Дар як задухӯрд дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ду афсари тоҷик ва чанд нафари мусаллаҳ аз Афғонистон кушта шудаанд. Мақомот ҳанӯз дар ин бора хабар надоданд. Чанд манбаи аз ҳам ҷудо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 24-уми декабр дар минтақаи Баҳораки ноҳияи Шамсиддини Шоҳин иттифоқ уфтод.
Ба гуфтаи онҳо, даргирӣ байни марзбонҳои тоҷик ва як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбар аз Афғонистон сурат гирифтааст.
Радиои Озодӣ ба воситаи манобеаш номи ду афсари кушташударо маълум кард: Исматулло Қурбонови 28-сола ва Зиребон Наврӯзбекови 33-сола аз воҳиди низомии “Саричашма”.
Дар паёме бо акси ин ду нафар, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, навишта шудааст, ки "ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ-ҷангӣ дар задухӯрд бо гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқбари афғон захмӣ гардида, ба ҳалокат расиданд".
Ҳамзамон дар бораи марги як сарбози тоҷик дар ин даргирӣ гузориш мерасад, вале феълан Радиои Озодӣ тасдиқи онро надорад.
"Аз тарафи қочоқбарон ҳам чанд нафар кушта шуда, як кас боздошт гардид," – гуфт яке аз манбаъҳои Радиои Озодӣ. Як манбаи дигар теъдоди умумии қочоқбаронро ҳашт нафар баршумурд, ки ба қавли ӯ, "чор нафар фирор кардаанд".
Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Ҳашти субҳ"-и Кобул рӯзи 24-уми декабр бо такя ба манобеаш навишт, ки дар натиҷаи тирандозӣ аз хоки Афғонистон “ду марзбони тоҷик кушта шудаанд”. Ҳамин нашрия мегӯяд, дар тирандозии ҷавобии нерӯҳои Тоҷикистон ду шахси мусаллаҳ аз Афғонистон кушта шуданд. Яке аз манбаъҳои нашрия аз онҳо қочоқбарони маводи мухаддир ном бурдааст, вале ҳувияташон ҳанӯз мушаххас нест.
Ин ҳодиса дар рӯзе рух додааст, ки Тоҷикистон дар сарҳад бо Афғонистон чор дидбонгоҳи навро ба истифода дод. Вебсайти президент рӯзи чоршанбе навишт, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ дар ин маросим ба таври маҷозӣ ё онлайн ширкат кард.
Ба нигоштаи манбаъ, дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ дар минтақаи баландкӯҳ ва душворгузари сарҳад бо Афғонистон сохта шудаанд. Минтақаҳое, ки қаблан ба таври зарурӣ муҳофизат намешудааст.
Солҳои охир, ба иттилои расмӣ, дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 80 дидбонгоҳи марзӣ сохта шуда, дар бунёди баъзе аз онҳо созмону кишварҳои гуногун саҳм гирифтаанд. Рӯзи 24-уми декабр як майдони тонкронӣ дар тамрингоҳи Ҳарбмайдони Тоҷикистон ва дар сарҳад бо Афғонистон низ фаъол шудааст.
Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад. Бо вуҷуди ваъдаҳои "Толибон" дар бораи истифода нашудани хоки Афғонистон аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ, мақомоти тоҷик аз он тарафи марз нигаронӣ доранд. Ҷое, ки ба гуфтаашон қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҷангҷӯён камин гирифтаанд.
Дар як моҳи охир аз хоки Афғонистон ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон ду ҳамла сурат гирифта, даҳ коргар аз Чин кушта ва захмӣ шудаанд. Баъзе аз ин коргарон дар маҳалли заршӯӣ дар Шӯрободи собиқ ва қисме дигар дар роҳсозӣ дар Дарвоз кор мекарданд. Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро ҳамлаи террористӣ номиду маҳкум кард ва Чин хоҳони таҳқиқи ҳарду ҳодиса шуд.