Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ICJ: Ҳамла ба вакили Зайд Саидов ҳамла ба низоми адлия аст


Фахриддин Зокиров
Фахриддин Зокиров

Кумиссиюни байналмилалии ҳуқуқшиносон(ICJ) аз боздошти Фахриддин Зокиров, раиси коллегияи адвокатҳои мустақили Душанбе ва вакили соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов изҳори нигаронӣ кардааст.

Кумиссиюни байналмилалии ҳуқуқшиносон (ICJ), марказаш даор Женеваи Швейтсария, дар як изҳороти вижа аз боздошти Фахриддин Зокиров, раиси коллегияи адвокатҳои мустақили Душанбе ва вакили соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин изҳорот, ки рӯзи 7 март нашр шуда, рӯззи 11 март ба дасти Озодӣ расид, гуфта мешавад, боздошти ин вакили мудофеъи маъруф метавонад ба мавзеъгирии фаъолу қавии ӯ дар амри ҳимоят аз вазири собиқи саноати Тоҷикистон Зайд Саидов рабт дошта бошад.

Роушин Пиллей, мудири баорномаи минтақавии Кумиссиюни байналмилалии ҳуқуқшиносон дар умури Аврупо гуфтааст: “Вакилони мудофеъ дар ҷараёни иҷрои фаъолияти касбии худ набояд мавриди таҳдиду тарсдиҳӣ, таъқиби ҷиноии худсарона ваё боздошту ҳабс қарор бигиранд. Кумиссиюни баайналмилалии ҳуқуқшиносон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, то дахлнопазирии вакилони мудофеъро таъмин кунад ва нагузорад, ки низоми таъқиботи ҷиноӣ бо мақсади тарсондани онҳо сӯъииистифода шавад. “

Дар изҳороти Кумиссиюни байналмилалии ҳуқуқшиносон ба аслҳои асосии СММ дар мавриди нақши ҳуқуқшиносон ишора шудааст, ки мегӯяд, вакилони мудофеъро набояд бо нафарони таҳти ҳимояти онҳо иртибот диҳанд ва бояд онҳо аз ҳамлаву тарсдиҳӣ, бо шумули таъқиби ҷиноӣ, муҷозоти маъмуриву ҷазоҳои дигар барои амалҳое, ки дар чорчӯби меъёрҳои қабулшудаи фаъолияти касбиашон анҷом медиҳанд, ҳимоят шаванд.

Гуфтугӯ бо намояндаи ICJ дар Женева

Дар як мусоҳибаи телефонӣ бо Тимур Шокиров - мушовири ҳуқуқии барномаи аврупоии Кумиссиюни байналмилалии ҳуқуқшиносон пурсидем, оё таҳдид ба вакилони мудофеъ ва ҳатто боздошти онҳо ба мустақилияти касбии онҳо халал намерасонад ва онҳоро водор намекунад, ки адолати додгоҳиро ба хотири иҷрои майлу иродаи мақомот зери по кунанд?

Шокиров: Ҳангоми ҳамла ба як вакили мудофеъ, дар асл сухан дар бораи ҳамла ба як вакил нахоҳад буд, балки ҳамла ба ҳамаи система ё ба ҳамин соҳа дониста мешавад. Вакили мудофеъ вазифаи хеле муҳими ҷамъиятӣ ва вазифаеро дар чаҳорчӯбаи низоми додгоҳӣ иҷро мекунад. Бар асоси муқаррароти СММ дар бораи нақши вакилони мудофеъ ҳангоми дифоъ аз манофеи зерҳимояи худ вакилони мудофеъ бояд аз ҳар гуна ҳамлаву таҳдид ва ҳатто таъқиби ҷиноӣ, маъмурӣ ва мисли ин ҳимоя шавад. Агар вакилони мудофеъ зири ҳимоя гирифта нашаванд, низоми додгоҳӣ самарбахш фаъолият карда наметавонад.

Озодӣ: Оё Кумиссиюни байналмилалии вакилони мудофеъ барои омӯзиши шароит ва сабабҳои боздошти Фахриддин Зокиров -вакили мудофеи Зайд Саидов тадбирҳое андешидааст?

Шокиров:
Мо вакилони мудофеъ дорем, одамоне дорем, ки бо вакилони мудофеъ дар ин бора сӯҳбат мекунанд. Ин вакилони мудофеъ бо мо дар тамос ҳастанд ва дар бораи ин парванда хабарҳоро ба мо мерасонанд. Созмонҳои байналмилалӣ ва вакилони мудофеъ дар минтақа дар ин самт кор мебаранд. Дар асоси ин маълумот мо кӯшиш мекунем, ки ба вазъи пешомада баҳо диҳем. Албатта, мо дар марҳилаи кунунӣ аз додани тавзеҳот дар бораи ягон хатар ё қонуншиканӣ худдорӣ мекунем, вале мо нигаронии амиқи худро баён доштем.

Озодӣ: Оё таҳдиду боздошти вакилони мудофеъ адолати низоми додгоҳӣ ва дурустии ҳукми онҳоро зери суол намебарад, яъне вақте, ки вакили мудофеъ имкони ҳимояи одилонаи зерҳимояи худро аз даст медиҳад, фикр намекунед, ки ҳукми додгоҳ одилона содир намешавад?

