Трамп: "Посухи Эрон бояд сад дарсад дуруст бошад"

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шоми чаҳоршанбе гуфт, ҳозир аст "чанд рӯз" барои расидани посухи Эрон ба пешниҳодҳои Вашингтон дар бораи созиши поёни ҷанг сабр кунад, аммо ҳушдор дод, ки ин посух бояд "100 дарсад дуруст" бошад.

Ӯ баъд аз суханронӣ дар миёни донишҷӯёни низомӣ ба хабарнигорон гуфт, агар посухи Эрон дуруст набошад, танишҳо шадидтар мешаванд ва афзуд, "мо омодаи пешравӣ ҳастем. Бояд ҷавобҳои 100 дарсадӣ ва хубе бигирем".

Трамп эълон кард, ки Амрико дар ҳоли ҳозир бо афроди "хеле хубе" аз тарафи эронӣ рӯбарӯ аст, ки "истеъдод ва тавоноии зеҳнӣ" доранд. Афроде, ки ба гуфтаи ӯ, ҷойгузини раҳбарони пешини Эрон шудаанд.

Ин изҳорот чанд соат пас аз он садо дод, ки сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон эълон кард, Теҳрон дар ҳоли баррасии тарҳи пешниҳодии нави Амрико аст.

Ин тарҳ аз сӯи Покистон ба дасти мақомоти Эрон расидааст. Вазири корҳои дохилии Покистон давоми як ҳафтаи ахир ду дафъа ба Эрон сафар кард.

Раисҷумҳури Амрико дар суханронии худ дар маросиме дар Академияи Горди баҳрии Амрико гуфт, ки мумкин аст ИМА маҷбур шавад ҳамлаҳои сахттаре алайҳи Эрон анҷом диҳад. Аммо ӯ афзуд, ҳоло мунтазир хоҳад монд то бубинад, оё созише ба даст хоҳад омад ё не.

Ин дар ҳоле аст, ки Сипоҳи посдорони Эрон таҳдид кардааст, ки дар сурати оғози дигарбораи ҳамлаҳои Амрико ба Эрон, "ҷанги минтақаӣ"-ро "ба фаротар аз минтақа" хоҳад кашонд.