Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бег Зуҳуров бастани сомонаи "Озодӣ"-ро шарҳ диҳад"


Созмонҳои журналистии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, тайи як нома аз Бег Зуҳуров тақозо кунанд, ки сабаби масдуд шудани сомонаи «Озодӣ»-ро шарҳ диҳад.

Акбаралӣ Сатторзода, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, ки то поёни ҳамин рӯз масъулони Анҷумани расонаҳои озоди Тоҷикистон, Медиа алянс, Шӯрои ВАО ва дигар созмонҳои журналистӣ масъалаи баста шудани сомонаи Озодӣ.тҷ ро баррасӣ хоҳанд кард ва дар як номаи муштарак аз Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тақозо хоҳанд кард, ки сабаби аслии масдуд шудани ин сомонаро шарҳ диҳад.

Дар ҳамин ҳол Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ки Хадамоти алоқа бо ин рафтори худ ҳуқуқи хонандаҳо ва ба сурати умум ҳама шаҳрвандони Тоҷикистонро поймол намуда, дастрасии онҳоро ба сомонаи маъруфи ozodi.tj маҳдуд кард.

Нуриддин Қаршибоев афзуд, ки сомонаи «Озодӣ» як минбари озод барои тамоми қишрҳои ҷомеа аст, ки метавонанд назару фикри худро баён доранд ва аз дохил ва хориҷи кишвар хабарҳои муҳимро дарёфт намоянд.

Ба андешаи оқои Қаршибоев, сарфи назар аз он, ки Хадамоти алоқа ин сомонаро масдуд кардааст, вале хонандагон бо барномаҳои дигар, ба мисли проксӣ торнамои «Озодӣ»-ро боз мекунанд. Аммо ба гуфтаи вай, масъала ин аст, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ин амали худ обрӯи Тоҷикистонро хадшадор кард ва кишварро дар феҳрасти душмани матбуот ҷой хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол як манбаи наздик ба яке аз ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, ки номаи расмии Бег Зуҳуров дар хусуси бастани сомонаи Озодӣ.тҷ ҳамин рӯз ба дасти онҳо расидааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин нома аз ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет тақозо шудааст, ки дастрасӣ ба сомонаи "Озодӣ"-ро маҳдуд намоянд.

ДАСТРАСӢ БА СОМОНАИ "ОЗОДӢ" МАҲДУД ШУД

Аз шоми дирӯз дастрасӣ ба торнамои радиои "Озодӣ" аз тариқи бархе аз ширкатҳои интернетрасон ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Сар аз субҳи рӯзи ҷумъаи 30-юми ноябр, даҳҳо тан аз корбарони интернет дар Тоҷикистон ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе тамос гирифта, шикоят аз он карданд, ки наметавонанд ба торнамои ozodi.tj ворид шаванд.

Абдураҳмон Раҳмонов, корманди сомонаи «Авесто», субҳи 30-юми ноябр, ба дафтари Радиои Озодӣ тамос гирифта, пурсид, ки наметавонад сомонаи "Озодӣ"-ро боз кунад. Абдураҳмон Раҳмонов меафзояд, аз субҳи барвақт борҳо талош кардааст, ки вориди сомонаи оzodi.tj шавад, аммо ба ин муваффақ нашудааст. Вай гуфт, онҳо шомили шабакаи «Бабилон» ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон, хабари баста шудани торнамои Радиои "Озодӣ"-ро таъйид кард ва гуфт, бархе аз ширкатҳо барои масдуд кардани ин торнамо SMS ё паёмак дарёфт кардаанд.

Вай дар тамос ба "Озодӣ" гуфт, ки ин паёмак аз сӯи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳо расида ва онҳо мунтазири дастури хаттии ин ниҳод ҳастанд.

Аммо Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки аслан аз пеш омадани чунин масъала дар нисбати сомонаи "Озодӣ" хабаре надорад. Масъулони ширкатҳо низ баста шудани торнамои Озодиро рад мекунанд. Аз ҷумла масъулони ширкати "Бабилон гуфтанд", ки рӯзи панҷшанбе дар ин замина мушкили фаннӣ пеш омада буд, ки дарҳол рафъ гардидааст.
XS
SM
MD
LG