Трамп ба тамдиди оташбас омодааст, вале Эрон бояд шартҳояшро пазирад

Марко Рубио, котиби давлатӣ, Доналд Трамп, президенти Амрико ва Пит Ҳегсет, вазири ҷанги ИМА

Чанд расонаи байналмилалӣ хабар доданд, ки ИМА ва Эрон ба як созиши санҷишии тамдиди оташбаси амалкунанда даст ёфтаанд ва ҳоло он тасдиқи президенти ИМА Доналд Трампро интизор аст.

Хабаргузории "Рейтерс" бо такя ба чор манбаи огоҳ аз ин мавзӯъ навишт, созиш оташбасро ба мӯҳлати 60 рӯзи дигар дароз карда иҷозаи ҳаракати озоди киштиҳо аз тангаи Ҳурмузро пешбинӣ мекунад.

Ҳамзамон музокираҳо барои баррасии мавзӯъҳои сангинтаре мисли барномаи ҳастаии Теҳрон идома доранд.

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки дар ин гуфтугӯҳо мавқеи Вашингтон қавитар аст ва ҳушдор дод, ки дар сурати ноком шудани гуфтушунид ва барои дастёбӣ ба натиҷаи дилхоҳ иқдомоти ҳарбиро ҳам канор намегузорад.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Трамп ба тамдиди оташбас бо Эрон омодааст, вале Теҳрон бояд шартҳояшро бипазирад

Трамп 28-уми май дар мусоҳиба бо Fox News гуфт, дар сурати "барои мо номуносиб будани" созиш эҳтимоли азсаргирии иқдомҳои ҳарбӣ вуҷуд дорад.

"Аз ин рӯ ман гуфтушунид мекунам, онҳо ҳам. Онҳо музокиракунандаҳои хеле хуб ва зираканд, вале дар ниҳоят бартарӣ бо мо аст, чун мо онҳоро аз назари ҳарбӣ мағлуб кардем. Бубинед, онҳо ҳоло артиши баҳрӣ надоранд. 159 киштӣ доштанд. Ҳамааш дар қаъри баҳр аст. Ҳамааш. Аксашро дорем. Одамоне дорем, ки зери баҳр рафта акси садҳо киштиро гирифтаанд. Артиши баҳрии онҳо сад дар сад нобуд шуд. Нирӯҳои ҳавоии онҳо пурра, 100 фоиз аз байн рафт", - гуфт Трамп.

Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳои эронӣ мегӯянд, рӯзи 28-уми май артиши ин кишвар ба сӯи киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз ҳамлаҳои мушакии огоҳкунанда анҷом доданд.

Ҷудо аз ин таҳаввулот ИМА эълон кард, ки ба тиҷорати ҳарбии нафти Эрон таҳримҳо ҷорӣ намуд ва ҳашт киштии интиқолдиҳандаи маводи сӯхт ба бозорҳои ҷаҳониро ҳадаф қарор дод.

Рӯзи 28-уми май Муовини раиси ҷумҳури Амрико ҳам гуфт, Вашингтон то ҳол бо Эрон ба тавофуқи ниҳоӣ нарасидааст, аммо тарафҳо ба он наздик шудаанд. Ҷей Ди Вэнс ба хабарнигорон гуфт, "наметавонам ваъда диҳам, ки ба тавофуқ мерасем, аммо дар ҳоли ҳозир эҳсоси нисбатан мусбат дорам".