Шокиров:
Вакилони мудофеъ ҳамроҳ бо раисони додгоҳ ва додситонҳо яке аз пояҳои алии низоми додгоҳӣ мебошанд, ин низом ба он такя мекунад. Авлавияти қонун ҳам аз ҳамин ҷо бармеояд. Вакилони мудофеъ нақши комилан калидӣ доранд, такрор мекунам, дар ин низом вакилони мудофеъ мисли додситонҳо ва мисли раисони додгоҳ нақши калидӣ доранд. Онҳо барои таъмини адолати додгоҳӣ вазифаи худро иҷро мекунанд. барои ҳамин Кумиссиюни байналмилалии вакилони мудофеъ дар Женева аз мақомоти Тоҷикистон дархост мекунад, ки дахлнопазирии вакилони мудофеъро таъмин кунанд ва ҳамчунин барои тарсондан аз низоми адлия суистифода накунанд. Агар вакили мудофеъ ё ҳамин низоми дифоъ дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои касбии худ ба таҳдиду фишор ва ё ба навъҳои гуногуни таъқиб рӯ ба рӯ шавад, дар натиҷа низоми додгоҳӣ наметавонад бар асоси муқаррароти байналмилалӣ ё қонунҳои мавҷудаи ҳамон кишвар вазифаҳои худро самарбахш иҷро кунад.

Таърихчаи боздошти вакили тоҷик

Фахриддин Зокиров, раиси коллегияи адвокатҳои мустақили Душанбе ва яке аз вакили соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов, шаби 6 ба 7 март бо иттиҳоми “қаллобӣ” дастгир шуд. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе рӯзи 7 март ҳукми ҳабси думоҳаи Зокировро содир кард.
изҳори нигаронӣ кардааст.

Аз чап ба рост: Исҳоқ Табаров, Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров
Аз чап ба рост: Исҳоқ Табаров, Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров
Мақомоти Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ӯро дар таъхир дар амри пас додани 1 миллион доллар қарзе ки як ширкати марбут ба Зокиров ҳанӯз дар соил 2011 аз “Тоҷиксодиротбонк” гирифтааст, айбдор мекунанд. Аммо Шӯҳрат Қудратов ва Исҳоқ Табаров, ду вакили дигари Зайд Саидов, ки ҳоло дар қатори 4 вакили дигар ҳимоят аз Фахриддин Зокировро ҳам бар дӯш гирифтаанд, мегӯянд, дар асл ин як иттиҳоми сохта аст ва ҳадафи аслӣ интиқом аз онҳо барои шикоятест, ки аз раиси Оҷонсии зиддифасод Абдуфаттоҳи Ғоиб ба додгоҳ бурдаанд. Онҳо мегӯянд, ширкати Зокирот қариб 70 дарсади қарзи бонкро алакай пардохта буд ва барои гирифтани ин пул як корхонаи пахтаро ҳам ба гарав монда буд, вале , ба таъбири Шӯҳрат Қудратов, “азбаски мо раиси Оҷонсии мубориза бо фасод Абдуфаттоҳи Ғоибро ба додгоҳ додем, аз як баҳси шаҳрвандӣ, ки баҳсаш алакай як сол боз дар додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон идома дошт, парвандаи ҷиноӣ сохта, Фахриддин Зокировро пушти панҷара шинонданд.”

Вакилони Зайд Саидов дарп оёни моҳи феврал шикоят карда буданд, ки паёмакҳои таҳдидомез гирифтаанд. Аз ҷумла ба шумораи телефонии Шӯҳрат Қудратов гӯё бо чунин мазмун СМС омадааст: “Гуш к т да серуз вакт рафта аризата ай суд гир набоша капат дуд кадагияй фикри хдта накни фикри гудакота к ки хамаша нигах дорем неки ай хад гзаронде таерита би ба кариби пеши хаму зайдт мере”.

Аммо вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 6 март дар сомонааш хабар дод, ки даъвои Қудратов дар бораи паёмаки таҳдидомез собит нашудааст ва “тибқи маълумотномаи ширкати «Tcell» дар таърихи 25 феврали соли 2014 умуман ба рақамҳои телефони мобилии охирин ягон паёмак ворид нагардидааст." Ин вазорат даъвоҳои дигари вакили мудофеъ дар бораи таҳти таъқиб қарор доштанашро ҳам бепоя номида, бар илова Қудратовро айбдор кард, ки бо мошинаш рӯзи 27 феврал дучори садама шуда, вале ҷабрдидаҳоро таҳқир ва аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Вале худи ҳамон шаби 6 ба 7 март боздошт шудани Фахриддин Зокиров ва он ҳам бар пояи як баҳси молӣ бисёриҳоро ба андешае бурд, ки таҳдиди “ба кариби пеши хаму зайдт мере” дар мисоли ин вакили Зайд Саидов зоҳиран ҷомаи амал мепӯшад.

Фахриддин Зокиров, Шӯҳрат Қудратов ва Исҳоқ Табаров аз Зайд Саидов - соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон ҳимоят мекарданд. Саидови 54-сола моҳи майи соли 2013, як моҳ баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав боздошт ва моҳи декабр бо ҷароими сангине, чун ришвахорӣ, сӯиистифода аз мақом ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Худи Зайд Саидов ва тарафдоронаш таъқибу боздошт ва ҳукми ӯро сиёсӣ ва интиқоми мақомот барои азми сохтани ҳизби сиёсӣ мешуморанд.
XS
SM
MD
LG