Ҳайати сенаторҳои ИМА, ки дар Афғонистон қарор доранд, рӯзи 4-уми июл аз маъмурияти президент Доналд Трамп зарурати қабули стратегия нав алайҳи муқовиматҳои афзояндаи Толибон ва хатми ҷанги тӯлонитарини ИМА-ро, таъкид карданд.
Баъди он, ки нерӯҳои хориҷӣ то охири соли 2014 аз хоки Афғонистон берун шуданд, амалиёти Толибон хеле афзоиш ёфт.
Ҳайате, ки онро раиси Кумитаи хидмати низомии Сенат Ҷон Маккейн раҳбарӣ мекунад, баъди ду рӯзи боздид аз Покистон, вориди Кобул шуд. Дар ҷараёни як нишасти хабарӣ, ки дар қароргоҳи НАТО дар Кобул барпо шуд, Маккейн гуфт, “ҳеҷ кас намегӯяд, ки мо дар Афғонистон ба муваффақият наздик мешавем”. Ба гуфтаи ӯ, “ин андеша бояд зуд тағйир ёбад”. Вай гуфт, “давлати нерӯмандтарин дар сайёра бояд дар ин ҷанг пирӯз шавад”.
Пентагон ҳоло дар фикри бозбинии стратегияаш дар Афғонистон аст. Нерӯҳои амрикоӣ давоми 16 соли охир дар ин кишвар зидди Толибон меҷанганд. Пешниҳод шудааст, ки шумораи нерӯҳо дар ин кишвар аз 3 то 5 ҳазор адад афзоиш дода шавад.
Вале Маккейн ва сенаторҳои дигар ба ин назаранд, ки танҳо афзоиш додани шумори нерӯҳо кофӣ нест. Дар ин сафар Маккейнро сенаторҳо Линдсли Граҳам, Элизабет Воррен, Шелдон Уайтҳауз ва Девид Пердо ҳамроҳӣ мекунанд.
Маккейн гуфт, Толибон то замоне, ки ба мағлубият наздик нашаванд, ба музокирот розӣ намешаванд. Аз ҳамин хотир, гуфт ӯ, “мо бояд дар майдони набард бартарӣ дошта бошем ва танҳо баъди ин, ба музокироти хеле ҷиддӣ ба хотири ҳалли низоъ бипардозем”.
Маккейн гуфт, ки дар сафараш ба Покистон бо мақомоти ин кишвар масъалаи адами таҳаммули гурӯҳи Толибонро баррасӣ кардааст, ки монеи субот дар минтақа мебошад: "Мо ба таври хеле возеҳ гуфтем, ки аз онҳо ҳамкориву кӯмакро дар амри мубориза, бахусус зидди шабакаи террористии Ҳаққонӣ ва дигар созмонҳо, интизор дорем”
Сенатори ҷумҳурихоҳ Линдсӣ Граҳам гуфт, ки ба президент Доналд Трамп паём хоҳад дод, ки вуҷуди 8600 сарбозии амрикоӣ дар Афғонистон кофӣ нест ва зарурати истиқрори нирӯҳои бештар аз ҳисоби НАТО пеш омадааст.
Баъди он, ки нерӯҳои хориҷӣ то охири соли 2014 аз хоки Афғонистон берун шуданд, амалиёти Толибон хеле афзоиш ёфт. Як гузориши мақомоти амрикоӣ, ки дар оғози соли ҷорӣ нашр шуд, ҳокист, ки Толибон ҳоло ҳудудан 40 дарсади қаламрави Афғонистонро назорат мекунанд.
Вале Воррени демократ гуфт, ки ҷонибдори афзоиши нерӯ нест, балки бояд ҳадафу нақши нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон мушаххастар муайян шавад.
Моҳи гузашта Трамп вазири дифоъро вазифадор кард, ки шумораи нерӯҳо дар Афғонистонро афзоиш диҳад, вале ба ҳайси сарфармондеҳи нерӯҳо ӯ бояд ки стратегияи ҷангро ҳам мушаххас кунад. Вазири дифои Амрико Ҷим Маттис гуфтааст, ки стратегияи нав то охири июл ва ба иловаи дидгоҳҳои бозигарони минтақавӣ, таҳия хоҳад шуд.
Мақомоти амниятии ИМА дар сӯҳбатҳои хусусӣ бо матбуот гуфтаанд, ки ба эҳтимоли ғолиб шумораи нерӯҳо то 5 ҳазор афзоиш ёфта, муқобила бо гурӯҳҳои “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида” ва дигар гурӯҳҳо дар меҳвари ин мубориза қарор хоҳанд гирифт.
Соли 2001 нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии ИМА дар Афғонистон тавонистанд ҳукумати Толибонро суқут диҳанд ва баъди ин бозмондаҳои ин гурӯҳ ба ихтилофҳои мусаллаҳонаи зидди нерӯҳои ҳукуматӣ ва хориҷӣ гузаштанд.