Додгоҳи парвандаҳои ҷиноӣ дар Вена, маркази Австрия, дархости мақомоти Тоҷикистонро дар бораи истирдоди намояндаи мухолифини тоҷик Шавкати Муҳаммад (Шавкатҷон Шарифов) ва модару бародараш рад кардааст.
Хулосаи додгоҳ рӯзи 5-уми август эълон шуд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар мурофиа ҳузур доштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, "Додгоҳи Вена талаби истирдодро ғайриқонунӣ донист ва напазируфт."
"Суолу ҷавобҳо кӯтоҳ буданд. Додрас фиристодани ҳарсеи онҳоро ба Тоҷикистон рад кард," -- гуфт Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, як намояндаи мухолифин. Ӯ низ дар мурофиа ширкат дошт.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи апрели имсол аз Австрия хостааст, 18 нафар, аз ҷумла Шавкати Муҳаммад, модараш Шарофат Шарифова ва бародараш Билолиддинро дастгир ва ба Душанбе таслим кунад.
Мақомот ҳарсеро ба тундгароӣ муттаҳам кардаанд, аммо худи онҳо дорои ангезаи сиёсӣ медонанд.
Шавкати Муҳаммад 48-сола ва сухангӯи Паймони миллӣ, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, аст. Дар гузашта раиси дафтари Ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд буд. Беш аз даҳ сол боз дар хориҷа қарор дорад ва дар навиштаву барномаҳои видеоияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро башиддат танқид мекунад.
Модараш, Шарофат Шарифова, 77-сола аст ва аз соли 2022 дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад. Бародараш, Билолиддин Шарифов, низ дар Аврупост.
Аз ин пеш, Додгоҳи парвандаҳои ҷиноии Вена дархости Душанберо дар бораи таслими се нафари дигар, аз ҷумла як узви “Гурӯҳи 24” (ҷунбиши мухолифи ҳукумати Тоҷикистон) напазируфта буд.