Таронаҳои "кӯдакони рабудашуда" аз Украина

Саҳнае аз як видеои таронаи Марика Марчик, ки паёми умедвории як модар аз он аст, ки рӯзе бо фарзандаш якҷо мешавад.

Маричка Марчик, овозхони украиниасл аз Канада ва пизишки собиқи ҷангӣ, ҳамроҳ бо Лизаи 19-сола, ки соли 2022 маҷбур ба Русия бурда шуда буд, рӯзи 27-уми январ сафари ҳунарии худро оғоз мекунанд. Барномаи консертии онҳо аз таронаҳое иборат аст, ки бар пояи достонҳои воқеии кӯдакони рабудашуда аз Украина эҷод шудаанд.

Падари ноумеде, ки барои наҷоти фарзандонаш аз фарзандхонӣ аз ҷониби русҳо, ба Маскав мешитобад; ятими 12-солаи захмӣ, ки дар шифохонаи Донетск мунтазири бобояш аст ва наврасе, ки пас аз шустушӯи мағзӣ дар асорати русҳо мепурсад: "Ман кистам?".

Ин қиссаҳо илҳомбахши таронаҳои Маричка ва Лиза шудаанд. Лизаро соли 2022 маҷбур аз шаҳри Мариупол ба Русия бурдаанд. Сафари ҳунарии онҳо рӯзи 27-уми январ дар Лондон оғоз мешавад.

Маричка ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мардум намедонанд, ҷанг чист. Ин танҳо набарди ду тараф нест. Ин як тарафест, ки ба Украина омада, ҷиноятҳои мудҳиш содир мекунад ва ҳазорон кӯдакро аз сарзаминҳои ишғолшуда мерабояд."

Бино ба омори масъули умури кӯдакон дар Украина, Русия дар тӯли қариб чаҳор соли ҷанг наздик ба 20 000 ноболиғро рабуда ё маҷбур кӯчонидааст.

Маричка, овозхони маъруф, ки дар саҳнаҳои бузурге чун "Карнеги Ҳолл"-и Ню-Йорк ва маркази "Барбикан"-и Лондон ҳунарнамоӣ кардааст, мегӯяд, ки акнун зиндагии худро ба ҳимоят аз кӯдакон бахшидааст.

Яке аз таронаҳои ӯ бо номи "Ёд ор, ман ба ту бовар дорам", бар асоси гузориши бахши украинии Радиои Озодӣ эҷод шудааст, ки бахше аз як таҳқиқоти бузург дар соли 2023 дар бораи кӯдакони рабудашуда аст.

Тарона ба саргузашти Евгений Межевой бахшида шудааст. Писар ва ду духтарашро пас аз ишғоли Мариупол дар соли 2022 аз ӯ ҷудо карданд. Пас аз он ки бо фарзандонаш тамос гирифт, писараш гуфт, ки агар барои бозпас гирифтанашон ба Маскав наояд, онҳоро дар тӯли панҷ рӯз ба касе ба фарзандӣ медиҳанд.

Достони Кира

Маричка мегӯяд: "Ин яке аз таъсирбахштарин қиссаҳо буд". Ӯ умедвор аст, ки дар моҳи апрел ҳангоми сафараш ба кишварҳои Балтик, бо аҳли оилаи Межевой вомехӯрад, ки ҳоло онҷо зиндагӣ мекунанд.

Овозхон мегӯяд, ки ҳангоми навиштани таронаҳо намехоҳад, бо зангҳо ва паёмҳои зиёд ба хонаводаҳо халал расонад ва ниёзи онҳо барои оромӣ ва табобати захмҳои равониро дарк мекунад.

Бисёре аз ин саргузаштҳо дар расонаҳо бозтоб ёфтаанд. Таронаи дигар бо номи "Муаммо" дар бораи Кира Обидинска аст. Ӯ низ аз Мариупол аст ва ҳангоми ҳамлаи русҳо 12 сол дошт. Шоҳиди кушта шудани падар дар балкони хонаашон буд ва ҳангоми фирор аз шаҳр дар таркиши мина ҷароҳат бардошт.

