Cоли 2004 ба ҳайси хабарнигор дар вилояти Хатлон бо Радиои Озодӣ бипайваст. Дертар гузоришгар дар Душанбе таъин гардид.
Соли 1973 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Пас аз хатми факултаи журналистика ва тарҷумонии ДДМТ дар соли 1996 дар нашрияҳои "Ҷумҳурият" ва "Рӯзи нав" ба ҳайси мудири бахш кор кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, чунин нархи гарони газ барои Тоҷикистон қобили қабул нест.
Ҳафтаи ахир муҷассамаҳои Ф. Дзержинский ва Ч. Путовский аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе барандохта шуданд.
Ахиран мақомоти Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон як гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддирро боздошт карда ва аз ин гӯрӯҳ ҳудуди 20 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд.
Зимни як нишасти байнулмилалӣ дар Душанбе масоили амнияти Афғонистон ва таъсири он ба минтақа ва ҷаҳон баррасӣ шуд.
Интиқоли нирӯи барқ ба сокинони манотиқи кишвар аз 6 ноябр як соат афзуда ва ба ҳафт соат дар шабонарӯз баробар хоҳад шуд.
Дар Душанбе расми ифтитоҳи бинои нави намояндагии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баргузор шуд.
Бӯҳрон дар Қафқоз ҳанӯз ҳам мавзӯъи меҳварии нашрияҳои ғарбист. Ба навиштаи ин нашрияҳо, вазъ дар минтақа оромтар шудааст, аммо нирӯҳои Русия то кунун хоки Гурҷистонро комилан тарк накардаанд ва менависанд, рафтори Маскав ҷиҳати ҳифзи минтақаи зери нуфуз собит шуд ва Ғарб дар муқобили он заъфи худро намоиш дод.
Мавзӯи ҷанг дар Осетияи ҷанубӣ ба мисли чанд рӯзи ахир дар сархатти нашрияҳои ғарбӣ қарор дорад.
Аксари нашрияҳои амрикоӣ ва ғарбӣ дар шумораи тозаи худ ба вокуниши ИМА ба ҷанг дар Осетияи Ҷанубӣ таваҷҷуҳ кардаанд.
Баҳсҳо атрофи барномаи ҳастаии Эрон ва ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи ин кишвар дар сархати шумораи тозаи нашрияҳои ғарбӣ қарор гирифтааст.
Мавзӯи амиқтар шудани ихтилофҳо миёни Русияву Гурҷистон ва вазъи сиёсӣ дар Осетияи ҷанубӣ дар сархати нашрияҳои чопи имрӯзи Ғарб қарор гирифтааст. Аксари нашрияҳои ғарбӣ ин вазъро муборизаи Русия барои таъсир гузоштан дар Қафқоз ва кушиши ҷилавгирии он аз шомил шудани Гурҷистон ба НАТО арзёбӣ кардаанд. Ва аммо менависанд, барои Саакашвилӣ доштани душмани беруна муфид аст, вале таъкид мекунанд, ки беҳтар аст, ихтилоф набояд ба бархӯрди низомӣ анҷом шавад, зеро имкон аст вазъ аз назорати «лухтакбозон»-и хориҷӣ берун шавад.
Марги нависандаи маъруфи рус ва шӯравии собиқ Александ Солженитсин, дар сархатти нашри имрӯзи рӯзномаҳои ғарбӣ қарор дорад.
Рӯзномаи «Гардиан», чопи Лондон, навиштааст, изҳороти раиси ҷумҳури Русия Димитрий Медведев, меросбар ва идомадиҳандаи кори Путин имкон дорад дар ояндаи наздик барои аврупоиҳо нохушиҳоро ба дунбол дошта бошад.
Рӯзномаи амрикоии «Вашингтон пост» аз қавли вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс навишааст, ҳатто пирӯзӣ дар Ироқ ва Афғонистон ба ҷанги тулонӣ бо гуруҳҳои экстремистӣ хотима нахоҳад дод.
Дар Кохи Ваҳдати Душанбе намоишгоҳи санъативу тиҷоратии ширкатҳои чинй ифтитоҳ шудаст, ки чаҳор рӯз идома хоҳад кард.
Мақомоти Тоҷикистон хабари расонаҳои Маскав дар мавриди ба ихтиёри Русия вогузоштани 75 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро рад кардаанд.
Мақомоти Қазоқистон иддаъо доранд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҷараёни оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ ба сӯи Қазоқистонро коҳиш додаанд.
Ёфтҳои бештар