“Инҷо дӯзах аст.” Зиндагӣ дар Олешки, шаҳре зери ишғоли Русия

Олешки дар Украина аз соли 2022 зери тасарруфи нерӯҳои Русия аст

Олешки, шаҳре дар 9-километрии вилояти Херсони Украина, ки зери ишғоли нерӯҳои Русия мебошад, дар остонаи як фоҷиаи инсонӣ қарор гирифтааст.

Мақомоти Украина мегӯянд, пас аз ишғоли шаҳр ва бомбаборони нерӯгоҳи барқи обии “Каховка” дар соли 2023, сокинони Олешки аз барқу газ ва оби ошомиданӣ маҳруманд. Ҳоло Киев талош дорад, ки бо истифода аз дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишин ба мардуми ин минтақаи ҷангзада обу хӯрок фиристад.

Дронҳои ҳомили маводи ғизоӣ бар фарози Олешки дар вилояти Херсон. Акс аз наворест, ки рӯзи 27-уми сентябри соли 2026 нашр шуд

“Ҳеч гоҳ чунин вазъиятро надидаем”

“Корвон”-и дронҳо шабона ва пас аз як парвози озмоишӣ ба осмони вилояти Херсон баланд мешавад. Бастаҳои дохили онҳо аз маводи ғизоӣ, аз ҷумла орду макарону равған иборат аст.

"Вазъият дар Олешки бисёр вазнин аст. Дар он ҷо, воқеан, норасоии обу хӯрок вуҷуд дорад. Ҳамчунин нерӯҳои ишғолгари Русия барои расондани ёриҳои башардӯстона ба Олешки монеъ мешаванд," – гуфт Павло Дрохал, сухангӯйи нерӯҳои мусаллаҳи Украина.

Ба гуфтаи раиси вилояти Херсон, ҳоло дар Олешки қариб 2 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Тақрибан 50 нафари онҳо кӯдак ҳастанд. Баромадан аз шаҳр амалан ғайриимкон аст.

Эстер Вратарева, яке аз ихтиёриёни кумак ба мардуми Олешки гуфт, “шаҳр чаҳор моҳ боз дар муҳосираи комили минаҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин аст. Ман намегӯям, ки буҳрони башарист, вазъ аз он ҳам бадтар аст. Ин дӯзах аст. Мо ҳеч гоҳ чунин вазъиятро надидаем.”

Таҷаммуъ дар назди Кумисюни Аврупо дар Брюссел

Маскав чӣ мегӯяд?

Ҳатто Маскав вазъияти бисёр душворро дар Олешки эътироф кардааст. Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремлин, гуфт, барои расондани обу хӯрок ба мардуми Олешки мушкилӣ вуҷуд дорад, аммо дар ин вазъият нерӯҳои Украинаро масъул донист.

Олександр Прокудин, раиси Идораи низомии вилояти Херсон, мегӯяд, ба иттилои дарёфтии онҳо, “чанд касе, ки маводи ғизоӣ гирифта буд, аз ҷониби нерӯҳои Русия боздошт, латукӯб ва ба таҳхона партофта шудаанд. Ҳамчунин дар бораи мавридҳои хушунати ҷинсӣ гузоришҳо мерасанд."

Даҳҳо украинӣ рӯзи 28-уми сентябр дар назди Кумисюни Аврупо дар Брюссел ҷамъ омаданд, то таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба вазъият дар Олешки ҷалб кунанд. Онҳо аз кишварҳои аврупоӣ хостанд, ки фишорро ба Русия бештар кунанд ва барои расонидани ёриҳои башардӯстона ба сокинони шаҳри ишғолшудаи Олешки роҳи ҳалле пайдо намоянд.

Анна Ҷамбазки, яке аз ҷамъомадагон, гуфт, “бо назардошти он ки ҳоло дар дили Аврупо, дар маркази Брюссел ва дар назди бинои Кумисюни Аврупо ҳастем, кори камтарине, ки карда метавонем, ин паҳн кардани иттилоъ дар бораи вазъият дар Олешки аст.”

Вазири корҳои хориҷии Украина, Андрий Сибиҳа, низ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи гуруснагӣ дар шаҳри ишғолшудаи Олешки сухан гуфт. Ӯ Маскавро ба истифода аз гуруснагии мардум ҳамчун силоҳ ё абзори фишор муттаҳам намуда, изҳор дошт, ки артиши Русия бо наздик шудани фасли зимистон барқасдона зиндагии мардумро дар Олешки сахту тоқатфарсо кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Духтаронро дар пеши чашми модарон таҷовуз мекарданд". Саргузашти асирони украинии артиши Русия