Кира як моҳ дар шифохонаи Донетск бистарӣ шуд. Бобояш роҳи дарозу душворро тай кард ва худро аз Лаҳистон ба Туркия, баъд ба Маскав ва сипас тавассути гузаргоҳҳои сершумор ва бозпурсиҳо ба қаламрави ишғолшудаи Украина ба назди ӯ расонд.

Маричка мегӯяд: "Ӯ қариб умедашро аз даст дода буд, ки бобояш ӯро наҷот медиҳад. Медонам, ки ҳангоми вохӯрӣ аҳволи Кира хеле бад буд ва ӯ то ҳол муолиҷа мегирад". Кира ҳоло бо бобову бибиаш дар шаҳри Ужгороди Украина зиндагӣ мекунад.

Таронаи дигаре бо номи "4.5.0." паёми умедбахши модаре ба фарзанди рабудашудааш аст, ки онҳо рӯзе дигарбора якҷо мешаванд. Маричка мегӯяд, ки ҳангоми иҷрои ин таронаҳо шунавандагон ашк мерезанд.

Рӯзномаи хотираҳо

Маричка ҳамеша дар ҷустуҷӯи қиссаҳои нав аст. Ҳамин тавр бо Лиза шинос шуд, ки насабаш ба далелҳои амниятӣ зикр намешавад. Лиза рӯзномаи хотироте дорад, ки дар он ваҳшатҳои ҷангро сабт кардааст.

Лиза дар 15-солагӣ дар Мариупол дар як гурӯҳи мусиқӣ буд. Рӯзи 21-уми феврали соли 2022 бо ҳаяҷон навишта буд: "Шояд гурӯҳи моро ба телевизион даъват кунанд!". Аммо пас аз се рӯз аз садои таркишҳо дар соати 4-и субҳ бедор шуд.

Рӯзномааш пур аз навиштаҳои дарднок дар бораи бомбаборонҳо аст. Моҳи март навишта буд: "Фикр мекунам, дӯстписарам мурдааст" ва фирораш аз шаҳрро бо гитор дар пушт тасвир кардааст.

Лиза нақл кард, ки чӣ гуна низомиёни рус дар гузаргоҳҳо кӯдаконро аз волидон ҷудо мекарданд ва дар урдӯгоҳҳо сарбозон аз ӯ мехостанд, либосҳояшро кашад, то бубинанд, ки холкӯбиҳои "фашистӣ" надошта бошад.

Хешовандонашон дар Русия ба нақлҳои онҳо дар бораи бомбборонҳои Мариупол бовар накарданд. Вақте хонаводаи Лиза тасмими тарки Русияро гирифт, хешовандонашон гуфтанд: "Шумо дигар аъзои оилаи мо нестед". Ҳоло Лиза дар шаҳри Штутгарди Олмон зиндагӣ мекунад ва маълум шуд, ки дӯстписараш зинда аст.

Ин сафари ҳунарӣ пас аз Лондон дар Шотландия, Ванкувер ва Австралия идома ёфта, моҳи апрел дар Гаага ба поён мерасад. Ин шаҳр ҷоест, ки Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ Владимир Путин, раиси ҷумҳур ва Мария Лвова-Белов, масъули ҳуқуқи кӯдакон дар Русияро ба рабудани кӯдакони украинӣ муттаҳам кардааст.

Маричка мегӯяд: "Ман воқеан тасаввур мекунам, ки Путин ва Лвова-Белова он ҷо ҳастанд ва барои ҷиноятҳояшон ҷавоб медиҳанд".

Аммо Лиза чандон хушбин нест ва мегӯяд: "Ӯ аз ҳама бештар аз ҷазо гирифтан метарсад ва фикр мекунам, роҳеро барои эмин мондан аз ҷазо пайдо мекунад".