Марги як муттаҳам ба ҷиноят дар идораи милиса дар Душанбе

Акс аз бойгонӣ ва идораи милисаи шаҳри Кӯлоб аст.

Як сокини шаҳри Кӯлобро, ки дар боздоштгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба таври шубҳабарангез ҷон бохтааст, рӯзи 12-уми январ дар зодгоҳаш ба хок супурдаанд.

Мақсудҷон Саидов, сокини 36-солаи шаҳрро рӯзи 8-уми январ кормандони Шӯъбаи дуввуми корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт дар Кӯлоб боздошт карда, ба Душанбе овардаанд. Як манбаъ аз Идораи пулиси ноҳияи Сино рӯзи 13-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, додситонӣ марги ин сокини Кӯлобро ҳамчун марг бар асари шиканҷа таҳқиқ мекунад ва ду нафаре, ки дар боздошти ӯ нақш доштанд, бозпурсӣ мешаванд. Ӯ гуфт: “Ҳанӯз хулосаи ниҳоии тафтиш маълум нест, вале додситонӣ инро ҳамчун шиканҷа тафтиш дорад. Бо дастрас кардани натиҷаҳои ташхис шояд тасмим гиранд, ки айб эълон шавад ё на.” Мақомоти тафтишотӣ ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, ин ҷавон бо гумони фурӯши маводи мухаддири навъи “кристал” боздошт кардаанд. Дар Раёсати корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки хилофи муқаррарот, кормандони милисаи ноҳияи Сино бе огоҳии онҳо дар шаҳр амалиёт анҷом додаанд ва онҳо ҳеч чизе дар ин бора намедонанд.

Наздикони Мақсудҷон Саидов аз сӯҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд. Чанде аз дӯстони ӯ, дар сӯҳбати телефонӣ гуфтанд, ки дар бадани ӯ осори шиканҷа дида мешуд ва ангуштони пою дасташ сӯхта буданд. Шоҳидон мегӯянд, ҷасади Мақсудҷон Саидовро аз Душанбе оварда, зуд ба хок супурдаанд.

Марги Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини дигари шаҳри Кӯлоб дар идораи милиса дар моҳи январи соли 2023 эътирози сокинони ин шаҳрро ба бор оварда буд. Додгоҳ се афсари пулисро дар шиканҷаи Розиқов гунаҳкор донист ва ҳар кадоми онҳоро ба 14 солии зиндон маҳкум кард.