Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯз бо маълулон


Рӯзе дар хиёбони Рӯдакии Душанбе назди чароғаки роҳ мардеро дидам, ки дар даст асо дар чашм айнак дошт ва зиёд интизорӣ мекашид, то роҳро убур кунад.

Маълум буд, ки мард нобино аст ва чашмонаш хуб намебинанд. Бо дастонаш ҳар тарафро меполид то нафареро пайдо кунад, то аз роҳ гузаронадаш. Ҳарчанд чароғаки роҳ барояш ранги сабзро нишон медод ва роҳро ба ӯ мекушод ва мошинҳо таваққуф карда буданд, аммо метарсид, ки танҳо аз роҳ гузарад.

Ва дар ин лаҳза ҷавоне ҳадафи марди нобиноро дарёфт ва аз дастонаш дошта ӯро аз роҳи бузурги мошингад гузаронд. Яъне агар нафари нобиное дар кӯчаҳои Душанбе ҳадафи убури роҳ дорад, бояд ҳатман нафаре дар паҳлуяш бошад ва кӯмакаш кунад. Зеро чароғаки роҳҳои Тоҷикистон, ба фарё аз кишварҳои дигар, ба хусус рушдкарда ба дарди мардуми нобино намехӯрад.

Агар дар он кишварҳо чароғаки роҳ бар изофа рангҳо садо дорад ва афроди нобинро низ огаҳ мекунад, дар Тоҷикистон чизе ба ин монанд дида намешавад. Ба ин монанд дар кишвар барои маълулони дигар, ки аз пой маҳруманд ва бо аробача роҳ мераванд, дар аксари манзилу роҳравҳо ва нақлиёт шароите таҳия нашудааст ва барои роҳ рафтан ва ба манзиле боло шудан чи сангиниеро пушти сар мекунанд.

Ин аст, ки ман Барот Юсуфӣ, дар ин шумораи маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» мехоҳам шуморо ба дунёи маълулони Тоҷикистон бубарам, ки ба фарқ аз мардуми солим барои ҳаракат кардан ва ба ҷое расидан чӣ заҳмат мекашанд.

Як рӯз бо маълулон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:38 0:00

XS
SM
MD
LG