Фонд ё Бунёди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои дастгирии буҷа ба Тоҷикистон 200 миллион доллар қарз медиҳад.
Созишномаи мазкурро 13-уми август Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон бо намояндаи навтаъини ин созмони молӣ Ярослав Мандрон дар Душанбе имзо карданд.
Дар гузориши Вазорати молия омадааст, 200 миллион доллар дар се марҳила ба кишвар дода мешавад. Дар навбати аввал Тоҷикистон 100 миллион ва дар ду давраи баъдӣ 50-миллионии дигар дарёфт мекунад.
Аммо шарту шароити ин қарз маълум нест. Намояндагони Вазорати молия танҳо гуфтанд, маблағ “барои таъмини устувории молияи давлатӣ ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ” сарф мешавад.
Инро ҳам бихонед:
"Қарзи боимтиёз." Дигар ба Тоҷикистон грант намедиҳанд?Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд соли 2009 аз ҷониби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Тибқи омори ахир, Тоҷикистон аз ин созмони молӣ 104,93 миллион доллар қарздор аст.
Қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми июли имсол 2,9 миллиард доллар ҳисоб шудааст. Рақаме, ки ба тақрибан чордаҳ дар сади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар аст. Масъалаи қарзи хориҷӣ ва тарзи истифодаву баргардондани он дар Тоҷикистон ҳамеша як мавзӯи нигаронкунанда будааст.