Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳном Бонӣ дар Тоҷикистон: "Барои мо баъзе маҳдудиятҳо ҳаст" ВИДЕО


Беҳном Бонӣ
Беҳном Бонӣ

Беҳном Бонӣ, овозхони шинохтаи эронӣ, ба Тоҷикистон омадааст, то рӯзи 3-юми сентябр дар Душанбе ба таври “зинда” консерт бидиҳад. Пеш аз он ба чанд суоли хабарнигорони Радиои Озодӣ посух гуфт.

Радиои Озодӣ: Ду рӯзе, ки дар Душанбе ҳастед, инҷоро чӣ гуна дарёфтед?

Беҳном Бонӣ: “Мамнунам. Аз ошноӣ бо мардуми Тоҷикистон хеле хушбахтам. Хушҳолам, ки инҷо мусиқиҳои маро гӯш мекунанд ва бо оҳангҳои ман хотира сохтаанд. Мардум инҷо энержии хуб доранд. Ҷаззобтар барои ман ин аст, ки ҳамаи мардум форизабонанд ва бо ман ҳамзабон. Ҷойҳои зиёде рафтем, эҳсос кардам, ки мардум аҳли шодиву мусиқӣ ҳастанд.”

Радиои Озодӣ: Дар бораи Тоҷикистон чӣ шунида будед ва бо чашмонатон чӣ дидед?

Беҳном Бонӣ: “Ман ба Тоҷикистон аввалин бор омадам. Қаблан ҳамкорони ман омада буданд ва аз Тоҷикистону меҳмоннавозии мардуми он зиёд таъриф мекарданд ва диқиқан ҳамин чизро дидам. Ҳатто дар маросими арӯсӣ дидам, ки аз оҳангҳои ман истифода мешавад, бароям хеле ҷолиб буд.”

Радиои Озодӣ: Ба муносибатҳои Тоҷикистону Эрон, ки гоҳе сард ва гоҳе гарм мешаванд, чӣ назар доред?

Беҳном Бонӣ: “Хушҳолам аз ин мавзуъ ва мехоҳам, миёни тамоми дунё сулҳ бошад. Ҳамин буд, ки мо ба Тоҷикистон омадем ва консерт баргузор мекунем. Инҷо бисёр чизҳоро дидам, ки форсӣ ҳастанд. Номи хиёбонҳо исми шуарои мо аст. Ҳар ҷое, ки меравам, аксҳои Рӯдакиву Ҳофизро мебинам. Ин барои ман хеле зебо аст. Умедворам, на танҳо байни мо, балки тамоми дунё сулҳ бошад. Ҷанг набошад.”

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Беҳном Бонӣ аз Эрон ба Тоҷикистон омадааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:34 0:00

Радиои Озодӣ: Аз овозхонҳое ҳастед, ки дар дохили Эрон кору зиндагӣ мекунед. Ба назари Шумо, як овозхон дар Эрон то чӣ ҳад метавонад, озод бошаду муваффақ шавад?

Беҳном Бонӣ: “Ба ҳар ҳол, барои мо як каме маҳдудиятҳо ҳаст. Ҳар таронаро наметавонем, бихонем ва маҳдудиятҳо як каме дасту дили моро мебандад. Мутмаин ҳастам, ҳар касе дар ин масир талош кунаду заҳмат кашад, муваффақ мешавад. Рӯзе ин ҳама фаро мерасад. Хушҳолам, ки ҳамватанону ҳамзабонон дар кишварҳои дунё оҳангҳоямро мешунаванд ва ин барои ман ифтихор аст.”

Радиои Озодӣ: Андешае вуҷуд дорад, ки овозхонҳои эронӣ пас аз тарки Эрон тадриҷан “маззаи” таронаҳои хубу пурмаъниеро, ки дар ватан эҷод мекарданд, аз даст медиҳанду ба эҷоди сурудҳои начандон муваффақ мепардозанд. Бо ин андеша розӣ ҳастед?

Беҳном Бонӣ: “Кӯшиш мекунам, таронаҳоям мондагор бошанд ва дар ду ё се моҳ фаромӯш нашаванд. Ман мехоҳам, оҳангҳои маро ҳама қишри ҷомеа гӯш кунанд, аз ҷавон то солхӯрда. Шеъру оҳанг барои як овозхон бисёр муҳим аст, зеро барои мондагор шудани як ҳунарманд кумак мекунад.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG