Аз соли 2010 ба ин тараф дар Дафтари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Муҳаррири сомона. Хатмкардаи бахши улуми сиёсӣ ва равобити байнулмилалӣ. Аз моҳи апрели соли 2020 то июли 2022 иҷрокунанда ва аз августи 2022 мудири дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбест.
Расонаҳои зери назорати ҳукумати Толибон аз сафари "як ҳайати баландпоя"-и Тоҷикистон ба Кобул хабар доданд.
Ду рӯз пас аз он, ки Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Душанбе як номаи паҳншударо аз номи "Толибон", ки муҳтавои он таъйини шахсе ба унвони котиби аввали сафорат аст, дар ҳузури хабарнигорон пора кард, Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон, ба гунае ба он вокуниш нишон дод.
Дастаи панҷоҳнафарии наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ки рӯзи 9-уми феврал барои мадад ба осебдидагони заминларза ба Туркия рафта буданд, шаби гузашта ба ватан баргаштанд.
Мероси сиёсии Михаил Горбачёв, марде, ки дар айёми раҳбарии ӯ Шӯравӣ фурӯ пошид, мавзӯи баҳсбарангез дар паҳнои Шӯравии пешин мондааст. Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон, ки бо Михаил Горбачёв нишасту бархостҳое дошт, назари худро ба мероси сиёсии ӯ чунин баён кард.
Ширкати "Барқи тоҷик" қарододаш бо ширкати афғонии "Брешно"-ро шарҳ дод ва гуфт, он танҳо ҷанбаи иқтисодӣ дорад.
Сафорати Афғонистон дар Душанбе хабарҳо дар бораи фирори Амруллоҳ Солеҳ ба хориҷ ва ҳузури ӯ дар Тоҷикистонро рад кард. Расонаҳои байналмилалӣ рӯзи душанбе хабар доданд, ки Амруллоҳ Солеҳ рӯзи якшанбеи 5-уми сентябр пас аз шидат гирифтани ҷангҳо дар Панҷшер, ба Тоҷикистон паноҳ бурдааст.
Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон, рӯзи 1- уми август 70-сола шуд. Ӯ аз ҷумлаи сиёсатмадоронест, ки дар авҷи рӯёрӯиҳои солҳои навадум ба ин маснад расид ва ҳамзамон муддате иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд.
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, 2300 сарбозони афғонро, ки ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, ба он кишвар бозгардондаанд. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар ин бора ибрози назар накарданд. Аммо рӯзи 6-уми июл гузориш шуда буд, ки шуморе аз ин сарбозонро ба фурудгоҳи Кӯлоб бурданд, то ба Кобул фиристанд.
Ноҳия ё вулусволиҳои Хоҳон, Шикай, Нусай, Моҳимай, Шуғнон ва Султон-Ишкошими вилояти Бадахшони Афғонистон давоми шабонарӯзи гузашта ба дасти Толибон афтодаанд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон эълон карданд, ки бештар аз 100 сарбози давлати Афғонистон дар ҷанг бо Толибон ақибнишинӣ карда, ба хоки Тоҷикистон гузаштаанд.
Мирзо Катавозай, муовини раиси порлумони Афғонистон, гуфт, дар қочоқи 90 кило тилло ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва кӯшиши бурданаш ба кишвари севум даст надорад.
Рӯзи 20-уми ноябри имсол Баҳром Иноятзода, раиси собиқи шаҳри Кӯлоб, баъд аз эълони ҳукмаш фарёд кашид, ки"дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ нест". Ӯро, ки беш аз се даҳсола дар мақомҳои гуногуни давлатӣ кор кардааст, барои суистифода аз мақом ба 12 сол зиндон маҳкум карданд.
Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон, дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар рӯзи 4-уми октябр доир ба роҳҳои хатми ҷанг дар ин кишвари ҳамсоя ва нақши Тоҷикистон барои ба ҳам овардани тарафҳои мухолиф гуфт.
Як ҳавопаймои "Сомон Эйр" субҳи 8-уми апрел аз Душанбе ба Мюнхени Олмон парвоз кард. Масъулони ширкат гуфтанд, асосан шаҳрвандони хориҷиро ба Аврупо бурданд, вале ошкор накарданд, ки ҳавопаймо ҳангоми бозгашт киҳоро меорад.
Ёфтҳои бештар