Вакили мудофеъ Фахриддин Зокиров, ки бо гумони “қаллобӣ” боздошт шудааст, аз боздоштгоҳи мувақаттии Вазорати адлия ба СИЗО-и Кумитаи амнияти миллӣ интиқол дода шудааст.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи Зокиров рӯзи 24-уми март бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки қабл аз оғози иди Наврӯз Фахриддин Зокировро бидуни шарҳу тавзеҳ аз боздоштгоҳи мувақаттии Вазорати адлия, воқеъ дар бинои маҳбаси рақами аввали пойтахт ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ (КДАМ) интитқол дода шуд.
Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, айбномае, ки алайҳи Фахриддин Зокиров пешниҳод шудааст, ба масоили амнияти миллӣ ҳеҷ рабт надорад ва ба боздоштгоҳи СИЗО-и КДАМ интиқол додани ӯро як навъ фишор ба зерҳимояаш медонад.
То эълони айбнома Фахриддин Зокиров дар боздоштгоҳи мувақатии Оҷонсии зидди фасод нигоҳдорӣ мешуд.
Фахриддин Зокиров, ки баъди ба дӯш гирифтани ҳимояти соҳибкори шинохта Зайд Саидов маъруф шуд, шаби 6 ба 7 март аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир шуд. Мақомот алайҳи ӯ тибқи моддаи 247-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (қаллобӣ) парванда кушодаанд. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 7 март ҳукми ҳабси думоҳаи ин вакили мудофеъро содир кард ва додгоҳи Душанбе низ аз ин ҳукм ҳимоят кард.
Манобеъи Озодӣ мегӯянд, асли моҷаро 1 миллион доллар қарзест, ки як ширкати марбут ба Фахриддин Зокиров ҳанӯз дар соли 2011 аз “Тоҷиксодиротбонк” гирифтааст. Даъвои мақомот ин аст, ки ширкати Зокиров дар баргардондани тақрибан 30 дарсади боқимонда аз ин маблағ таъхир мекунад.
Аммо вакилони ӯ мегӯянд, ширкати Зокиров дар вақти гирифтани қарз як корхонаи пахтаро ба гарав гузошта буд ва 70 дарсади қарзро алакай пардохтааст.
Наздикони Фахриддин Зокиров мегӯянд, сабаби аслии таъқиби мақомот мавқеи фаъоли ӯ дар роҳи ҳимоят аз соҳибкори маъруф Зайд Саидов аст. Худи ӯ ҳам тавассути вакилонаш гуфтааст, ки аз ӯ бо ин роҳ қасос гирифта истодаанд.
Зайд Саидов, вазири собиқи саноати Тоҷикистон моҳи майи соли 2013 боздошт ва моҳи декабр ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Фахриддин Зокиров ҳамроҳ бо Исҳоқ Табаров ва Шӯҳрат Қудратов тайи ин ҳама моҳҳо аз ҳуқуқи Зайд Саидов ҳимоят мекарданд. Баъди боздошти вакилаш, Зайд Саидов эълон кард, ки аз ширкат дар мурофиаҳо даст мекашад, чунки дар шароити кунунии Тоҷикистон талоши ҷустани ҳақиқат дар додгоҳро коре беҳуда мешуморад.