Дар нахустин вокуниш аз тарафи Думаи давлатии Русия ба қатли навраси тоҷик Қобилҷон Алиев дар мактаб, яке аз вакилони мардуми чечентабор, қатлро натиҷаи “таъсири идеологияи заҳрогини бегонаситезӣ” дар Русия хондааст.
Одам Делимхонов, вакили Думаи давлатӣ аз Ҷумҳурии Чеченистон, ки чеҳраи баҳсбарангезе ба ҳисоб меравад, рӯзи 20-уми декабр дар як паёме дар саҳифаи худ дар Телеграм, навраси 15-солаи русро, ки Қобилҷон Алиевро дар дохили мактаб ва дар рӯзи рӯшан корд зад, “фашисти ҳақиқӣ” номидааст, ки “ба Қобилҷон Алиеви 10-сола дарафтода, ӯро золимона кушт.”
Дар баёнияи Одам Делимхонов, ки узви Ҳизби Русияи Воҳид аст, омадааст: “Касе, ки ин ҷинояти ҳавлнокро кард, зери идеологияи заҳрогини миллатпарастӣ амал кардааст. Дар тӯли чанд соли гузашта гурӯҳҳои гуногуни миллатгаро, бо нафратпарокании ошкоро ба миллатҳои дигар ҷомеаро (Русия) заҳролуд мекунад. Ин торикандешон байни мардум нафрат бармеангезанд ва фарзандони моро ба ҳадафе барои пайравони палиди худ табдил медиҳанд.”
Худи Одам Делимхоновро, ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорон ба нақзи ҳуқуқи мардум муттаҳам мекунанд ва ӯ аз тарафи Амрико барои иртибот бо як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ ва аз тарафи Иттиҳоди Аврупо барои ҷанги Русия дар Украина таҳти таҳрим қарор дорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тимофей К. – Муттаҳам ба қатли як навраси тоҷик дар Русия кист?Ҳодисаи мазкур ҷомеаи Тоҷикистон ва тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро ваҳшатзада кард ва вокуниши зиёдеро ҳам дар кишварҳои минтақа, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам Русия барангехт. Баъди ин ҳодиса, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, сафири Русия дар Душанберо ба вазорат хонда, ба ӯ ёддошти эътирозӣ супурд ва аз мақомоти Маскав хост, ҳодисаро ҳаматарафа таҳқиқ карда, гунаҳкоронро ҷазо бидиҳад. Ҳаракати дипломатие, ки Тоҷикистон нисбат ба Русия аҳёнан анҷом медиҳад.
Қобилҷон Алиев, рӯзи 16-уми декабр, дар натиҷаи ҳамлаи як ноболиғ ба мактабе дар ноҳияи Одинтсово дар вилояти Маскав кушта шуд. Ҳамлавари ноболиғ бо корд ба мактаб ворид шуда, аввал посбони мактаб ва сипас Қобилҷонро наврасро теғ задааст ва тамоми ҷараёни ҳамлаашро ҳам ба навор гирифтааст. Пайкари Қобилҷон Алиевро рӯзи 18-уми декабр дар деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав дафн карданд.
Одам Делимхонов вакили мардумӣ аз Ҷумҳурии Чеченистон, гуфтааст: “Мо ҷиддӣ будани хатари (миллатгароӣ) -ро дарк ва барои муҳофизати фарзандони худ фаъолона кор мекунем. Чанде пеш дар Думаи давлатӣ тарҳи қонунеро омода кардаанд, ки барои ҷалби ноболиғон ба фаъолиятҳои террористӣ ва харобкорӣ ҷазои зиндони якумриро пешбинӣ мекунад. Ҷазо барои ингуна ҷиноятҳо аз 14-солагӣ ҳам дода мешавад.”
Корбарони оддӣ ва ҳам таҳлилгарону ҷомеашиносон ҳамлаи навраси русро, ки ба эътирофи расонаҳои Русия, таҳти таъсири ақидаҳои бегонаситезӣ монда буд, оқибати баёнияҳои тафриқабарангезу муҳоҷирситези теъдоде аз вакилону вазирони Русия номидаанд. Тайи чанд соли ахир аст, ки теъдоде аз вакилони Русия муҳоҷиронро “балои бад ва мусибат” барои кишвари худ номида мегӯянд, ки ҷойи онҳоро бояд танг кард ва ё нагузошт, ки дигар ба Русия биёянд.