Уфти рекордии пули миллии Эрон

Бозоре дар шимоли Теҳрон. 21 апрели соли 2026

Дар пасманзари ҷанги идомаёбанда, қурби пули миллии Эрон дар муқобили доллари амрикоӣ ба сатҳи поинтарини рекордӣ фаромадааст.

Ҳамлаҳои ҳавоии ИМА ва Исроил болои Эрон, ки аз 28 феврал шурӯъ шуд, инчунин масдуд шудани бандару киштиҳои эронӣ аз ҷониби артиши баҳрии ИМА ба содироти нафт, истеҳсоли дохилӣ ва афзоиши таваррум дар Эрон сабаб шуд.

Рӯзи 1 май дар Эрон як доллари амрикоӣ бар ивази 1.75 миллион риёл фурӯхта мешуд. Ба иттилои матбуоти эронӣ, қурби риёл дар чанд рӯзи гузашта 15% поин омад.

Рӯзи 8 апрел Эрон ва ИМА ба созиши оташбас даст ёфтанд, ҳарчанд Вашингтон фишори иқтисодиро афзоиш дод ва рӯзи 13 апрел содироти маҳсулоти эрониро масдуд кард. Дар натиҷа, дастрасии Теҳрон ба арзи хориҷӣ душвортар шудааст.

Бонки марказии Эрон гуфт, сатҳи таварруми солона, ки пеш аз ҷанг 40%-ро ташкил медод, то рӯзи 4 апрел ба 50% расид.

Эрониҳо мегӯянд, нархи маҳсулоти асосии мисли биринҷ, тухм ва мурғ аз замони шурӯи ҷанг ҷиддан боло рафтааст. Январи соли ҷорӣ таварруми афзоянда яке аз далелҳои асосии сар задани эътирозҳои сартосарӣ ва таҳдид ба режими рӯҳониёни Эрон гардид, аз замони инқилоби исломии соли 1979 бесобиқа будааст.

Мақомот барои саркӯби эътирозҳо аз нирӯи бесобиқае кор гирифта, ба иттилои гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ, ҳазорҳо нафарро куштанд.

Дар муқобили маҳдудиятҳои ҷорикардаи ИМА, Эрон ҳам дар талоши осеби ҷиддӣ ба Амрико ва ҳампаймонҳои он шуд. Дар вокуниш ба ҳамлаҳои ҳавоии ИМА ва Исроил гулӯгоҳи Ҳурмузро баст. Ин борика як долони муҳиме барои интиқоли захираҳои нафту газ ва ҳам ҳаракати киштиҳои байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Ин кори Эрон дар бозори энержии байналмилалӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ талотуме эҷод кард.

Рӯзи 29 апрел нархи навъи Brent-и нафт тахминан 7% боло рафт ва 126 доллар барои ҳар бушкаро ташкил дод. Ин баландтарин нишондод аз замони ҳуҷуми васеъмиқёси Русия ба хоки Украина дар соли 2022 дониста мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дар интизори музокироти ИМА ва Эрон. Трамп ва Қолибоф ихтилоф доранд Эрон мегӯяд, ҳанӯз дар мавриди музокира тасмим нагирифтаастТрамп: Эрон бо бастани тангаи Ҳурмуз наметавонад аз Амрико боҷгирӣ кунад