Сохтмони "Роғун". Гузориш аз деҳае, ки зери об хоҳад монд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзи 11-уми июн дар Душанбе ҷаласаи солонаи саҳмдорони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" баргузор шуд, ки азимтарин иншооти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар айни замон суолҳое дар бораи харҷи сохтмон ва ҳам пардохти ҷуброн ба онҳое, ки хонаҳояшон зери об мемонад, зиёдтар мешавад.