Cоли 2004 ба ҳайси хабарнигор дар вилояти Хатлон бо Радиои Озодӣ бипайваст. Дертар гузоришгар дар Душанбе таъин гардид.
Соли 1973 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Пас аз хатми факултаи журналистика ва тарҷумонии ДДМТ дар соли 1996 дар нашрияҳои "Ҷумҳурият" ва "Рӯзи нав" ба ҳайси мудири бахш кор кардааст.
"Занги камолот" имрӯз, 25-уми май, дар макотиби миёнаи Тоҷикистон ҳамагӣ як соат - аз 8.00 то 9.00 - идома кард.
Порлумони Тоҷикистон нигаҳубин ва парвариши ҷонварону паррандагонро дар бархе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе мамнӯъ эълон кард.
Дар Душанбе як Маркази таълимии нирӯҳои марзбонӣ ташкил ёфт, ки бо фанновариҳои муосир барои истифода дар гузаргоҳҳои марзӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Ширкаткунандагони ҳамоиши баргузоркардаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Душанбе, қонуни нави дини Тоҷикистонро муғойир ба Қонуни асосии кишвар, бархе аз қонунҳои дохилӣ ва асноду созишномаҳои зиёди байнулмилалӣ унвон карданд.
Намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар ҷараёни сафарашон ба Душанбе бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ мулоқот анҷом дода, масоили марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карданд.
Тибқи баъзе хабарҳо, баъд аз тасвиби қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ иҷрои бархе талаботи он нигарониҳоро бештар кардааст.
Cар аз якуми апрел кормандони вазорате дар Тоҷикистон ба истифода аз дучарха ва ё велосипед рӯ меовардаанд.
Дар нашри имрӯзи маҷаллаи “Барги сабз” сӯҳбати мо атрофи мавзӯи оташсӯзӣ дар мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон”, афзоиши шумори гургу хирс дар парваришгоҳи Чилдухтарони Мӯъминобод, иллатҳои коҳиши оби рӯдхонаву чашмаҳои кӯҳистони Тоҷикистон ва тасмими ниҳолшинонӣ дар баландии бештар аз дуввуним ҳазор метр дар кӯҳистони Рашт хоҳад буд.
Наргис Достиева, як сокини ноҳияи Ҳисор, дар дохили ҳавопаймои ширкати Тоҷикэйр, ки аз Маскав ба Душанбе парвоз мекард, духтарча таваллуд кардааст.
Қазоқистон ахиран интиқоли молу коло тавассути қаламраваш ба хотири таъмини нирӯҳои Амрико дар Афғонистонро иҷозат дод.
Ахиран дар Театри салтанатии операи “Ковент Гарден”-и Лондон маросими тақдими ҷоизаҳои Академияи синамо ва театри Бритониё барои беҳтарин филмҳои соли 2008 баргузор шуд
Рӯзи 22 январ раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев бо нахустин сафари расмӣ вориди Тошканд - пойтахти Узбакистон шуд.
Ахиран дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чаҳор хабарнигор, аз ҷумла хабарнигорони радиои Озодӣ мавриди ҳамла ва боздошт қарор гирифтанд.
Маросими шасту шашуми тақдими ҷоизаҳо ба барандагони “Кураи тиллоӣ” - ҷоизаи маъруфи синамои Амрико дар меҳмонхонаи “Бевверли ҳилтон” дар шаҳри миллионерҳои “Бевверли ҳиллз”-и Калифорния баргузор шуд.
Дар гузориши Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон гуфта шудааст, аксари журналистони зиндонӣ дар кишварҳои ҷаҳон хабарнигорони расонаҳои хабарии интернетӣ ҳастанд. Яъне, афроде, ки барои сомонаҳои интернетии хабаргузориҳо ва блогҳо мавод таҳия мекардаанд.
Ахиран, таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба ширкати Алюминиюми тоҷик, ё «Талко» низ расид.
Ёфтҳои бештар