Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Тоҷикистон барои истирдоди модари 77-солаи Шавкати Муҳаммад

Шарофат Шарифова 77-сола аст ва аз соли 2022 дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад
Шарофат Шарифова 77-сола аст ва аз соли 2022 дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад

Мақомоти Тоҷикистон аз ҳамтоёни худ дар Австрия хостаанд, ки модари Шавкати Муҳаммад (Шавкатҷон Шарифов), сухангӯйи Паймони миллӣ, як созмони мухолифи ҳукуматро ба Душанбе таслим кунад. Шарофат Шарифова 77-сола аст ва аз соли 2022 дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад.

Бино ба санаде, ки ҷониби Тоҷикистон ба Австрия фиристодааст ва Радиои Озодӣ нусхаи онро рӯзи 5-уми август дид, мақомот ин занро ба “даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ” муттаҳам карда, аз моҳи майи соли 2022 қарори боздошту ҳабси ӯро содир намудаанд.

Иттиҳоми монанд ба зидди Билолиддин Шарифов, бародари Шавкати Муҳаммад, ки ӯ низ дар хориҷа аст, эълон шудааст. Додгоҳи парвандаҳои ҷиноии Вена рӯзи 5-уми август қазияи Шарофат Шарифова ва писараш Билолиддинро баррасӣ карда, ба дархости Тоҷикистон дар бораи онҳо посухи рад додааст. Додгоҳ дар ҳамин рӯз талаби Душанберо дар бораи истирдоди Шавкати Муҳаммад низ напазируфтааст.

Дар парвандаи фиристодаи ҷониби Тоҷикистон гуфта шудааст, ки гуё Шарофат Шарифова фаъолияти ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро “дастгирӣ карда, онро дуруст ҳисобидааст”.

Далели мақомот ин аст, ки муфаттишони тоҷик соли 2020 се бор ба ӯ гуфтаанд, аз писараш Шавкати Муҳаммад бихоҳад, то аз фаъолияти худ дар Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ даст кашад, аммо ӯ гуё посух додааст, ки “писарам дар роҳи дуруст аст.”

Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ аз соли 2015 дар Тоҷикистон мамнуъст. Додгоҳи олӣ онро созмони террористӣ ва ифротгароӣ эътироф кардааст. Шавкати Муҳаммад то замони қатъи фаъолияти ҳизб намояндаи он дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд буд ва дертар дар Аврупо паноҳанда шуд.

Шавкати Муҳаммад 5-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “мақомоти қудратии Тоҷикистон бо фиристодани парванда ба Австрия ҳамаи фишорҳо, аз ҷумла ба хонаи модарам рафтани намояндагони ҳукуматро тасдиқ кардаанд. Чизе, ки модарам ҳангоми паноҳҷӯӣ ба мақомоти Австрия нақл кард, вале онҳо каме шубҳа доштанд.”

Пештар баъзе аз манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи апрели имсол хоҳони истирдоди 18 узви созмонҳои мухолифи ҳукумат аз Австрия ба Душанбе шудааст.

Вазорат дар номааш гуфтааст, ин афрод бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла ифротгароӣ, ҷустуҷӯ мешаванд. Баъзе аз намояндагони мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дархости Душанберо аз Австрия “дорои ангезаи сиёсӣ ва кӯшиши суистифода аз механизмҳои ҳамкории ҳуқуқии байнулмилалӣ барои пахш кардани норозигии сиёсӣ” номиданд.

Додгоҳи ҷиноии Вена то кунун дархости Душанберо дар бораи таслими чанд нафар, аз ҷумла як узви “Гурӯҳи 24” (ҷунбиши мухолифи ҳукумати Тоҷикистон) рад кардааст.

Талаби истирдоди як зани 77-солаи тоҷик аз Австрия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00
Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG