Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости чанд кишвари арабӣ ҳамлаи барномарезишуда ба Эронро ба таъхир гузоштааст.
Трамп шоми душанбеи 18-уми май дар шабакаи иҷтимоии худ навишт, ҳамлаҳои нав бояд рӯзи сешанбе анҷом мешуданд, аммо бо дархости амири Қатар, валиаҳди Арабистон ва президенти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ба қафо андохта шуданд.
Ӯ навиштааст, ки ин се раҳбари ҷаҳони араб "аз ман хостаанд ҳамлаи низомии барномарезишудаи мо алайҳи Эрон, ки қарор буд фардо анҷом шавад, мутаваққиф шавад. Зеро ҳоло музокироти ҷиддӣ дар ҷараён аст ва ба назари онҳо... тавофуқе ҳосил хоҳад шуд, ки барои ИМА, инчунин ҳамаи кишварҳои Ховари Миёна ва фаротар аз он, бисёр қобили қабул хоҳад буд".
Ӯ ҷузъиёте дар бораи тавофуқи мавриди баҳс ироа накард, аммо таъкид кард, ки "ин тавофуқ, муҳимтар аз ҳама, шомили он хоҳад буд, ки Эрон ҳеҷ силоҳи ҳастаӣ надошта бошад".
Трамп баъдан дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, ки ин ҳамларо барои "ду то се рӯз" ба таъхир меандозад ва агар Амрико битавонад бо Эрон ба тавофуқе бирасад, ки монеи дастёбии Теҳрон ба силоҳи ҳастаӣ шавад, розӣ хоҳад буд.
"Ба назар мерасад эҳтимоли бисёр хубе вуҷуд дорад, ки онҳо битавонанд ба тавофуқ бирасанд. Агар битавонем бидуни бомбаборони шадид ин корро анҷом диҳем, бисёр хушҳол хоҳам шуд", - навиштааст Трамп.
Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, ки ин мавзӯъро бо Исроил ва дигар муттаҳидони Иёлоти Муттаҳида дар Ховари Миёна дар миён гузошта ва таъкид кард, ки «давраҳое будааст, ки фикр мекардем бисёр ба тавофуқ наздик шудаем, аммо натиҷа надод".
"Вале ин бор каме фарқ мекунад. Мо омода будем, ки фардо иқдоми бисёр бузурге анҷом диҳем, чизе ки ман майле ба анҷомаш надоштам, аммо чорае надорем, зеро наметавонем иҷоза диҳем Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст пайдо кунад", - гуфт раиси ҷумҳури Амрико.
Соате пештар аз ин, Доналд Трамп дар вокуниш ба посухи тозаи Теҳрон ба пешниҳодҳои Амрико гуфта буд, ки ният надорад ба Эрон имтиёзе диҳад.
Эрон рӯзи душанбеи 18-уми май эълон кард, ки ба пешниҳоди нави Амрико бо ҳадафи поён додан ба ҷанг посух додааст ва афзуд, ки табодули назар миёни тарафҳо ҳамчунон идома дорад.
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон, гуфт, ки раванди музокироти Теҳрон ва Вашингтон "идомадор" аст. Як манбаи покистонӣ низ дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, Исломобод пешниҳоди навро ба Вашингтон фиристодааст.
Бо ин ҳол, ин манбаъ гуфт, ки пешрафти музокирот "душвор" будааст, зеро "тарафҳо пайваста хостаҳо ва шартҳои худро тағйир медиҳанд". Ин манбаъ гуфтааст, "вақти зиёде надорем".
Бо вуҷуди ба таъхир гузоштани ҳамлаҳо, Доналд Трамп ба вазири ҷанг ва раиси ситоди артиши Амрико дастур додааст, ки ҳар лаҳза омода бошанд, то дар сурати ҳосил нашудани тавофуқи қобили қабул, ҳамлае комил ва густарда анҷом диҳанд.
Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар бораи роҳҳои поён додан ба низоъ дар ҳоли номаълумист ва бино ба гузоришҳо вазири умури хориҷии Покистон рӯзи шанбе ба Теҳрон рафтааст, то барои аз сар гирифтани ин музокирот дигарбора талош кунад. Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд. Бо ҳадафи гуфтугӯ ва расидан ба як созиш 8-уми апрел миёни ҷонибҳо оташбас эълон шуд.