Ташриф Халилов: "Як қанотам шикаст"

Ташриф Халилов (чап) ва Бахтиёр Раҳимов (рост). Акс аз наворҳои бойгонӣ

Ташриф Халилов, дӯст ва ҳамкори Бахтиёр Раҳимов, раҳбари гурӯҳи ҳаҷвии "Ғарибшоҳ", ки душвориҳои ҷомеаро бо забони танз баён мекард, марги ногаҳонии ӯро талафоти сангин барои ҳаводоронаш донист. Бахтиёр Раҳимов дар 57-солагӣ даргузашт ва рӯзи якуми июл дар зодгоҳаш, деҳаи Ноҷии Ҳисор, ба хок супурда шуд. Аз ӯ як писар ва ду духтар мондааст.

Ташриф Халилов: "Бахтиёр аз бемории дил ранҷ мекашид. Бемории қанд ҳам дошт. Дар 33 соли охир бародари ба ҷон баробар будем. Як қанотам шикаста шуд. Бисёр инсони одамдӯст буд, даст ба хайр буд, муваффақ буд. Дар ҳар як намоишнома аввал дар бораи амонӣ ва ваҳдат, дар бораи якпорчагӣ ва якдилӣ гап мезад."

Радиои Озодӣ: Дар лаҳзаҳои охири умр дар канорашон будед?

Ташриф Халилов: "Дар осоишгоҳи "Шоҳамбарӣ" беш аз як соат баромад кард. Сипас гуфт, "маззаам нест". Ба яке аз бародарон гуфтааст, "дилам месӯзад". Ба ӯ даррав об доданду дар рӯи миз хобониданд. Ду дору доданд. Сипас духтурон омаданд. Фишораш хеле поин шуда будааст. Сӯзандору гузарониданд. Ӯ доим фишори баланд дошт ва ҳамеша барои паст кардани фишораш дору мехӯрд. Ин дафъа фишораш бисёр поин рафтааст. Бори охир инро гуфт: "Нафас намерасад". Се бор инро гуфт, мо нафаҳмидем, ки дигар тамом шуда будааст."

Навори суҳбатро инҷо бинед:

Радиои Озодӣ: Чӣ орзуҳоро бо худ ба хок бурданд?

Ташриф Халилов: "Ду ҳафта пеш аз Хуҷанд бармегаштем, гуфт, "аз ин ҷо рост ба Вазорати фарҳанг меравем. Гуфт, қариб шастсола шудам, ягон унвон бидиҳанд, ман ҳеч унвон надорам.Ду духтару набера дорад. Писараш донишҷӯйи соли аввал аст. Ният дошт, писарашро хонадор кунад, бо ҷойи кор таъмин кунад."

Радиои Озодӣ: Шумо ба саҳми Бахтиёр дар ҳаҷви тоҷик чӣ гуна баҳо медиҳед?

Ташриф Халилов: "Соли 1993 дар ҳама ҷо ҷангу нофаҳмӣ буд. Дар он солҳо, 33 сол пеш, ӯ моро ба ҳам овард. Дари Кохи Борбадро боз карда, ҳамаро ба барномаи ҳунарӣ даъват кардем. Аз ҳама, аз намояндагони оппозитсия ҳам даъват мекард, ки сулҳ бошад. То солҳои 1997 пайваста дар ҳама намоишномаҳо аз сулҳу амонӣ гап мезад, мегуфт, "ба ватан баргардед". Номи "Ғарбишоҳ" ҳам барои бозгашти ғарибон пайдо шуд. Дар тамоми барномаҳои расмӣ баромад мекард, аз мушкилиҳо гап мезадем. Ба саҳна баромада, то се соат танҳо худаш гап мезад, ҳам суруд мехонд, ҳам механдонд, ҳам мегирёнд, мардум намерафтанд."

Навор дар Инстаграм: