Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Нуралӣ: "Мақсади мо медали тилло буд, мо бо медал баргаштем". ВИДЕО


Эмомалӣ Нуралӣ баробари баргаштан ба Тоҷикистон бо истиқболи гарми ҳаводорону наздикон ва мақомоти варзиш рӯбарӯ шуд
Эмомалӣ Нуралӣ баробари баргаштан ба Тоҷикистон бо истиқболи гарми ҳаводорону наздикон ва мақомоти варзиш рӯбарӯ шуд

Фурудгоҳи шаҳри Душанбе шоми 19-уми август серодамтар буд. Бисёриҳо бо парчам ва шиорҳо омаданд. Ҳамаи онҳо ба истиқболи як мусофир омаданд - Эмомалӣ Нуралӣ. 

Эмомалӣ Нуралӣ дар шаҳри Гуякили воқеъ дар соҳилҳои уқёнуси Ором дар Амрикои Ҷанубӣ буд ва аз он ҷо ба Тоҷикистон медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавононро овард.

Падари Эмомалӣ - Нуралӣ Бобокалонов яке аз пешвозгирандаҳо буд. Ӯ мегӯяд, шодиаш имрӯз ҳадду канор надорад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Эмомалӣ барои расидан ба ин қуллаҳои варзишӣ аз хурдсолӣ заҳмати зиёд кашидааст. Ӯ гуфт:

"Шавқу рағбаташ зиёд буд барои гӯштин. Дар мусобиқаҳои вилояту ноҳия зиёд ширкат мекарду ҷойи намоён мегирифт. Бисёриҳо занг зада миннатдорӣ карданд. Ман ҳам бисёр миннатдорам".

Манзури падари қаҳрамони ҷаҳон устодони варзиши Эмомалӣ мебошанд. Сабзаалӣ Сайвалиев, устоди варзиш оид ба ҷудо, ки ҳамчунин ба пешвози қаҳрамони ҷавон омада буд, ӯро "фахри давлати мо" номид, ки тавонист парчами Тоҷикистонро дар ҷаҳон парафшон кунад.

Истиқбол аз қаҳрамони ҷаҳон Эмомалӣ Нуралӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Чемпионати ҷаҳонӣ оид ба ҷудо дар шаҳри соҳилии Гуаякили Эквадор аз 10 то 13 август баргузор гардид. Дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷаҳон ин паҳлавони ҷавон дар вазни то 66 кило мақоми аввалро касб кард.

Ӯ дар даври муқаддамотӣ варзишгари Италия Валерио Акколи, дар даври дуюм Максим Моундангаи фаронсавӣ, дар даври чорякниҳоӣ Муҳаммад Демирели туркро шикаст дод ва ба нимфинал роҳ ёфт.

Эмомалӣ дар даври ниманиҳоӣ Извореану Радуро аз Молдова ноком кард ва дар финал қаҳрамони феълии Осиё миёни ҷавонон Азизбек Ортиқови узбекистониро шикаст дод.

Ҳамин тариқ, Эмомалӣ Нуралӣ барои дарёфти медали тилло соҳиби 700 имтиёз ва ҷоизаи молӣ дар ҳаҷми 2000 доллари амрикоӣ гардид. Вале барои худи Эмомалӣ, зоҳиран, бурдани мусобиқа муҳимтар аз ҳар подоши дигар буд. Ӯ, дар ҳоле, ки бо табассум ба устодаш нигоҳ мекард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

"Ҳадафи асосии мо ба даст овардани медал буд. Хушбахтона, ин медалро ба даст овардем, бо ҳамроҳии мураббии худ".

Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ Эмомалиро мураббиаш Фаррух Собиров ҳамроҳӣ мекард, ки эътироф кард, то расидан ба ин марра шогирдаш заҳмати зиёде ба харҷ додааст. Ӯ мегӯяд: "Ягон чиз бе мушкилӣ намешавад. Мушкилӣ ин буд, ки вақте Эмомалӣ тамрин мекард, ҷояш меомад, ки гиря мекард, мегуфт, ки "дигар зӯрам намерасад, наметавонам". Аммо мо бештар кор меҳнат мекардем".

Дар таърихи ҷудои тоҷик ин дуюмин медали тило аз қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон ба шумор меравад. Нахустин медали тилоро Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило моҳи октябри соли 2019 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш ба даст оварда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG