Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз вазъи Фаластин, ёрӣ ба мардуми Афғонистон, тағйироти иқлим ва ҳушвора сухан гуфт, аммо дар мавриди низоъ дар Эрон, ҷанги Русия дар Украина ва вазъи иқтисоду ҳуқуқи одамон, ки мавзуъҳои меҳварии ин минбар буданд, чизе нагуфт.
Пуштибонӣ аз марзҳои соли 1967
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъиятро дар Фаластин "мояи нигаронии амиқ" донист ва хоҳони поён додан ба "ранҷи идомадори мардуми осоишта" дар ин гӯшаи Ховари Миёна шуд.
Изҳороти Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 26-уми сентябр дар Маҷмаи умумии Созмони Милал садо дод. “Мо бори дигар даъвати худро барои оташбаси пойдор дар Ғазза ва дастрасии бемамониат ба ёриҳои башардӯстона таъкид мекунем,” – афзуд ӯ.
Бенямин Нетаняҳу
Ҳамагӣ ду рӯз пеш аз ин, Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, дар Созмони Милал гуфт, кишвараш талош кардааст бо пахши огоҳиҳо ва кӯчондани мардум талафотро дар байни мардуми Ғазза кам карда, расондани ёриҳои башардӯстона ва ваксинаҳоро ба онҳо осон гардонад. Дар ҳоле ки Нетаняҳу ин суханҳоро баён медошт, аксар намояндагони давлатҳо бо нишони эътироз толорро тарк карда буданд.
Амалиёти Исроил ба Ғазза, ки пас аз ҳамлаҳои "Ҳамос" (Амрикову Аврупо ин гурӯҳи фаластинро созмони террористӣ медонанд) дар моҳи октябри соли 2023 оғоз шуд, бо вуҷуди эълони оташбас, ҳамчунон идома дорад. Бахши аъзами аҳолии беш аз думиллионанафарии Фаластин дар як хати борики соҳилӣ асосан дар хаймаҳо ва биноҳои нимавайрона зиндагӣ мекунанд.
Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 26-уми сентябр дар Созмони Милал гуфт, "сулҳи одилона ва пойдор танҳо бо гуфтугӯ ва дипломатия ва дар чаҳорчӯби ҳуқуқи байнулмилалӣ ва қатъномаҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид метавонад ба даст биояд.”
Вай бори дигар мавқеи Тоҷикистонро, ки аз таъсиси давлати мустақил ва соҳибихтиёри Фаластин, бар асоси марзҳои соли 1967, пуштибонӣ мекунад, изҳор дошт. Амре, ки Исроил бо он мухолифати шадид дорад ва таъсиси кишвареро бо номи Фаластин дар ҳамсоягии худ намепазирад.
Созише, ки ба ҷанги панҷсола поён дод
Инро ҳам бинед:
Як пажӯҳиш Тоҷикистонро дар баробари таҳдидҳои террористӣ осебпазир гуфтВазъият дар Афғонистон, ки аз моҳи августи соли 2021 зери итоати гурӯҳи тундрави "Толибон" аст ва то кунун ба ҷуз аз Русия ҳеч кишвару созмоне “аморати исломӣ”-и онро ба расмият нашинохтааст, бахше дигар аз суханронии дипломати баландпояи тоҷик буд.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, “Афғонистон ба сулҳ, субот ва имкониятҳои иқтисодӣ ниёз дорад” ва ҳамзамон афзуд, "Тоҷикистон дар оянда низ ба пуштибонияш аз мардуми Афғонистон ва ҳамкориҳои созандаи минтақаӣ ба хотири Афғонистони осоишта ва босубот идома хоҳад дод.”
Ҳукумати "Толибон" пайваста гуфтааст, ки бо расиданаш ба қудрат суботро ба ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон баргардонд ва иҷоза нахоҳад дод, ки гурӯҳу созмонҳои харобкор барои ҳамла аз хоки Афғонистон истифода кунанд.
Ин дар ҳолест, ки Душанбе ҳамвора нигарони ҳузур ва фаъолиятҳои гурӯҳи "Ансоруллоҳ" ва "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ дар қаламрави Афғонистон аст ва онҳоро таҳдид ба амнияти худу кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ медонад. Ва дар панҷ соли гузашта чанд ҳодисаи ногувор ва марговар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон рух дод, ки ҳукумати Толибон "саркашон ва фурсатталабон"-ро масъул донист.
“Вақте Тоҷикистон дар бораи сулҳ сухан мегӯяд, аз таҷрибаи худ суҳбат мекунад. Мо соли оянда 30-юмин солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва ризояти миллиро дар Тоҷикистон ҷашн мегирем. Ин созишнома ба ҷанги вайронгари шаҳрвандии таҳмилӣ поён бахшид. Он ба воситаи гуфтушунид, созиш ва иродаи қавии боло гузоштани ояндаи кишвар бар ифтилофҳо ба даст омад,” – гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Инчунин, бихонед:
"Ба ҷуз қатъи ҷанг дигар чизе иҷро нашуд." 29 соли сулҳи тоҷиконСозиши сулҳ соли 1997 миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба даст омада, вале ҳоло ба сабаби нодида гирифта шудани як ҷониби он мавриди танқиду накӯҳиш аст.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ҳамин суханронияш хабар дод, ки Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ барои узвият дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар солҳои 2028-2029 номзад хоҳад шуд. Қирғизистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, узвияти ин Шӯроро барои солҳои 2027-2028 соҳиб шудааст.
Нишасти 81-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 8-уми сентябр дар Ню-Йорк идома дорад. Суханронии раҳбарон ва намояндагонии баландпояи давлатҳои узв дар он 22-юми сентябр шуруъ гардид ва қарор аст 29-уми сентябр ба поён бирасад.
Ин нишаст дар шабу рӯзе мегузарад, ки ба изҳороти вазири тоҷик, Сироҷиддин Муҳриддин, “шиддат рӯ ба афзоиш аст, низоъҳо бештар мешаванд, бовар кам ва номуайянӣ ба бахше аз воқеияти ҳаррӯзаи мо табдил меёбад.”