Бо амиқрафти ҷанги Русия бо Украина ва тақвияти ҳамкории Маскаву Чин, Эрон ва Кореяи Шимолӣ, Вашингтон роҳҳои муассири фишорро ба Кремл баррасӣ дорад. Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми август бо Рик Скот, узви Сенати Амрико ва яке аз ташаббускорони фишор ба Русия, суҳбат кард ва нахуст аз ӯ пурсид, ки раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп тарҳи сахттар кардани таҳримоти Русияро хоҳад пазируфт?
Рик Скот: "Владимир Путин, президенти Русия, як авбош аст. Коре, ки ӯ нисбат ба мардуми Украина раво дид, нафратовар аст. Путин чӣ қадар зану кӯдак ва пиронсолонро ба қатл расонд. Муҳим аст, ки мо барои озодӣ ба по хезем! Шумо бояд ба мардуми Украина барои муқовиматашон таҳсин гӯед. Ман ҳафтаи гузашта ду фармондеҳи украиниро даъват кардам, то онҳо фаҳмонанд, ки чӣ гуна бо истифода аз паҳподҳо дар ҷабҳаи муқовимат кори бузургеро анҷом медиҳанд. Воқеан, ҳайратангез аст. Агар шумо аъмоли Русияро пуштибонӣ мекунед, бешубҳа шумо бояд мавриди таҳрим қарор гиред."
Радиои Озодӣ: Тарҳи сахттар кардани таҳримҳо бештар ба кишварҳое нигаронида шудааст, ки бо Русия ҳамкорӣ доранд. Чӣ гуна ӯ як узви Кумитаи Хадамоти ҳарбии Сенати Амрико онҳоро ба тарафдорӣ аз он ҷалб мекунад?
Рик Скот
Рик Скот: "Мо дар давраи пурхатар зиндагӣ дорем. Ҳоло дар саросари ҷаҳон баъзе шахсони нафратангез ҳукм меронанд, ки захираҳои бузурге дар ихтиёрашон ҳаст. Бубинед, Сӣ Ҷинпин дар Чин, Путин дар Русия, Оятуллоҳ Муҷтабо Хоманаӣ дар Эрон, Ким Чен Ун дар Кореяи Шимолӣ. Дар нимкураи мо раҳбари собиқи Куба Раул Кастро ва то моҳи январи имсол Николас Мадуро дар Венесуэла. Ин афрод мехоҳанд равиши зиндагии моро барҳам зананд. Аз ин рӯ, мо бояд ба по хезем ва аз дӯстонамон пуштибонӣ кунем. Мо интизор дорем, ки дӯстонамон барои дифоъ аз худ иқдоми бештаре рӯйи даст бигиранд. Мо бояд дарк кунем, ки дар давраи пурхатар зиндагӣ дорем. Наметавонем, исрор варзем, ки кори Русия нафратовар аст, аммо касеро барои ин амал ба ҷавобгарӣ накашем. Ҳамин масъала ба Чин ҳам рабт дорад. Мо бояд харидани моли Чини коммунистиро бас кунем, зеро онҳо дар фикри таҳкими иқтидори низомии худ мебошад ва ҷаҳониён аз он ҳарос доранд. Мо бояд ба мардум фаҳмонем, ки харидани моли Чинро бас кунанд. Тарҳи тавсеаи таҳрим, ба фикри ман, як қадам барои ба ҷавобгарӣ кашидани Путин аст. Ман мехоҳам Украина пирӯз ва Русия ноком шавад. Украиниҳо дар тарафи хуб ҳастанду ҳукумати Русия дар тарафи бад."
Радиои Озодӣ: Мавзеъгирии раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар мавриди таҳрими Русия чист?
Рик Скот: "Ба фикри ман, Путин тахмин мекард, ки барои иҷрои барномаҳояш аз Доналд Трамп ва аврупоиҳо истифода хоҳад кард. Ӯ аз аврупоиҳо истифода бурд. Аммо, ба андешаи ман, дар мавриди Трамп хато кард. Пешбинӣ намекард, ки Трамп ба мубориза барои озодӣ дар саросари ҷаҳон чунин садоқат нишон медиҳад. Мардум ба ҳайрат омадааст, ки чӣ гуна Трамп Эронро водор мекунад, аз силоҳи ҳастаӣ даст кашад. Чӣ гуна ӯ кӯшиш дорад, Чини коммунистиро ба масъулият водор кунад. Мардум ба ҳайрат омад, ки чӣ гуна Трамп Мадуроро дар Венесуэла барканор намуд. Мардуми ҷаҳон аз талошҳои Доналд Трамп барои пирӯзии озодӣ дар саросари олам дар ҳайрат аст."
Навори суҳбат дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Cенатори амрикоӣ Путинро "авбош" номид