Асадулло Бобоев, узви як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки аз Олмон ронда ва ба қавли наздиконаш дар шаҳри Душанбе дастгир шудааст, ҳоло дар кадом боздоштгоҳ асту чӣ ҳол дорад? Хабарнигорон посухи ин суолро аз Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, пурсиданд.
Рамазон Раҳимзода
"Раёсати кофтукови ҷиноӣ, дорем ягон ахборот? Ин хел ахборот дар Вазорати корҳои дохилӣ мавҷуд нест. Ин хел ахборот мо надорем, намедонам," – гуфт Рамазон Раҳимзода рӯзи 21-уми июл дар нишасти матбуотӣ.
Асадулло Бобоев, ки аз соли 2017 дар Аврупо қарор дошт, 8-уми июни имсол ҳамроҳи писари нуздаҳсолааш, Муҳаммад, дар шаҳри Крайс Клевеи Олмон дастгир ва сипас ҳарду ба Душанбе фиристода шуданд. Ҳамсараш, Мастона Файзуллоева, мегӯяд, мақомот Бобоевро дар шаҳри Душанбе дастгир карда, писарашро ба ихтиёри модарбузургаш додаанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раҳимзода гуфт, дар бораи Асадулло Бобоев "хабар надорад"
Мақомоти қудратии Тоҷикистон то ин дам дар бораи боздошт ва дар чӣ ҳол будани Асадулло Бобоеви 54-сола хабар надодаанд. Наздикон ва намояндагони мухолифин аз эҳтимоли шиканҷа ва азият шудани ӯ ташвиш доранд.
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, қароргоҳаш дар Лаҳистон, 15-уми июл бо такя ба манобеаш гуфт, "то имрӯз ба Асадулло Бобоев имкони истифода аз вакили мудофеи мустақил дода нашудааст."
Худи ӯ ҳангоми дар Олмон ва дар боздошт буданаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумат аст ва дар Тоҷикистон ба тундгароӣ гумонзад аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Тоҷикистон аз Австрия хостааст, 18 касро ба Душанбе супорадПосухи як додгоҳи Олмон
Вазири умури дохилии Тоҷикистон ҳарчанд дар бораи Асадулло Бобоев маълумот надод, аммо гуфт, ба овардани онҳое, ки ба ифротгароӣ муттаҳам мешаванд, ҷиддан машғул шудаанд.
Рамазон Раҳимзода афзуд: "Дар натиҷаи андешиндани чораҳои мушаххас аз 7823 нафари дар ҷустуҷӯ қарордошта 1579 нафар дастгир гардида, 580 нафар ихтиёрӣ ба ватан баргардонида шуд. Аз ин шумор 259 узви ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ мебошанд."
Мақомот дар Тоҷикистон баъзе аз мухолифони ҳукуматро низ узви созмонҳои ифротгаро меноманд, дар ҳоле ки худи онҳо фаъолиятҳояшонро сиёсӣ ва танқиду эътирозҳояшонро сулҳомез медонанд.
Аз бойгонии Радиои Озодӣ
"Туро меёбем ва мекушем"Радиои Озодӣ барои шарҳи қарори истирдоди Асадулло Бобоев ба Додгоҳи шаҳри Крайс Клевеи Олмон муроҷиат намуд. Сухангӯйи додгоҳ навишт, ки маълумот дар бораи далели истирдоди Бобоев танҳо бо ризоияти шахсии ӯ имконпазир аст. Касе, ки ҳоло дар дар Душанбе ва дар боздошт аст.
Муроҷиати мо ба Идораи муҳоҷирати федеролии Олмон то ин лаҳзаҳо беҷавоб мондааст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар гузашта мақомоти Тоҷикистонро танқид карда буданд, ки мухолифони сиёсиашро дар хориҷа ҳадаф қарор додааст. Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) 7-уми июли имсол Олмонро низ накӯҳиш кард, ки "уҳдадориҳои худро барои ҳимоят аз касоне, ки ҳангоми ихроҷ шудан бо бадрафторӣ ва поймоли ҷиддии ҳуқуқ рӯ ба рӯ ҳастанд, иҷро намекунад." Мақомоти Олмон вокуниш накардаанд.
Навор дар Инстаграм: