Тоҷикистон соли оянда СПАД-ро раҳбарӣ мекунад

Эмомалӣ Раҳмон (рост), раисҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Путин (чап), президенти Русия

Тоҷикистон дар соли 2027 раёсати даврии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро, ки бештар зери нуфузи Русия аст, ба уҳда хоҳад гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, гуфтааст, ки Душанбе дар ин давра ният дорад, "талошҳои худро ба тақвияти минбаъдаи амнияти минтақа равона кунад".

Изҳороти ӯ рӯзи 11-уми ноябр дар нишасти сарони кишварҳои узви созмон дар Маскав садо дод.

Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ. Маскав, 11-уми ноябри 2026

Тоҷикистон дар ҳоле раёсати давраии СПАД-ро бар уҳда мегирад, ки эҳтимоли убури гурӯҳҳои мусаллаҳ аз Афғонистон ва инчунин қочоқи силоҳу маводи мухаддир аз ҷумлаи нигарониҳои ин созмон ба шумор мераванд.

Таалатбек Масадиқов, дабири кулли СПАД, дар охири моҳи август гуфта буд, ки силоҳҳо ва таҷҳизоти низомии мавриди ниёз барои тақвияти амнияти марзҳои байни Тоҷикистон ва Афғонистон ниҳоӣ шуда, бахши аввали он дар тирамоҳи имсол супурда мешавад.

Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр сарҳад дорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

СПАД тамринҳои низомӣ баргузор мекунад

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ аз Арманистону Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иборат аст, аммо Ереван мехоҳад узвияташро бекор кунад.

Арманистон пештар ин созмонро танқид карда буд, ки дар ҷанги Озарбойҷону Арманистон бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ “вазифаи худро иҷро накард.”

Ягона мавриди истифода аз нерӯҳои сулҳхоҳи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон анҷом шудааст. Он замон президент Қосимҷомарт Тоқаев дар пайи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ва бетартибиҳо кумак хоста буд.