Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Занги камолот”-и 85 000 хатмкунанда


"Занги камолот" имрӯз, 25-уми май, дар макотиби миёнаи Тоҷикистон мухтасар ва расмӣ баргузор шуд.

Ба гуфтаи Шамсулло Исломов, мудири маорифи шаҳри Душанбе, баъд аз баргузоршавии маросими “Занги камолот” дар макотиби
пойтахт, ки аз соати 8.00 то 9.00 идома кард, дарсҳо аз рӯйи ҷадвал идома кард.

Се сол қабл дар Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Душанбе, «Занги охирин» бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мешуд. Хатмкунандагон сароғоз бо ширкати овозхонону раққосаҳо дар мактаб базм барпо менамуданд ва баъди хатми он ба кӯчаҳои шаҳр мерехтанд. Аз кӯчаҳои шаҳр ҷашн ба тарабхонаҳо ва ҳатто сайр ба берун аз шаҳр мекӯчид. Ҳазинаи ин ҷашн ба ҳазорҳо доллар мерасид, ки аз ҳисоби волидайни хонандагон пардохта мешуд.

Ва аз 24-уми марти соли 2007 бо фармони вазири маорифи Тоҷикистон гузаронидани чорабинии “Занги охирин” қатъиян манъ гардид. Тибқи ҳамин фармони вазири маориф дар макотиб ташкил намудани хӯрокҳо ва ҳамагуна чорабиние, ки аз ҷониби хонандагон сурат мегирад мамнӯъ гашт. Фармони вазорати маориф дар паи интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон аз таҷлили бошукӯҳу серхароҷоти ин ҷашну анъанаҳо дар макотиби миёна содир гардид.

Имсол макотиби миёнаро дар Тоҷикистон, бино бар омори расмӣ, бояд 84 309 нафар хатм кунанд.

Занги Камолот
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00
XS
SM
MD
LG