Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба интернетрасонҳои кишвар амр додааст, ки дастрасӣ ба 131 сомонаро масдуд кунанд.
Як масъули ширкати дастраскунандаи интернет дар Тоҷикистон, ки нахост номаш ошкор шавад, рӯзи 22-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан мактуберо бо чунин дастурот аз Хадамоти алоқа дарёфт кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар номаи Хадамоти алоқа рӯйхати 131 сомонаи хориҷиву дохилии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки сар аз рӯзи 24-уми декабр дастрасӣ ба онҳо бояд маҳдуд гардад. Ӯ дар қатори сомонаҳое, ки бояд масдуд шаванд аз ҷумла tjknews.tj, topvideo.tj, politicforum.ru, youtubemusic.ru-ро номбар карда, афзуд, ки аз сомонаҳои иттилоотии Тоҷикистон торнамои tojnews.tj ба рӯйхати сиёҳи Хадамоти алоқа шомил аст.
Манбаи Радиои Озодӣ илова намуд, ки дар рӯйхати пешниҳодкардаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоии маъруфе назири «В Контакте», «Одноклассники», «Твиттер» ва mail.ru низ зикр шудаанд, ки аксарашон дар Тоҷикистон васеъ истифода мешаванд. Аммо дар мактуби Хадамоти алоқа сабаби баста шудани ин сомонаҳо шарҳ дода нашудааст.
Дар ҳамин ҳол Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи интернети Тоҷикистон, низ мегӯяд, имрӯз, 22-юми декабр, бо намояндагони чанд интернетпровайдери кишвар дар тамос шудааст ва онҳо дастуроти Хадамоти алоқаро дар бораи бастани 131 сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ тасдиқ кардаанд. Аммо ҷаноби Атоев афзуд, ки расман мавҷудияти чунин дастурро бояд ниҳоди масъули давлатӣ, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тасдиқ кунад ва омилҳояшро шарҳ диҳад.
Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Зуҳуров, дар як тамоси кутоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки дар мулоқот аст ва фурсати гап задан надорад. Талошҳои минбаъдаи «Озодӣ» низ барои тамос бо раҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бенатиҷа анҷом ёфтанд.
Дар ҳамин ҳол Владислав Сиплухин, сухангӯи шабакаи иҷтимоии русӣ, “Вконтакте”, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз тасмими масдуд кардани шабакаашон дар Тоҷикистон хабар ёфтаанд, вале омилҳои ин қароррро намефаҳманд ва дар ҳайратанд: “Мо сабаби ба руйхати сомонаҳои масдудшаванда ворид шудани торнамоамонро намедонем. Аз мақомоти Тоҷикистон низ ягон нома нагирифтаем. Мо сомонаи ғайрисиёсием ва барои ҳамаи гуруҳҳо дар шабакаамон минбар медиҳем.”
Аз тасмими нави Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 21-уми декабр, хабаргузориҳои русӣ хабар дода буданд. «Интерфакс» аз қавли манбааш дар ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон менависад, ки дар мактуби Хадамоти алоқа сабаби масдудияти ин сомонаю шабакаҳо нишон дода нашудааст ва аз ҳамин сабаб интернетрасонҳо то рӯзи душанбеи 24-уми декабр дастрасӣ ба ин сомонаҳоро маҳдуд нахоҳанд кард. Ба иттилои «Интерфакс» ин дафъа ба рӯйхати сомонаҳое, ки бояд масдуд шаванд, «Фейсбук» ва «Ютуб» ворид нестанд.
Ин дар ҳолест, ки соли равон дастрасӣ ба «Фейсбук» ду дафъа маҳдуд шуда, ҳудуди 30 сомонаи дигар то ҳол дар Тоҷикистон дастнорасанд.