Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони корӣ - сутуни иқтисоди Тоҷикистон


Тибқи феҳрасти Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар байни кишварҳое, ки бештари маҷмуъи маҳсулоти дохилаашонро маблағҳои муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳад, мақоми аввалро касб кардааст.

Тибқи ҳамин гузориши Бонки Ҷаҳонӣ 36,2 дарсади маҷмуъи маҳсулоти дохилаи Тоҷикистон, ки нишондиҳандаи иқтисоди кишвар аст, пули интиқолии шаҳрвандони мамлакат аз хориҷ будааст. Бино ба иттилоъи Бонки миллии Тоҷикистон, соли равон шаҳрвандони ин кишвар бештар аз 1милиарду 100 миллион доллар ба Тоҷикистон интиқол додаанд. Дар ҳоле ки, тибқи иттлои вазорати дороии кишвар, маҷмуъи маҳсулоти дохили кишвар ба беш аз 2 миллиард доллар баробар дониста шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон саҳми маблағҳои интиқолиро дар таркиби маҷмуъи маҳсулоти дохилаи кишвар муассир меҳисобад. Зеро ин маблағҳои интиқолӣ вазъи иқтисоду иҷтимоии Тоҷикистонро такон медодааст.

Ҷамшед Юсуфов, сардори шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон, гуфт, қисмати аъзами маблағҳои воридшударо муҳоҷирини кории тоҷик, ки дар Русия фаъолият мекунанд, ба воситаи бонкҳои тиҷоратии кишвар ва сохторҳои байналмиллалии интиқоли пул, аз қабили Western Union ба кишвар интиқол додаанд.

Аммо коршиносон саҳми маблағҳои интиқолнамудаи муҳоҷирини кориро дар маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ ва вазъи иқтисодии кишвар бештар аз оне, ки Бонки миллии Тоҷикистон бармешумарад, ҳисоб мекунанд. Онҳо тахмин мезананд, ки 60-70 дарсади вазъи иқтисодии кишвар ба маблағҳои интиқолнамудаи муҳоҷирон марбут аст. Зеро, тибқи омори Созмони хадамоти муҳочирати Русия, муҳоҷирони кори тоҷик танҳо аз ин кишвар соли гузашта ҳудуди 2 милиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон интиқол додаанд.

Коршиносон мегӯянд, беҳбудии иқтисоди Тоҷикистон, бахусус фаъолияти бонкҳои он, ба маблағҳои аз хориҷ вориднамудаи шаҳрвандони ин кишвар бастагии зич дорад ва дар сурати интиқол нашудани маболиғи муҳоҷирини меҳнатӣ, вазъи иқтисоду иҷтимоъи Тоҷикистон табоҳ мегардад.

XS
SM
MD
LG