Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони кафшҳо


Кафши инсон бозгӯи чист? Мӯд, фасли сол, кишвари истеҳсолкунанда, ҷинси инсон, то андозае синну солаш... ва боз ба кадом қишри ҷомеа тааллуқ доштани ӯ. Ба гуфтаи равоншиносон, кафши инсон, вобаста ба сифат, қимат, ҳолат ва тарзи нигоҳубинаш метавонад табиати соҳибашро низ барои аҳли фаҳм хуб бикушояд.

Мегӯянд, бист соли ахир мардуми Тоҷикистонро ба қишрҳои мухталиф ҷудо кардааст ва ин ҷудоӣ миёни қишрҳо, мегӯянд, торафт амиқтар мешавад. Боз ҳам мегӯянд, аз кадом қишр будани инсонро кафши ӯ собит мекунад.

Наворбардори Радиои Озодиро дар фарши роҳгузари серодами назди «Садбарг» гузоштем, то бубинем, ки аз ин роҳ чӣ кафшҳое мегузаранд.

Кафш
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:18 0:00

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG