Вокунишҳо аз Русия ва Тоҷикистон ба қатли Қобилҷон Алиев. Кӣ чӣ гуфт?

Қобилҷон Алиев

Бо гузашти тақрибан як ҳафта аз қатли Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик дар вилояти Маскав, ҳеч яке аз раҳбарони баландпояи Русия ин ҳодисаро ошкоро маҳкум накардаанд. Чанде аз намояндагони миллатҳои ғайрирус гуфтанд, ки ин фоҷиа оқибати бадгӯиҳои сиёсатмадорони Русия нисбат ба ғайрирусҳост.

Аз Думаи давлатӣ ё порлумони Русия ҳам вокуниши расмие садо надодааст. Ба истиснои баёнияи Одам Делимхонов, вакил аз Ҷумҳурии Чеченистон, ки навраси 15-солаи русро, ки Қобилҷон Алиевро рӯзи 16-уми декабр дар мактаб ва дар рӯзи рӯшан корд зад, “фашисти ҳақиқӣ” номид.

Делимхонов ин хунрезиро натиҷаи таблиғоти сиёсатмадорон, мансабдорон ва гурӯҳҳои муайяни Русия донист. Худи ӯ ба нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам мешавад ва аз тарафи Амрико барои иртибот бо як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ ва аз тарафи Иттиҳоди Аврупо барои ҷанги Русия дар Украина таҳти таҳрим аст.

Вокуниши дигар ҳам аз Одам Қодиров, ёвар ва писари Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон буд, ки гуфтааст, “дар паси қатли Қобилҷон Алиев мушкили амиқи саросарӣ нуҳуфтааст.”

Ӯ гуфтааст, сабаб гурӯҳҳое ҳастанд, ки солҳо боз заҳри бадбиниро нисбат ба зодагони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар Русия мекоранд: “Мавъизаҳои онҳост, ки мағзи наврасонро заҳролуд карда, онҳоро ба василаи дасти гурӯҳҳои бадхоҳ табдил медиҳанд.” Одам Қодиров аз ҳеч гурӯҳе ном набурдааст.

Дар ин миён Михаил Матвеев, яке аз вакилони муҳоҷир ва бегонаситези Русия гуфтааст, шубҳа дорад, навраси рус, ки ҳангоми ҳамла аз туъмаҳои худ миллаташонро мепурсид, “миллатгаро” бошад ва шояд ба “ҷинояткорони ғарбӣ” тақлид кардааст. Вай ба расонаҳои Русия гуфтааст, решаҳои ин ҷиноятро бояд дар Ғарб ҷуст.

Матвеев ду рӯз баъд аз фоҷиа дар як мусоҳибае бо расонаҳои русӣ ҳамчунон муҳоҷиронро сабаби тамоми бадбахтиҳои мардуми кишвараш номида, гуфтааст, онҳо “як луқмаи нони синфи коргар”-и Русияро мерабоянд. Дар ин мусоҳиба ҳеч ишорае ҳам ба марги навраси тоҷик накардааст.

Баъд аз қатли Қобилҷон Алиев дар рӯзи 16-уми декабр дар мактаби ноҳияи Одинтсово дар вилояти Маскав, губернатор ё волии вилоят гуфт, “бояд ҷиноят ҳаматараф таҳқиқ шавад ва маълум кунанд, ки чӣ сабаби фоҷиа шудааст, то дигар нагузоранд, чунин чизе такрор шавад.”

Тимофей К., навраси 15-солаи рус, Қобилҷон Алиевро рӯзи 16-уми декабр дар мактаби Одинтсово дар вилояти Маскав корд зад. Ҳоло ӯ дар ҳабс аст

Вокуниши тоҷикон бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар Тоҷикистон мисли пештара вокунишҳо бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд, аз корбарони одӣ ва ҳам зиёиён. Аз ҷумла як корбаре пешниҳод кардааст, ки дар ҳар шаҳр ва ноҳияи кишвар кӯча, боғ, хиёбон ё маҳал ба номи Қобилҷон Алиев гузошта шавад.

Ин корбар бо номи Олимҷон Қурбонов навиштааст, “бетафовутӣ нисбат ба ин фоҷиа маънои беэҳтиромӣ ба хуни рехтаи фарзанди миллат ва заъфи мавқеи давлатӣ дар ҳифзи шарафи миллӣ дорад.”

Баъзеҳо ҳам шеър навиштаанд ва баъзеҳо ҳамчунин ба кумак ба хонаводаи Қобилҷон даъват мекунанд, ки ҳоло модараш танҳо бо бародари хурдиаш мондаанд.

Аз тарафи дигар ин суол ҳам матраҳ мешавад: Оё Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 22-юми декабр дар Санкт Петербург дар нишасти ғайрирасмии чанде аз кишварҳои муштаракулманофеъ буд оё дар бораи фоҷиаи навраси тоҷик бо Владимир Путин гап мезанад ё не? Як рӯз пеш Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар як маросим ба Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтоёни узбек ва қирғизи ӯ Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов Ҷоизаи сулҳи ба номи Толстойро супурд.

Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр дар назди консулгарии Русия дар шаҳри Бонни Олмон ҷамъ омада, қатли Қобилҷон Алиевро маҳкум карданд ва ин ягона намоиши эътирозӣ буд.

Онҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилӣ, Сергей Миронов ва Леонид Слутский – вакилони муҳоҷирситези Думаи давлатиро “барои таҳқири шаъну шарафи муҳоҷирон” афроди номатлуб барои Тоҷикистон эълон карда, ба кишвар роҳ надиҳад.

Тарафдорони мухолифин зимни суханрониҳо ҳукумати Тоҷикистонро танқид карданд, ки ба гуфтаи онҳо, бо вуҷуди муносибати бади Русия бо шаҳрвандони кишвар ва беэҳтиромӣ ба Тоҷикистон ҳамкории наздикро бо он идома медиҳад.

Навор дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Танҳо мақомдорони чечентабори Русия куштори Қобилҷон Алиевро ошкоро маҳкум кардаанд