Western Union нархашро барои Тоҷикистон 2 маротиба пойин мебарад

Western Union аз 17 сентябр ҳаққи хидматаш барои интиқоли пул аз Русия ба бархе кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистонро ду маротиба пойин мебарад.

Western Union, яке аз бузургтарин ширкатҳои интиқоли пули дунё, аз 17 сентябр ҳаққи хидматаш барои интиқоли пул аз Русия ба чанд кишвари пасошӯравӣ – Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон – ва ҳамчунин ба Туркияро ду маротиба коҳиш медиҳад.

Натали Конкина, як намояндаи Western Union рӯзи 15 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар воқеъ ин ширкат чунин як маъракаеро ба хотири ҷалби муштариёни бештар дар назар дорад: “Бале, ин барнома бояд шурӯъ шавад, вале то рӯзи 17 сентябр мо ҳаққи эълони тарифҳои навро надорем. Тарифҳо ҳамон рӯз, баробари кушода шудани дафтарҳои Western Union дар саросари Русия эълон хоҳанд шуд.”

Аммо нашрияи “Коммерсант”-и чопи Маскав бо такя ба манобеаш дар бонкҳои шарики Western Union менависад, ки ҳаққи хидмати ин ширкат барои интиқоли пул ба маблағи аз 5 000 то 50 000 рубл аз 17 сентябр ду маротиба коҳиш ёфта, ҳамагӣ 1 дарсадро ташкил хоҳанд дод.

Аксари муҳоҷирони корӣ – бахши асосии муштариёни ширкатҳои интиқоли пул – маъмулан ба кишварҳои зодгоҳи худ аз 5 000 то 50 000 рубл мефиристанд ва дар нархномаи кунунии Western Union дар сомонаи расмии ин ширкат ҳаққи хидматаш барои интиқоли чунин маблағҳо 2 дарсад нишон дода шудааст.

Меъроҷ, як муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, ки дар яке аз бозорҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳаммолӣ мекунад, рӯзи 15 сентябр вақте бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард, ки тоза аз дафтари яке аз ширкатҳои интиқоли пул берун шуда буд. Ӯ мегӯяд: “Барои як зарурат ба додарам 1000 рубл (муодили тақрибан 15 доллар) фиристодам. Гуфтанд, ки пулат баъди як соат мерасад ба Ҳисор. Вале барои ҳаққи хидматашон аз ман 50 рубл гирифтанд. Яъне 5 фоиз.”

Бозори интиқоли пул аз Русия бар пояи масали маъруфи “қатра-қатра ҷамъ шавад, дарё шавад” амал мекунад. Солона аз Русия ба кишварҳои СНГ аз тариқи ширкатҳои интиқоли пул то 20 миллиард доллар пул меравад. Ин маблағҳои бузург аз ҳисоби ҳамин “қатра-қатра”-ҳое, ки Меъроҷ ва миллионҳо муҳоҷири мисли ӯ мефиристанд, ҷамъ мешаванд.

Тарифҳои кунунии Western Union дар Русия

Дар бозори интиқоли пули Русия 10 ширкати асосӣ - Anelik, Blizko, Contact, InterExpress, «Вестерн юнион», «Золотая корона», «Колибри», Почта России, “Юнистрим”, ва “Лидер” - фаъолият доранд. Иқтисоддонҳо мегӯянд, рақобати шадид дар ин бозор ва коҳиши ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба далели мушкилоти иқтисодии ин кишвар Western Union-ро маҷбур кардааст, то ба хотири ҳифзи ҷойгоҳи худ даст ба чунин иқдоми радикалӣ, яъне ду маротиба пойин бурдани тарифҳояш шавад.

Дар ҳоли ҳозир, барои мисол, тарифи “Юнистрим” барои кишварҳои СНГ 1,5-1,7 дарсад, аз Contact – 1,1 – 1,5 фоизро ташкил медиҳад. Тарифи “Золотая корона” барои интиқоли пул ба Тоҷикистон 1 дарсад, вале барои Узбакистон 1,5 фоиз будааст. Ба ин тартиб, Western Union , ба ақидаит иқтисодшиносҳо, ночор буд, то тарифҳояшро бо тарифҳои рақибони асосиаш ҳадди ақал баробар кунад. Дар Western Union вале мегӯянд, ки тарифҳои нави ин ширкат то поёни сол амал мекунанд ва мавзӯи идома додан ё надодани фаъолият бо ин тарифҳои арзонро бар асоси таҳлили бозор ва натиҷаҳои ин маърака маълум хоҳанд кард.

Ҷӯрахон, як соҳибкори тоҷики муқими Русия мегӯяд, аксари муҳоҷирони тоҷик ба Ватан дар як навбат аз 5000 то 10 000 рубл мефиристанд: “Албатта, тоҷирони тоҷик ҳам ҳастанд, ки дар як навбат 1 миллион рублро ҳам мефиристанд, вале онҳо ангуштшуморанд. Аксарият кам-кам мефиристанд. Ман худам бори охир аз тариқи “Лидер” 25 000 рубл (муодили тақрибан 400 доллар) фиристодам ва барои ин аз ман 500 рубл, яъне 2 фоиз ситонданд.”

Дар нимаи аввали соли равон ба далели мушкилоти иқтисодӣ ва коҳиш ёфтани қурби рубли русӣ ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ 42 дарсад коҳиш ёфта, 6,7 миллиард долларро ташкил дод. Бонки марказии Русия мегӯяд, ҳаҷми маблағҳое, ки муҳоҷирони узбак ба Узбакистон фиристодаанд, дар нимаи аввали сол 55 дарсад ва саҳми муҳоҷирони қирғиз дар иқтисоди Қирғизистон 40 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ҳамин тавр, дар 6 моҳи аввали соли 2015, бино ба омори расмии Бонки марказии Русия, муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон 696 миллион доллар фиристодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 58,3 дарсад камтар будааст. Соли гузашта муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон 3,9 миллиард доллар пул фиристода буданд, ки баробари қариб нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баровард мешавад.