Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, мегӯяд, кишвараш омодаи кумак ба Амрико ва давлатҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс барои муқобила бо паҳпод ё дронҳои эронӣ аст.
Ӯ дар шабакаи "Х" навишт, "аз тарафи Амрико дархосте барои кумаки вижа барои муқобила бо паҳподҳои "Шоҳид" дар минтақаи Ховари Миёна дарёфт кардаем".
Зеленский дар идома гуфтааст, дастурҳоеро барои ироаи таҷҳизот, имконоти зарурӣ ва омодагии мутахассисон содир кардааст.
Ба навиштаи раисҷумҳури Украина, ин кишвар "ба шариконаш, ки дар ҳифзи ҷони мардуми Украина амнияти кишвар ёрӣ мерасонанд, ёрӣ мекунад".
Мақомоти амрикоӣ то кунун ба таври расмӣ дар робита ба ин изҳороти Зеленский ибрози назар накардаанд.
Дар рӯзҳои гузашта, Владимир Зеленский ба сарони кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки зери таъсири ҳамлаҳои паҳподии Эрон қарор гирифтаанд, пешниҳоди кумак ва фиристодани мутахассисони украиниро дода буд.
Паҳподҳои "Шоҳид" ибтидо танҳо дар Эрон тавсеа ёфта ва тавлид мешуданд, аммо ҳоло Русия ҳам нусхаҳои монандро бо номи "Геран" истеҳсол ва алайҳи Украина истифода мекунад.
Артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳам ахиран аз тавсеаи паҳподҳо бар асоси ҳамин намуна хабар додааст.
Дар пайи ҳамлаҳои Исроил ва Амрико ба Эрон дар рӯзи 28-уми феврал, Теҳрон Исроил ва кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форсро, ки мизбони нерӯҳои амрикоӣ мебошанд, ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ қарор дод.