонҳо мехоҳанд, ба он бирасанд ва аз ҳар роҳ. Яке аз роҳи саъю кӯшишу талош, дигарӣ аз роҳи кору заҳмати зиёд ва иддае ҳам аз роҳи дуздиву қонуншиканӣ.
Имрӯз 20-уми мартро Созмони Миллали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ эълон кардааст. Дар Тоҷикистон сокинон бар асоси кадом меъёрҳо худро хушбахт мешуморанд. Рӯзи 18-уми март Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки барои хушбахт шудан ба инсон чӣ лозим аст? Ин посухҳоро гирифт.
Нархи орд дар Тоҷикистон боз гарон шуд. Агар ду рӯз пеш арзиши як халтаи 50-килоии он 270-280 сомонӣ буд, рӯзи 10-уми март ба 290- 325 сомонӣ расид. Ин вазъ сокинонро нигарон кардааст. Баъзе аз тоҷирон дӯконҳои ордфурӯширо бастаанд. Моликони бозорҳо мегӯянд, ҷое барои ташвиш нест.
Ёфтҳои бештар