Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи нерӯҳои Русия ба корхонаи "Азовстал" дар Мариупол


Азовстал. 3-юми майи 2022
Азовстал. 3-юми майи 2022

Нерӯҳои Русия ҳамларо ба корхонаи азими “Азовстал” дар шаҳри муҳосирашудаи Мариуполи Украина шуруъ кардаанд. Дар дохили он садҳо мардуми одӣ ва сарбозони украинӣ ҳастанд.

Як ниҳоди амниятӣ ва дифоии Украина рӯзи 3-юми май бо нашри баёнияе гуфт, “русҳо кӯшиш доранд, ки ба ҳудуди “Азовстал” ворид шаванд.

Хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” аз қавли сарбозони украинӣ навиштааст, ки амалиёти нерӯҳои Русия барои ҳамла ба сангари охирини муқовимат ё истодагарӣ идома дорад.

Ҳамла ба “Азовстал” пас аз чанд рӯзи он сурат мегирад, ки раисҷумҳури Русия нақшаи онро бекор карда, вале гуфта буд, корхонаро ончунон ба муҳосира бигиранд, ки “пашшае аз он нагузарад”.

Шаҳрдори Мариупол Вадим Бойченко рӯзи 3-юми май гуфт, то ҳол дар дохили корхона беш аз 200 ғайринизомӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG