Воқеан дар Тоҷикистон ҷойи кор зиёд шудааст?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Масъалаи ба ҷойи кори муносиб таъмин кардани мардум яке аз мавзуъҳои асосии нишасти хабарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон буд. Солеҳа Холмаҳмадзода, раҳбари ин ниҳод, гуфт, соли гузашта ба корҷӯён садҳо ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ пешниҳод намудаанд.